Бахшҳо
28 сен 2016 09:52Тоҷикистон / Сиёсат

Президент дар Дарвоз: Аз ифтитоҳи “Карон-Арена” то дастури раҳоии Сағирдашт аз бунбаст

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон субҳи имрӯз, 28-уми сентябр дар маркази ҷамоати деҳоти Сағирдашти ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи “Карон-Арена”-ро барои 400 ҷойи нишаст расман мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон варзишгоҳ аз ҳисоби маблағҳои Фонди “Муаллими кӯҳистон” бо харҷи 900 ҳазор сомонӣ дар масоҳати 300 метри мураббаъ, бунёд карда шуд.

Ба иттилои манбаъ дар шафати Варзишгоҳи “Карон-Арена” дар пояи 20 метрӣ парчами дарозиаш 5 метр ва бараш 2 метр афрохта шуд.

Инчунин Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ҷамоати деҳоти Сағирдашт бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2 бо 450 ҷойи нишаст дар як баст оғоз бахшид: “Арзиши лоиҳаи мазкур 13 миллиону 500 ҳазор сомониро ташкил медиҳад”.
Дар пайи ин раисиҷумҳури Тоҷикистон бо сокинони ҷамоат мулоқот карда, соҳаи чорводориро дар ин мавзеъ ояндадор хондааст. Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон таъсис додани корхонаи хурди коркарди пӯсту мӯина дар оянда метавонад ба масъалаи таъмин кардани аҳолӣ бо ҷойи кори доимӣ мусоидат намояд.

Ӯ инчунин бо зикри он, ки дар фасли зимистон роҳи мошингарди Ҷамоати деҳоти “Сағирдашт” ба маркази ноҳия тавассути ағбаи Хобуробод ба муҳлати шаш моҳ баста мешавад, ба масъулин барои намудани техникаву таҷҳизоти роҳсозӣ дастур додааст: “Вазорати нақлиёти кишварро вазифадор карданд, ки ҷиҳати бунёди шоҳроҳи Душанбе – Тавилдара – Қалъаи Хумб тавассути маркази деҳоти Сағирдашт пешниҳодҳои асоснок манзур намоянд”.

Зимни суханронӣ раисиҷумҳур роҳбарони Вазорати маориф ва дигар сохтору мақомотро муваззаф намудааст, ки шумораи Квотаи президентиро барои фарзандони сокинони деҳоти Сағирдашт боз ҳам зиёд намоянд.
Мӯҳр
"Korona Palace" - кумитаи забон ба кучо нигох мекарда бошад навиштачот ба забону хати кириллии точики не ку!!!!???

Комрон
Раиси нохияи Дарвоз оффарин ! Марди ободкор аст !

man
Чаро дар як кухистон чои таърихи номхои хоричи мемонанд Карон шахри таърихии мост чи зарурат дорад ки арена илова кунед хисси милли забони модари кучо шуд агар ким кадом точире ки факат фикри пулро мекунаду арен, парен, лукс, клас, номгузори мекунад бахшиданист вале дар сатхи хукумат айб аст
кумитаи забон журналистонро барои калимахои бегона чарима мекунад хай чиба хукумата чарима намекна

President
Оги
Great,
Кумитаи забон зураш ба "пидзову" "намасте" мерасад.
Хэ хэ хэ хэ

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)