Бахшҳо

Данғара: Писари 23-cола модарашро зинда ба гӯр кардааст

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини шаҳри сарбанд хабар медиҳад, ки дар зинда ба гӯр кардани модараш гумонбар мешавад.

Ба иттилои ин ниҳод, шоми 22 сентябри соли равон аз назди ташнобхонаи манзили истиқоматии як сокини 60-солаи ин деҳа аз чуқурии тахминан 1 метр ҷасади Нурова Садафмо Фатҳиддиновна, соли таваллудаш 1964, сокини деҳаи Қайнамаи ноҳияи Данғара, бо аломатҳои марги маҷбурӣ пайдо шудааст. Манбаъ мегӯяд, ин занро бо дасту по ва даҳони баста дохили курпа печонида ва зери хок кардаанд: “Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД ва мақомоти Прокуратура дар ноҳияи Данғара ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти куштор писари марҳум Миров Тағаймурод, соли таваллудаш 1993, сокини шаҳри Сарбанд дастгир карда шуд”.

Манбаъ афзуд, "муайян гардид, ки рӯзи 17 ба 18-уми сентябри соли ҷорӣ, дар манзили истикоматии ба иҷора гирифташуда, воқеъ дар деҳаи Рахшонзамин аз ҳиссиёти баланди бадбинӣ ва муноқишаи оилавӣ, шаҳрванд Миров аввал бо мушту лагад ва сипас бо бел ба сару тани модараш зада, ҷароҳати ҷисмонӣ расонида ӯро беҳол гардонидаааст. Сипас бо рӯймол дасту по ва даҳони ӯро баста, бо ин роҳ муқобилият ва фарёд кашидани ӯро бартараф намуда, ҷабрдидаро ба курпаи тунук мепечонад. Ва бо як бераҳмии махсус дар ҳолати ҳоло зинда будани модараш чуқурӣ канда, ӯро зинда ба онҷо гур мекунад ва болояшро бо хок мепӯшонад".

Тибқи иттилои ВКД Тағаймурод Миров ба ҳамсояҳо гуфтааст, ки модараш бедарак шудааст: "Аммо баъди он, ки маҳалларо бӯи ғализ фаро мегирад, ҳамсояҳо ба мақомоти милиса муроҷиат мекунанд ва қазия ошкор мешавад".

Манбаъ мегӯяд, ин ҷавон қаблан бо моддаи 244 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон суд шудааст.

Мӯҳр
точик
Вой бар холи ин, ки дар он дунё чи чавоб мегуфта бошад...ин инсон нест ва бояд худаш зинда ба гур карда шавад...Хохиш меунам, Хукумат харчи зудтар хукми катлро чори намояд....

Подабон
Ин чи шурест, ки дар даври камар мебинам

Вохасрато
Худованд илохо аз ин ношонахои охирзамон мардумро нигах дорад!!!!Ин дахшат аст наход фарзанд модаре,ки чонбахш хаст бо чунин вахшоният бо дасти худ ба катлаш мерасони ......Аз ин мебарояд,ки дар байни мардум аз чониби хокимиятхои ичроия кор тамоман нисбати таргибу ташфик вобаста ба эхтироми калонсолон бурда намешавад........Хатоги дар он аст,ки солхои охир такя бар чавонон дар вазифахои рохбари мекунанд....бигзор бошад,аммо кадрхои пешин тахкурсии хуб доштанд ва мактаби илму маърифаташон дигар буд...........

Палид, разил, кофир, худозада ! Хатто тасаввур кардан душвор аст ! Сарам мекафад ! Тавба-тавба-тавба !!!

Аз ВКД ва додситони кули ЧТ хохиш дорам нисбати хамин чавоне ки модарашро куштааст хукми катл дихед

Ба назарам аз ватке ,ки фиттахои Хочи мирзову эшони нуридинчону домулло Абдурахима аз кучаву бозорхо аз дуконхои фиттафуруши чамь карда гирифтанд сафи чинояткорон байни чавонон афзуд .
Хуб мешуд ,ки хукумат Сари ин масьала андешае мекард, лоакал эшони муфти амри маьруф кунаду фитахояшро пешкаши халк кунад то чавонон фахманд ки чи хубу чи бад аст .

Хакикат
хамаи ин вахшигарихо аз шароити бади зиндаги сар мезанад. точик руз аз руз вахши шуда истодааст. Аз ин бадтар мешаваду бех не. Шурави моро каме одам карда буд, бо фурупошии он боз ба асламон бозгашт дорем

Карим
Вая дигар на одам мумкинай гуфтан хайвон на хайвонам хатто и кора намекна Худованд лаънат куната кати хами корт .

Вой бархоли инхел чавон ки Модари худро ба катл расондааст аз хукумати ТЧ хохиш дорамки нисбати инхел чинояткорон хукми катл барорад ба дор овезон кунад
Модар Модар Модари чон Модар, Дубора бакас нашуд муясар Модар.

Раис
чазояш-Танхо хабси абад!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)