Бахшҳо

Ҳушдори Раҳнамо ба Чину Русия: Тоҷикистон сарҳади суботу бесуботист

Абдуллоҳ Раҳнамо, сардори раёсати таҳлили сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон гуфтааст кишвари мо дар сафи пеши мубориза бо экстримизм ва терроризми байналхалқӣ қарор дорад.

Ӯ ин нуктаро 27-уми сентябр дар нишасти марказҳои фикрии кишварҳои ҳавзаи Созмони ҳамкориҳои Шанхай, дар шаҳри Пекин, пойтахти Чин изҳор доштааст. Абдуллоҳ Раҳнамо бо ишора ба мавқеи ҷуғрофӣ ва сиёсати ҳадафманди Тоҷикистон марзи онро “сарҳади байни суботу бесуботӣ ва марзи байни амнияту ноамнӣ барои тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ” унвон кардааст.

Ба таъкиди Абдуллоҳи Раҳнамо, “агар тафаккури ифротгароӣ, ҷаҳонбинии тунди идеологӣ ва неруҳои терроризми байналхалқӣ аз ин марз гузаранд, мавҷи ифроту бесуботӣ ба осонӣ то умқи Русияву Чин паҳн хоҳад шуд ва тамоми минтақаро ба як муҳити буҳронӣ табдил хоҳад кард”.

Ин коршинос ва корманди Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон афзудааст, ки марзи давлатии Тоҷикистон аҳамияти сиёсӣ, амниятӣ, таърихӣ, тамаддунӣ ва идеологӣ дорад ва аз ин рӯ лозим донистааст, ки “он бояд аз ҷониби кишварҳои минтақа дуруст дарк шавад”.

Ин таъкиду ҳушдори Абдуллоҳ Раҳнамо дар ҳолест, ки ахиран ҳукумати Тоҷикистон барои таҳкими ҳифзи марз бо Афғонистон аз Чин кӯмак хост. Дар посух ҳукумати Чин тасмим гирифтааст, дар марзи Тоҷикистону Афғонистон дидбонгоҳҳои низомӣ бунёд кунад.
Мӯҳр
Шер
Э ту бра ту ҳам таҳлилгар шудӣ? ҲХДТ офтоб....

Дуурст гуфтаас. Ахволи он тарафи сархадро ва ёки ахволи хамаи давлатхои аз мо чанубтар карор доштагиро бинед, (Афг.Покн, Ирн, Шарки наздик....) пурра хамин хел хаст. Ин кас хамеша фикрхои нав мегуянд ки аз дигарон тамоман фарк мекунад. дар хакикатан сархади давлатии Точикистон хозир сархади байни амнияту беамнияти дар минтакаи мо ва барои Россия ва Хитой аст. Агар инро фахманд, хуб аст. Набошад ифротгарои хамаамонро фуру мебарад.
Як чоп мекардед ку хакикатро гуфтем чи мешавад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)