Бахшҳо

Агроинвестбонк бо $550 млн ва Тоҷиксодиротбонк бо $530 млн дар қатори 200 бонки калонтарини ИДМ

Пойгоҳи таҳлилии “РИА Рейтинг” раддабандии ҷадидаш –“200 бонки калонтарини кишварҳои ИДМ дар соли 2016”-ро нашр намудааст, ки барои аввалин бор дар таърихи ин пажуҳиш 2 бонки Тоҷикистон шомили он шудаанд.

Тибқи ин раддабандӣ, ки бар асоси маълумоти Бонкҳои марказии кишварҳои ИДМ ва дигар сарчашмаҳои боз таҳия шудааст, калонтарин бонки Тоҷикистон “Агроинвестбонк” буда, миёни бонкҳои калонтарини ИДМ дар мақоми 190-ум ҷой гирифтааст. Ба иттилои “Риа рейтинг” ҳаҷми дороии “Агроинвестбонк” ба ҳолати 1-уми январи соли равон ба 550 миллион доллари амрикоӣ баробар буда, саҳмаш дар низоми бонкии Тоҷикистон 21 дарсадро ташкил медиҳад.

“Тоҷиксодиротбонк” низ ба феҳрасти 200 бонки калонтарини ИДМ ворид шуда, дар мақоми 193-юм ҷой гирифтааст. Ба иттилои “Риа рейтинг” ҳаҷми дороии “Тоҷиксодиротбонк” ба ҳолати 1-уми январи соли равон ҳудуди 530 миллион доллари амрикоиро ташкил додааст. Манбаъ афзуд, сармояю дороии “Тоҷиксодиротбонк” тайи соли 2015 ба андозаи 12,8 дарсад коҳиш ёфта, саҳмаш дар низоми бонкии кишвар ба 20,4 дарсад баробар шудааст.

Ворид шудани якбора ду бонки Тоҷикистон ба феҳрасти 200 бонки калонтарини ИДМ дар ҳолест, ки соли гузашта ягон бонки кишвар шомили ин раддабандӣ нашуд. Гузоришгарон ин омилро ба заиф шудани бонкҳо дар Русияю Озарбойҷон рабт медиҳанд.

Дар маҷмуъ 58 дарсади бонкҳои ин феҳраст ба Русия, 9,5 дарсад ба Қазоқистон, 8,5% ба Украина, 5,5% ба Узбакистон, 4,5% ба Белорусия, 3,5% ба Озарбойҷон, 1,5 фоизӣ ба Арманистону Гурҷистон, 2 фоиз ба Туркманистон ва 1 дарсад ба Тоҷикистон рост меоянд. Гузоришгарон мегӯянд, дар соли 2016 буҳрон дар умури бонкии кишварҳои ИДМ идома дорад ва арзиши пули миллӣ дар ин кишварҳо нисбати доллар майли поинравӣ дорад. Ба иттилои манбаъ махсусан ин ҳолат дар Туркманистон, Украина ва Тоҷикистон ба назар мерасад.
Мӯҳр
Номдор
Салом бачако чихел пулошона мегирифта бошан харду бонкохам муфлис шудан ё ....... маошона чихел гиран камтар инсоф кунед Алимардонов кисаи чаптона якбор бонкаматхода запрафка кунед то мардум мохонаашонро гиранд хохиш ахволашон бад шудос озодагон чоп кунед илтимос

Солех
Ин ду бонк ба фикрам хамун радабандонро грет мекуна, ки таърифашон кардаст. Набошад ин мардуми бечора барои сад суми пенсашон саргардонанд. Банкоматошон беруган мондаст-чй?

хизматрасони нол агроинветсбонг

Исмоил
Агар ин кадар дорои дошта бошанд, пас пасандозои мардума,ки бо рекламахои дуругин чам карда гирифтаанд чаро барнамегардонанд. Муродали Алимардон модом,ки ин кадар дорои 550$ млион доштию пас ин рафторатон нисбати пасандози мардуми мазлум чи маьно дорад. Чихел фахмем. Аз газаби Худованд тармидан даркор аст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)