Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 19 ноябр 2017, 02:27

"Шоҳидони яҳво" таблиғот бо забонҳои помириро пурзӯр кард

29 сентябр 2016, 16:15

Созмони мамнӯъи “Шоҳидони Яҳво” таблиғоташро бо забонҳои помирӣ дар Тоҷикистон густурда кардааст.

Ин ҷамъият дар баробари паҳни варақаҳо бо забонҳои помирӣ, инчунин сомонаеро бо забони шуғнӣ фаъол намуда, адабиёту ахбороти худро пешниҳод кардааст. Дар сомонаи ин созмони мамнуъ, ки бар хилофи бархе аз сомонаҳои расмии хабарии Тоҷикистон масдуд несту дар дастрасии озод қарор дорад, адабиётҳо, видеоҳо, ҷамъомадҳо ва таълимоти ин ҷамъият гузошта шудааст.

Мубаллиғони шоҳидони яҳво қаблан варақаҳои таблиғиро бо забони шуғнӣ дар кӯчаҳои Душанбе паҳн мекарданд.

Фаъолияти ин созмони масеҳӣ соли 2007 аз сӯи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, ки он замон назорат аз болои муассисаҳои диниро бар уҳда дошт, мамнӯъ шуд. Мақомот он вақт гуфтанд, ин созмони масеҳӣ таблиғоти ғайриқонунӣ карда, ҳамзамон аз сокинон хостааст, аз фиристодани писаронашон ба артиш худдорӣ кунанд. Аммо, ин созмони динмеҳвар соли 2013 дар остонаи ҷаласаи 108-уми Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милал аз мақомоти Тоҷикистон дархост кард, ки созмони онҳоро дубора сабтином ва фаъолияташонро қонунӣ кунад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хамватанони азиз. фирефтаи ин хел созмонхо нашавед. Ин таглибот барои аз байн бурдани миллатхо ташкил карда шудааст. Дар ин сомзмон " ЗОМБИ"-хо фаъолият мекунанд..
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Кучоянд чавонони фаъол,кучоро нигох мекунанд? Ё онхо факат зидди дини мубини Ислом фаъоланд?
Посух додан
  • р

  • 30 сентябр 2016 12:02
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Солхои пеш бештар дар байни мардуми самарканди ташвикот мебурданд ва каме хам муваффак шуда буданд. Холо акнун дар байни мардуми бадахшони. Инхо хуб медонанд, ки дар байни мардуми точик акидаи мазхаби дар кучо ноустувор аст.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Ноябр 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!