Бахшҳо

Дастури Пирзода ба коргарон: Бе галстук ба кор наоед

Маҳмадсаид Пирзода, раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон вуруди кормандони ин ниҳодро ба корхона бидуни либоси расмию галстук мамнуъ кардааст.

Тавре манобеи “Озодагон” аз ин ниҳод иттилоъ доданд, Пирзода дар ҷаласаи рӯзи чоршанбе аз сарулибоси кормандони Кумита изҳори нигаронӣ намуда, қарор кардааст, ки минбаъд вуруди кормандон бидуни либоси расмӣ ва галстук ба ниҳодҳои тобеи Кумита мамнуъ мебошад.

Ин дар ҳолест, ки чанд моҳи қабл Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар баробари интиқод аз кори журналистон, наворбардорон ва коргардонҳои Кумитаи радио ва телевизион инчунин аз камбудии сарулибос суҳбат кард. Ба гуфтаи раисиҷумҳур ба сару либос ва ҳаракатҳои шахсони сабтшаванда, яъне онҳое, ки дар эфиранд, кам аҳамият дода мешавад ва ин камбудӣ ҳатто дар вақти танзим низ бартараф намегардад: “Камбудии сару либос, ҳаракатҳои ноҷо ё дигар ҳолатҳое, ки бояд рӯи навор набошанд, дар экран тез-тез ба мушоҳида мерасанд, ки ин боиси аз даст додани тамошобин, паст задани шаъну шарафи шахс ва костагии завқи зебоипарастии бинанда мегардад”.
Мӯҳр
Кудрат аз Душанбе
Офарин. Масъала аз мухимтаринхост. Телевизион оинаи давлат аст. Кормандони радио ва телевизион на танхо дар гуфтор, рафтор, инчунин дар пушидани либос барои мардум бояд намунаи ибрат бошанд. Ин талабот на танхо ба кормандони радио ва телевизион, балки дар дигар макомотхо хам бояд бошад. Махсусан кудакону чавонон бисёртар аз кормандони радио ва телевизион, аз хунарпешахо одоб ва либоспуши ёд мегиранд, ба онхо таклид мекунанд. Бинобар ин талабот боиси дастгири аст. Галстукпуш - одами пешкадами чомеа, шахси боинтизом, симои корманди давлати Точикистон бояд бошад.

Бе хамин хам ман тамошобини телевизиони шумо нестам. Факат рекламахои хоричи, таърифу тавсиф дорад тел. Шумо!

GbhПирзода
Шармандаги дар бехтарин ВАО-и чахон одамон на ба сару либос балки ба саводи коргар ахамият медиханд! Магар Пирзода ё Президент намедонанд, ки рузноманигорони Алчазираи давлати Катар чи сару либос мепушанд?! Магар онхо ба хотири либосашон чахони шуданд на! Мутаасифона дар ТВ-хои точик факат лухтакбози хаст! Зану марди ТВ-хои Точик факат ба сару либоси худу мардум ахамият медиханд на ба донишу савод! Хеч барномаи ба дили мардум омода намекунанд! Ягон барнома дар ТВ аз камбудихои мардуми камбагал намегуяд! Факат кор таърифу консерт афсус....

Замин
Хар ки чизе мегуяд намегуяд, вокеан ин Акои Махмадсаид марди хубу бе кина аст.

Агар мардумро озод гузори бо бурукхои даридаги ва ё тахпуш ба кор меоянд. Пирзода кори хуб кардааст! журналист бояд шахси намунави бошад.

Пирзода
Точик хаминкадар мафкура дорад. Ё сару либос ё "духтарон минитарак пущен!

Нои
Бигзор бо шортик биёянд, лекин ягон чизи "ҳалол" таҳия кунанд.
Бо галстукбандон мазмуни коратон беҳ намешавад...

Гап дар сират аст на дар сурат. Шумо бояд роххои чалб намудани шумораи тамошобинонро бинед, ки руз то руз онхо кам шуда истодаанд. Ягон барномаи тамошобоб нест. Факат Ахбору реклама....

Журналист бояд озод бошад на ин ки костюму галстук баста да тв ягон чизи тамошобоб набошад чи даркор.
бадан мебини коргарони тв..хоро бечорахо костюму брук пушидаги да дохили пахтаву гандум давида гаштаанд бо рохбарони боломаком ...
либосро яксу гузореду барномахои хуб кунед мардум бинанд.

Rahmon
Ачабо баъзехо дар ин коментхо аз чунин фармонхои бемантик чонибдори кардаанд!))) Наход дар асри 21 шумо чанобон холохам фикр мекунед, ки либос ин сабаби пешравии кор мешавад?! Рузноманигор вокеан бояд озода ва тоза бошад! Ин метавонад як шими чинс ва футболка бошад мухим аклу саводаш замонави бошаду дар хар масъалаи профиционали кори худ бошад! Айб аст дар асри кайхон дар бораи либоси коргар гуфтану фармон баровардан! Бас кунед корро сар кунед! Барномаи тамошобоб кунед! Хади акал ба як маколаву барномахое, ки бар зидди миллати мо дар расонахои хоричи пахш мешаванд чавоб дихед! Кафомондатарин ВАО дар дунё ВАО-и давлатии Точикистон аст!

Р
Барномаи ахбори твт хуб дигар барномахош о

Сурати зебои зохир хеч нест,Эй бародар сирати зебо биёр

ВОСЕЪ
Хар сухан богяд мантик дошта бошад. Журналисте, ки куртаи сафеду галстук пушидааст, у журналист нест. Журналист касест, ки хамеша дар холи омодабош аст ва ба хама гуна вокеа аввалин шуда меравад. Ба об хам ба оташ хам, ба сел хам, ба куштор хам, ба чанг хам. Магар журналисте, ки либоси омузгори дар тан дорад, метавонад ин рисолатро ба чо орад?
Касе, ки ин гуна супориш медихад аз журналистика фарсаххо дур аст. Эродхои Президент ба журналистони телевизион дахл дорад, вале онхо хам набояд галстук бибанданд. (Ман дикторхоро дар назар надорам) Чаноби Пирзода аз кори телевизиону радио фарсахо дур аст. Панчох соли дигар дар ин вазифа бимонад хам, аммо алифбои рузноманигориро аз бар карда наметавонад. Зеро у хеч гох журналист набуд, нест ва нахохад шуд.
Ин чо як бародар навиштааст, ки журналист бояд намуна бошад. Ин хато аст. Журналист намуна буда наметавонад. Зеро такозои касбаш хамин аст. Магар корманди спесназ, налог ва оташхомушкуни метавонанд барои чомеа намуна бошанд?
Холо навад дар фисади барномахои телевизиону радиоро барномахои панду ахлоки ташкил медихад. Пирзода бехабар аст, ки кайхо бе шунавандаву бе тамошобин мондааст. Зеро мардум дар ихтиёри худ зимоми хазор шабакаро дорад. Ин гуна тамошобин Магар у имкон медихад, ки шабакахои Пирзода ба гушаш 24 соат варсокихони кунанд? Хести, ки хоби чаноби Пирзода.
Озодагон бе каму кост чоп мекуни. Дуруяги намекуни.

Кишвар
тв бе реклама намешад.реклама пул аст..аз тамошои ту як дирам фоида нест...бе реклама хам ту тв тамошо намекуни...ба ту баринхо кинои боевик ё филмхои фанатики даркор..мархамат диск харида тамошо карадан..гир халал нарасон..мон кисаи тв-и точик хам буи пул кунад.

Комил
Оқои Пирзода! Ёдатон бошад, "гап дар калла на дар салла".

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)