Бахшҳо

Суҷудӣ: Қаҳҳор Осӣ Аҳмадшоҳи Масъудро Рустами сонӣ гуфта буд

Қаҳҳор Осӣ шоири тоҷиктабори Афғонистон аст. Шоирест, ки дар кишвараш гоҳо ӯро Нимо хитоб мекунанд ва шеърҳои ӯро барҷастатарин шеъри муосири Афғонистон медонанд. Ин шоири пуровозаи тоҷиктабори Афғонистон бар асари “ракетаборон”-и Гулбиддини Ҳикматёр кушта шуд. Ахиран, ки ҳукумати Ғанӣ ва Абдулло бо Ҳикматёр сулҳ кард, исми Қаҳҳор Омӣ беш аз ҳар вақти дигар дар сафаҳоти рӯзномаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ мечархад. Ҳаводоронаш мегӯянд, ҳич вақт хуни ба ноҳақ рехташудаи Қаҳҳор Осӣ муомила намешавад. Дар Тоҷикистон агарчи бо ин шоир кам ошно ҳастанд, вале шеърҳояшро бо оҳанги Фарҳоди Дарё борҳову борҳо шунидаанд. Бо далели муарифии ин шоири шаҳиди тоҷиктабор бо шоир Фарҳод Суҷудӣ, масъули Конуни адабии дидори Афғонистон суҳбате анҷом додем ва нахуст пурсидем, Қаҳҳор Осӣ кӣ буд?

Фарҳод Суҷудӣ: Қаҳҳор Осӣ пуровозатарин шоири Афғонистон аст, ки дар соли 1335 дар устони Панҷшери Афғонистон мутавалид шуд ва пас аз сипарӣ кардани чанд сол аз даврони кӯдакиаш, ҳамроҳ бо хонавода ба Кобул кӯч баст. Мактабро дар яке аз макотиби шаҳри Кобул ба поён расонид ва дар айёми ҷавонӣ оҳиста-оҳиста ба шеър сурудан оғоз кард. Нахустин устоди Қаҳҳор Осӣ Ҳайдар Вуҷудӣ будааст, ки Осиро дар омӯзиши вазн, қофия ва шинохти қолабҳои шеърӣ кӯмак кардааст. Таҳсилашро дар Донишгоҳи зироати Кобул хатм мекунад. Пас аз фароғаташ аз донишгоҳ расман вориди дунёи шеър ва адабиёти Афғонистон шуд. Вай дар ин давра бо устодони бузурги шеъри муосири Афғонистон мисли устод Восиф Бохтарӣ, устод Латифи Пидром, Нозимӣ ва дигарон муаррифӣ шуд. Устод Восиф Бохтарӣ пас аз устод Ҳайдар Вуҷудӣ дар сохтани Қаҳҳор Осӣ ва дар ошноии ӯ бо шеъри нави форсӣ нақши асосиро дошт. Қаҳҳор Осӣ яке аз беҳтарин ва лоиқтарин шогирдони устод Бохтарӣ буд. Қаҳҳор Осӣ як шоири тоҷик ва аз Панҷшер буд.

Аз ҳувияти миллии худ то куҷо ифтихор мекард?

Фарҳод Суҷудӣ: Осӣ худашро як тоҷиктабори форсизабони панҷшерии афғонистонӣ медонист ва хеле аз шеъҳояш ҳам барои табор ва забонаш ҳаст. Масалан:
Ҳиндукушиён ғурури куҳу камаранд,
Озодаву сарфарозу сарсахттаранд.
Аз сахра ба офтоб хун мебахшанд,
Куҳпоянишинон чӣ қадр боҳунаранд.

Осӣ дар шеър ғурур ва озодагии тоҷикҳоеро,ки (марбути зодгоҳиш ҳам мешавад) дар Куҳпояҳои Ҳиндукуш зиндагӣ мекунанд, баён медорад ва ба онҳо меболад. Ва ҳамчунон ӯ забони форсиро хеле дӯст дошт.
Гул нест, моҳ нест, дили мост порсӣ,
Ғавғои куҳу таррануми дарёст порсӣ,
аз беҳтарин шеърҳои Қаҳор Осӣ аст.

Панҷшер дарраест, ки бо қаҳрамонаш Масъуд ва ҷабҳаи муқовимат номдор аст. Қаҳҳор Осӣ, ки аз ин минтақа аст, оё бо Масъуд робита дошт?

Фарҳод Суҷудӣ: Бале, Осӣ дар аввалҳо бо Аҳмадшоҳи Масъуд ва ҷабҳаи Масъуд робита дошт ва тарафдори Масъуд ва муборизоти Масъуд дар баробари Шӯравии собиқ ва низоми коммунистии собиқи Афғонистон буд ва пас аз пирӯзии муҷоҳидин дар Афғонистон робитаи Осӣ бо Масъуд боз беҳтар шуд. Осӣ гоҳ-гоҳе ба дидани Масъуд мерафт ва ҳарфҳову дардҳояшро бо ӯ шарик мекардааст. Осӣ бештар гароиш ба мардуми мазлуми Афғонистон дошт ва ҳамеша дар сурудаҳояш дардҳои мардумашро фарёд мекард. Осӣ воқеан як шоири далер ва нотарс буд. Дар сурудаҳояш ҳам ҷараёнҳои чап ва коммунистиро нақд мекард ва ҳам ҷараёнҳои исломгаро-муҷоҳидинро. Яъне, ӯ шоири мардумаш буд ва ҳамеша тарафи мардумашро интихоб мекард, ҳарфи онҳоро дар шеър мегуфт. Масалан:
Ин миллати ман аст, ки дастони хешро
Бар гирди офтоб камарбанд кардааст.
Ин дастҳои ӯст, ки мекӯбад аз яқин,
Дарвозаҳои бастаи тардиди қарнро...

Ва ё:
Миллатам парчами афрошта якбори дигар,
Чарх, пешаш сипар андохта як бор дигар...
Ва дар ҳамин шеър Осӣ Аҳмадшоҳи Масъудро Рустами Сонӣ мегӯяд:
Рустами сонию Абумуслими худро ин қарн
Ҳам аз ин марҳала бишнохта як бори дигар...
Дар он шеъри маъруфи “Яли кучкун ва аждаҳои ҷаҳаннам”-аш низ Масъуд ва дараи Панҷшерро ял мегӯяд ва Шӯравии собиқу низоми коммунистии собиқи Афғонистонро “аждаҳои ҷаҳаннам”, ки ин шеър бо сабки достонҳои “Шоҳнома” нигошта шуда ва дар он ял аждаҳоро аз по дар меоварад...

Ҷанг дар зиндагии Қаҳҳор Осӣ чӣ таъсир дошт?

Фарҳод Суҷудӣ: Ҷанг ва нобасомонӣ дар зиндагӣ ва шеъри Осӣ нақши муҳиме доштааст. Замони зиндагии Осӣ мусодиф буд ба ҷангҳо ва таҳаввулоти сиёсӣ дар Афғонистон. Ӯ аз нахустин рӯзҳое, ки ба шеър рӯ оварда буд, бо ҷанг ва инқилоб ва таҳаввулот ҳамроҳ буд. Зиндагии Осӣ саросар қиссаи ҷангро дорад. Осӣ дар паҳлӯи ин ки шеъри ошиқона менавишт, бахши зиёде аз шеърҳояшро сужаҳои ҷанг ташкил медиҳад. Дар як калом Осӣ сенарияе аз дардҳои мардумаш ҳаст, ки ин ҳамаро дар шеъраш метавонем дарёбем. Ӯ мегӯяд:
Кобул эй Кобул
Захмҳоятро макун урён.
Марг аз бечорагиҳоят намешармад
Қотилатро дар мақоми ҳеч кас
чуну чарое нест,
Ҳисобе нест...

Мунтақидон Осиро дар шеъри Афғонистон Нимое дигар мегӯянд, ӯ то чӣ ҳад ба дар навгароии шеъри муосири Афғонистон саҳм дорад?

Фарҳод Суҷудӣ: Қаҳҳор Осӣ аз шоироне буд, ки теорияи муосирияти шеъри Афғонистонро дар шеърҳояш айният дод. Осӣ бар иловаи ин ки дар қолабҳои суннатӣ ва клоссик шеър месуруд, бештар шеърҳояшро дар қолабҳои нимоӣ ва сафед таҷриба кард.

Аз марги фоҷеабори ӯ чӣ медонед?

Фарҳод Суҷудӣ: Шомгоҳи 6-уми мизони соли 1373 Қаҳҳор Осӣ бо ду дӯсташ - Азизуллоҳ Аймо ва Раҳматуллоҳ Бегона дар минтақаи Парвони Кобул, дар ҳоле ки ба дӯстонаш шеър мехонд, мавриди ҳамлаи “рокетаҳои” Гулбидини Ҳикматёр (он одамкӯши Худонотарс) қарор гирифт ва ба шаҳодат расид.

Яке аз дӯстони Осӣ Фарҳоди Дарё буд ва бештари ашъори ӯро месуруд. Баъди марги Осӣ гӯ-магӯҳои зиёде атрофи ҳамкориҳо ва дустӣ паҳн шуд, асли қазия чӣ аст?

Фарҳод Суҷудӣ: Бинобар гуфтаҳои Фарҳод Дарё ва наздикони Қаҳҳор Осӣ, ӯ бо Фарҳоди Дарё дар овони ҷавонӣ ошно шудаанд, рафиқ ва дӯсти хеле самимӣ будаанд. Баъдан ҳам равобити онҳо хеле хуб мешавад, ки ҳатто бештарин оҳангҳои ҷавони Фарҳод Дарёро шеърҳои Осӣ шакл медиҳад.

Баъзе шоеъот матраҳ аст, ки дар охирин солҳои зиндагии Осӣ дӯсташ Фарҳоди Дарё дасти ӯро нагирифт, ин шоеъа то кадом андоза воқеият дорад?

Фарҳод Суҷудӣ: Дар ин маврид баҳсҳои хеле зиёде матраҳ аст. Дӯстони наздики Осӣ ба ин боваранд, ки Фарҳоди Дарё бо Осӣ бемеҳрӣ кардааст. Замоне ки Осӣ бо хонаводааш ба Эрон меравад ва дар онҷо ба пул ниёз пайдо мекунад, аз Фарҳоди Дарё мехоҳад кӯмакаш кунад, аммо ӯ баҳона меоварад ва мегӯяд, ки пулҳоро дар “консерт” масраф кардаву пули изофӣ надорад. Ҳаминҷост, ки Осӣ дубора ба Афғонистон бармегардад ва инҷо шаҳид мешавад. Ин иддаои хеле аз дӯстон ва дӯстдорони Осӣ аст. Тарафи дигари масъала Фарҳоди Дарё ҳаст, ки ба наҳве ин бархурдҳоро тавҷеҳ мекунад ва робитаашро бо Осӣ бародарона тавсиф мекунад. Хонаводаи Осӣ ҳам дар ин миён мавқифи миёнаро дорад, то ҷое мавқифи дӯстони Осиро таъйид мекунад ва то ҳадде ҳам иддаои Фарҳоди Дарёро таъйид мекунад. Аммо ҳақиқаташ ин аст, ки Осӣ ва Дарё хеле дӯстони наздик ба ҳам будаанд, Осӣ дар Эрон дар олами муҳоҷират ба мушкили пулӣ дучор мешавад, замоне ки аз Фарҳоди Дарё тақозои пул мекунад, Фарҳоди Дарё бинобар мушкиле, ки дошта (ҳоло ин ки мушкил дошта ё на, мавриди баҳс нест), наметавонад барои Осӣ кӯмак кунад ва ҳамчунон иддаоҳои дигаре ҳам ҳаст, ки дарё як идда ашъори чопнашудаи Осиро назди худаш дорад...

Суҳбаторо Сипеҳри Кароматулло
Мӯҳр
Ба Сипеҳр
Хамаш як тарафу ин тахаллуси Оси гузоштанаш ачиб

Фарходи Дарё чансола боша ки бо Каххор Оси аз соли 1335 ошноги доштаастБа Сипеҳр,

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)