Бахшҳо

3 пешниҳоди Оқохони IV барои пешрафти Афғонистон ва зикраш аз таҷрибаи “Помир энержӣ”

Оқохони IV, пешвои исмоилиёни ҷаҳон зимни ширкат дар конфаронси Брюссел дар мавриди Афғонистон барои пешрафти ин кишвар 3 пешниҳод кардааст.

Оқохон ба унвони пешниҳоди аввал таъкид кардааст: “Талош барои тақвият ва рушди сармояи инсониву иҷтимоии Афғонистон зарурӣ аст. Бо ин ҳадаф Бунёди Оқохон оид ба рушд дар доираи тарҳи стратегии вазорати маорифи Афғонистон 850 мактаб ва марказҳои омӯзиширо дастгирӣ мекунад. Бунёди Оқохон дар заминаи тандурустӣ 1.6 миллион шаҳрванди Афғонистонро муолиҷа ва 13 ҳазор пизишк, парастор ва корманди тибро омӯзиш додааст”.

Пешвои исмоилиёни ҷаҳон дастгирии ҷомеаи шаҳрвандиро барои пешрафти Афғонистон як зарурати дигар хондааст. Ба гуфтаи вай: “Мо аз даҳҳо таҷриба омӯхтаем, ки ҷомеаи шаҳрвандии муассир як асли пешрафти пойдор мебошад ва барои рушди фарогир кумак мекунад. Ҷомеаи шаҳрвандӣ метавонад истеъдодҳои созандаро аз банди созмонҳо, шахсҳо ва бахши хусусӣ раҳо кунад”.

Оқохони IV дар конфаронси дурӯзаи Брюссел ҳимоят аз рушд дар Афғонистонро асли 3-юм барои беҳбуд вазъи ин кишвар донистааст. Ӯ таъкид кардааст: “Барои ноил шудан ба дастовардҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии устувор ниёз ба кори фаромарзӣ аст”.

Оқохони IV дар ин робита ширкати "Памир Энерҷӣ" яке аз таҷрибаҳои ҳамкории Бунёди Оқохон оид ба рушди иқтисодӣ бо ҳукумати Тоҷикистонро мисол овардааст, ки ин ширкат аз соли 2008 ба ин сӯ барои 35 ҳазор шаҳрванди Афғонистон барқ содир кардааст.

Дар ҳоле, ки Бунёди Оқохон шурӯъ аз соли 2001 то ҳол барои беҳбуди кайфияти зиндагии Афғонистон 1 миллирад доллар сармоягузорӣ кардааст, Оқохон дар Брюсел гуфтааст, ки Бунёди ӯ аз ҳоло то соли 2020 ҳамин миқдор маблағи дигарро барои мероси фарҳангӣ, маориф, барқ, тандурустӣ ва коҳиши фақр сармоягузорӣ мекунад.

Дар маҷмуъ тибқи иттилои расонаҳои ғарбӣ дар ҳамоиши Брюссел ҷомеаи ҷаҳонӣ барои кумак ба Афғонистон 15.2 миллиард доллар ихтисос додааст. Ин кумак аз сӯи беш аз 75 кишвар ва 25 созмону ниҳодҳо то соли 2020 вориди Афғонистон мешавад.

Мӯҳр
"Оқохони IV дар ин робита ширкати "Памир Энерҷӣ" яке аз таҷрибаҳои ҳамкории Бунёди Оқохон оид ба рушди иқтисодӣ бо ҳукумати Тоҷикистонро мисол овардааст, ки ин ширкат аз соли 2008 ба ин сӯ барои 35 ҳазор шаҳрванди Афғонистон барқ содир кардааст."
Дар асл хам бехтарин ширкат хамин Помир Энерчи будааст, ки яке аз лоихахои шарикии бахши хусуси ва давлат мебошад. Ширкати Помир Энерчи агар хамин ГЭС-и Себзори дигарро тезтар бунёд созад, боз барои мардуми Бадахшон таъминоти барк аз ин хам бехтар мешавад ва мардум хам аз Ширкат миннатдортар мешавад. Ахсан!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)