Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 22 май 2019, 22:57

Расул Боқиев ҳам ҷалби кудакон ба муҳорибаҳои омехтаро ғайри қобили қабул хонд

6 октябр 2016, 18:00

Расул Боқиев, паҳлавони тоҷики муқими Русия гуфтааст, набояд кудакони то 8-сола ба муҳорибаҳои омехта ҷалб шаванд.

Дорандаи медали биринҷии Бозиҳои Олимпии соли 2008 аз Тоҷикистон дар суҳбат бо “Sputnik” гуфтааст, иштироки кудакон дар чунин мусобиқот ғайри қобили қабул аст: “Ҳатто бо шлем мубориза дар чунин синну сол хатар дорад, кӯдакон бояд аз ҷиҳати ақлонӣ рушд кунанд, китоб хонанд на ба чунин навъи варзиши хатарнок машғул шаванд. Дар ин намуди рақобат як зарба метавонад кӯдакро то охири умр маъюб кунад ва ин барои аъзоёни оилаи онҳо дарди сахт хоҳад буд”.

Ин изҳори назари Боқиев дар ҳолест, ки ахиран шаҳри Грознийи Чеченистон мизбони мусобиқаи муҳорибаҳои омехта шуд ва онҷо кудакони 8-сола низ ба майдон баромаданд. Ин сабқатҳоро Рамзан Қодиров, раисиҷумҳури Чеченистон бевосита тамошо мекард. Дар пайи ин Федор Емеляненко, президенти Иттиҳоди муҳорибаҳои омехта (ММА)-и Русия бо нашри як изҳорот ин сабқатро танқид кард: “Баромади кудакони 8-сола бояд намоишӣ мебуд, аммо дар асл ба мусобиқа табдил ёфт. Мувофиқи қоидаҳои варзиши Вазорати тарбияи ҷисмонии Федератсия Русия варзишгарони 21-сола бояд ба майдони ҳарб бо шлем ва то 12 сола бо либоси махсуси варзишӣ бароянд. Ба кудакони то 12 сола баромад кардан аз рӯи қоидаҳои муҳорибаҳои омехта умуман манъ карда шудааст. Ҳодисае, ки дар сабқати Грозний ба вуқӯъ пайваст, ғайри қобили қабул аст”.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Шукрулло

  • 12 октябр 2016 07:11
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ал хак, кудак бояд дар ин синну сол тарбия омузад на ......

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!