Бахшҳо

Эълони ҳукми Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов (ВИДЕО)

Додгоҳи шаҳри Душанбе имрӯз, 6 октябр ҳукми адвокатҳо Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамовро эълон кард.

Бар асоси ҳукми додгоҳ Бузургмеҳр Ёров 23 сол равонаи зиндони низомаш пӯрзур шуда, амволи ӯ комилан мусодира мешавад. Ҳамчунин, баъди раҳойӣ 5 сол аз ҳаққи кор дар ташкилоту идораҳо маҳрум мегардад.

Додгоҳ Нуриддин Маҳкамовро 21 сол аз озодӣ маҳрум намуда, эълон кард, ин муҳлатро дар маҳбаси низомаш пурзӯр пушти сар мекунад. Ба гуфтаи додгоҳ, аз ин ҳукм давоми 10 шабонарӯз метавонанд шикоят баранд.

Наздикони ин ду адвокати маҳкумшуда ҳукми додгоҳро ноодилона хонда, изҳор доштанд, аз болои он шикоят мебаранд. Ёров ва Маҳкамов ҳангоми ироаи сухани охири худ дар додгоҳ худро бегуноҳ хонда буданд.

19 сентябр Рустам Тақдирзода, айбдоркунандаи давлатӣ аз додраси парванда хоста буд, Бузургмеҳр Ёровро 25 сол равонаи зиндон кунад. Тақдирзода аз додрас хост, молу амволи Бузургмеҳр Ёров бо шумули манзил, мошин ва мағозаи ӯ мусодира шавад. Ёров бар пояи бандҳои 189 қисми 2 банди “г”, 247 қисми 2, 307 қисми 2, 307 қисми 1, 340 қисми 2, бандҳои “а”, “б”, “в” айбдор мешавад.

Айбдоркунандаи давлатӣ барои адвокати дигари боздоштшуда Нуриддин Маҳкамов, ки бо моддаҳои 189, қисми 2 банги “г”, 247 қисми 4 банди “б”, 307 қисми 2 банди “г” ва 307 қисми 1 муттаҳам мешавад, 23 соли зиндон талаб карда буд. Ӯ хост, Ёров ва Маҳкамов ба зиндони низомаш пурзӯр фиристода шаванд.

Бузургмеҳр Ёров моҳи сентябр ва Нуридин Маҳкамов моҳи октябри соли 2015 боздошт шуданд. Боздошти Ёров дар ҳоле сурат гирифт, ки эълон кард, Кумитаи дифоъ аз аъзои дастгиршудаи Ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистонро таъсис медиҳад.

ВОКУНИШИ НАЗДИКОНИ ИН ДУ АДВОКАТИ МАҲКУМШУДА ВА ВАКИЛИ ДИФОИ ОНҲОРО ИНҶО БУБИНЕД:


Мӯҳр
Аз худо тарсед ҷазои ин корҳо ситонида мешавад

Авалан Ассалом чихеле ки мегӯянд дар ин кишвар дигар коре нест? Ки мардуми Тоҷикистон аз ин суду прокурор монда шудаанд охир ин кишвар магар бе соҳиб аст ки касеро хоҳанд ва чанд соле хоҳанд аз озодӣ маҳрум мекунанд

Хурсанд
..КУЧОСТ АДОЛАТ?КУЧОСТ ХАКИКАТ?ВИЧДОН!!!ВИЧДОН!!!ВИЧДОНАТОН КУЧОСТ!!!?ЯК ЗАРРА АЗ ИНСОНИГАРИ ДОРЕД!!?...

Йигит
зинда бош пешвои милат .зиндабош асосгузори сулху вахдат. зиндабош призиднти кишвар .харкасе брои нотинчи кишвари офтобруямон чунин рафтор мекунад чазояш хамин .ба пеш.

Мухаммадсаид Ризои
Ба рости хело аламовар аст. Хадаф аз ин хукмхои дарозмуддат гайр аз хадафхои сиёси чизи дигаре нест. 25, 30 сол ин хаёти як одам аст. Бо ин хукмхо болу пари як инсони дорои мавкеъ ва нуфузро дар чомиъа чтдан аст. Махкум дар ин муддат ё дунёро тарк мекунад ва ё вакте аз махбас берун мешавад тамоми аксари хамсафону хамфикронаш дунёро тарк кардаанд.

точикистони наа
айбдоркунандаи давлативу судяро шабхо чи гуна хобашон мебарад? наход такдири як инсони бегунохро сузонед

Бузургмехр, ёд дори ту китоб мекофти захмат мекашиди шабхо хоб намекарди ман бепарво мегаштам ва бо таърифу тавсифи устодон баробари ту бахо мегирифтам ту мегуфти чоплуси ба сарат бало меорад ман мегуфтам илм балои бештар ту фаъолу доно буди ман баръакс диди имруз он хама илму дониши ту завол ёфт дигар он ба касе даркор нест хатто худатро ноумед кард мо рухан ту чисман азоб мекаши....нодонии ман бехтар будааст ё доногии ту...уф хайр дусти азиз

Салом
Ба шпйх, садкаи номи хукукшиноси шави, имруз ба чои дилбардори тахкир мекуни, махз аз дасти шумо бесааодони чоплус бозори ноадолати обод аст. Аммо шахс бояд пеши вичдону имонаш Пок бошад, хайфи инсонит!
Умедворам, иншоаллох рузе Бузургмехра садхо зиндонийони мазлум озод мешаванд, дкнё гузпрон аст!

Ин хукми одилона аз рузи аввал маълум буд. Хукумати Точикистон тамоми марзхои хукуки инсонро поймол кард ва хеч кас ба ин хукумат эътимод надорад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)