Бахшҳо

Ноиби генпрокурор Аҳмадовро дар қатли сардори пулис ва 5 узви оилааш гунаҳкор хонд (ВИДЕО)

Сергей Зайтсев, ноиби прокурори генералии Русия айбнома алайҳи Маҳмадалӣ Аҳмадов, зодаи 23-солаи Тоҷикистон ва се шаҳрванди озаритабори Русияро барои қатли сардори пулиси ноҳияи Сизран ва 5 узви оилааш тасдиқ намудааст.

Тибқи иттилоияи расмии додситонии кулли Русия парванда алайҳи Маҳмадалӣ Аҳмадов, Роман Фаталиев, Ислом Бобоев, Охран Зохрабов бо иттиҳоми роҳзанӣ, куштор ва қасди куштор барои баррасӣ ба суди вилояти Самара ирсол шуд.

Мақомоти Русия Аҳмадовро, ки аз сесолагияш дар ноҳияи Сизрани Самара иқомат дорад, ҳамроҳи се шарики дигари озарияш дар қатли полковник Андрей Гошт ва 5 узви хонаводааш муттаҳам мекунанд. Андрей Гошт собиқ сардори пулиси Сизран ва ноиби сардори ситоди марказии ВКД-и вилояти Самара будааст.

Додситонии кулли Русия мегӯяд, “бар асоси тафтишот шаби 23 ба 24-уми апрели соли равон, Фаталиев, Бобоев, Аҳмадов ва Зохрабов ба хонаи рақами 58-и деҳаи Ивашевкаи ноҳияи Сизран ворид шуда, бо калтакҳо Андрей Гошт, волидон, ҳамсар, ҳамсари бародар ва бародарзодаашро ба қатл расондаанд. Инчунин қасди қатли бародарзодаи дигар-Софя Гошти 7-соларо кардаанд, аммо ӯ зинда монда, бо ҷароҳатҳои вазнин дар беморхона бистарӣ шуда буд. Софя 25-уми май аз беморхона мураххас шуд”.

Манбаъ афзуд, ки муттаҳамон аз хонаи Гошт, кортҳои бонкӣ, телефонҳои мобилӣ ва дигар ашё ба маблағи 193 ҳазор рубл ва 906 рубли нақдро гирифта, фирор намудаанд: “Калтакҳоро дар ҷангал пинҳон намудаанд”.

Дар пайи ин қазия мақомоти Русия Маҳмадалӣ Аҳмадовро мавриди пайгард қарор дода, эълон карданд, ки ӯ ба Тоҷикистон фирор намудааст. Чанд рӯз баъд пулиси Русия хабар дод, ки Аҳмадовро мақомоти Тоҷикистон боздошт ва ба Русия истирдод карданд.

Аммо Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфт, Маҳмадалӣ Аҳмадов худаш ба Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳозир шуда, иброз доштааст, ки воситаҳои ахбори Русия ӯро дар куштори оилаи Андрей Гошт, корманди мақомоти корҳои дохилии Федератсияи Россия дар вилояти Самара гумонбар донистаанд: “Ӯ таъкид намуд, ки ӯ дар ин ҷинояти вазнин даст надорад ва барои гуфтаҳои худро собит намудан ба Русия бармегардад”.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон афзуд, “бинобар сабаби дар ҷустуҷӯ қарор надоштан ва аз мақомоти Русия ворид нагардидани дархост оиди дастгир кардани Маҳмадалӣ Аҳмадов, ӯ тавассути нақлиёти ҳавоӣ ба Федератсияи Русия баргашт”.


Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)