Бахшҳо

Китобҳои Э.Раҳмон ва Ятимов - беҳтарин асарҳои илмии намоишгоҳи Душанбе

Асарҳои “Тоҷикон дар оинаи таърих”-и Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва “Унсурулмаолии Кайковус дар бораи хирад”-и Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитаи амнияти миллӣ, дар бахши “Беҳтарин китоби илмӣ”-и Намоишгоҳи байналмилалии “Китоби Душанбе” ҷойи аввал ва сеюмро сазовор шудаанд.

Дар ин бахш китоби Салими Хатлонӣ «Бенавое дар навои най» мақоми дувумро гирифтааст. Ҳамчунин дар ин бахш нашриёти “Ирфон” барои чопи асари Эмомалӣ Раҳмон, нашриёти «Истеъдод» барои чопи китоби С. Хатлонӣ ва нашриёти “Ганҷ” барои нашри асари С. Ятимов мутаносибан ҷойҳои 1,2 ва 3-ро соҳиб шудаанд.

Маросими супоридани ин ҷоизаҳо пас аз ҷамъбаст гардидани Намоишгоҳи шашуми байналмиллалии «Китоби Душанбе» дар толори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон баргузор шудааст. Дар бахши «Беҳтарин ороиш, сифат ва банду баст» нашриёт ва китобҳои зерин, мутаносибан се мақоми ифтихориро соҳиб гаштаанд: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик бо китоби «Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик», “Ганҷ” бо «Китоби сурхи Тоҷикистон» «Адиб» бо китоби «Шеърборон». Нашриёти «Адиб» бо китоби «Пайғоми Истиқлол» ва «Ношир» бо китоби «Девони Фарзонаи Хуҷандӣ» мақоми аввалро дар бахши «Беҳтарин мазмун ва бадеият» соҳиб шудаанд. Дар ин бахш ҷойҳои дуввум ва сеюмро Муассисаи нашриявии Адабиёти бачагона бо асари Муҳаммад Ғоиб «Ба хона меҳмон омад» ва “Ношир” бо асари Давлатшоҳи Самарқандӣ «Тазкират-у-шуаро» ба худ ихтисос додаанд.
Мӯҳр
Озода
Озодагон барои чӣ аз нашри назарҳо зери ин матлаб худдорӣ мекунед?
Метарсед? Ё тасонданд?

Мирзо
Озодагон чаро андешаҳои моро перомуни ин мавзуъ иҷозаи нашр надодед?Саҳифаи шумо ку бо номи Озодагон аст пас сухани мо низ бояд озод бошад.
Ё метарсед аз ҷанобатон ки мабодо қулфи калонро дар пушти дари сомонаатон мезанад?

Озодагтн як маслихат медихамтона:
Ба-хамин обу руи надоштаатон дигар равед... равед худро дар шохи ягон чанор дор кашед!
Шарму хаё надоштан-ин аз шахси мурда хам бекадртар аст.
Мепаронантона ?? Махкум ба зиндон мекунад ?? Занчир мезанад пушти идораатон ??мусодираи молу амвол мекунанд ?? Пас сабаб чист,ки нашр намекунед андешахои моро ????

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)