Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 18 октябр 2017, 17:57

Пурсиши сотсиологӣ: 70%-и русиягиҳо хостори маҳдудият барои муҳоҷиронанд

12 октябр 2016, 12:27

Дар асоси як тадқиқоти сотсиологии “Маркази- Левада” чоряки сокинони Русия гуфтаанд, ҳукумат бояд монеаҳо барои муҳоҷиринро бартараф карда раванди муҳоҷиратро ба фоидаи кишвар роҳандозӣ намоянд.

Ба иттилои сомонаи “Маркази- Левада”, дар тадқиқот 1600 нафар аз 48 минтақа ва 137 маҳалҳои аҳолинишини Русия ширкат карда, он бар асоси посухи шаҳрвандон ба суолҳои гузошташуда натиҷагирӣ шудааст.

Ба иттилои манбаъ, шумори шаҳрвандони Русия, ки низои қавмиро дар маҳалли зисти худ рад мекунанд, нисбат ба пурсишҳои қаблӣ боло рафтааст: “Танҳо 18 фисади пурсидашудагон мавҷудияти низои қавмиро тасдиқ карда, 79% изҳор доштаанд, ки дар маҳалли зисташон чунин мушкил ҷой надорад”.

Маркази “Леведа” мегӯяд, 70%-и пурсидашудагон хостори ҷорӣ намудани маҳдудият барои муҳоҷирон шудаанд. “Ин нишондод нисбати натиҷаҳои қаблӣ поинтар аст. Шаҳрвандоне, ки хостори маҳдуд кардани вуруду зиндагии муҳоҷирон дар Русия шуда буданд, моҳи марти соли ҷорӣ ба 80% расида буд, ки он ба буҳрони муҳоҷират дар Аврупо вобаста дониста мешавад”.

Ба иттилои ин маркази тадқиқоти сотсиологӣ, 64%-и русиягиҳо бар ин назаранд, ки ҳузури муҳоҷирин боиси рушд ҷинояткорӣ шудаст: “62% гуфтаанд, муҳоҷирин корҳои сокинони маҳаллиро мегиранд, 39% изҳор доштаанд, ки муҳоҷирон фарҳанги русиро хароб мекунанд”.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • muhojir

  • 12 октябр 2016 16:55
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бовар кунед вактхои охир забони точикиро нафахмида истодаам. Чунон чумлахоро душвор карда истодаед,ки хатто устод Айни дар фахмидан душвори мекашид
Посух додан
  • Мухочир

  • 12 октябр 2016 17:08
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Корои сиёха дар Русия хамин мухочирон анчом медиханд. Ба худи онхо бошад Русия бу мегирад. Корашон факат аракхурй...
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хамин русхо ин кадар мухочиронро чашми дидан надоранд, пас 15 млн мухочире, ки дар он чо кору зиндаги доранд, агар баргарданд, ана баъд ахволи онхоро аз берун тамошо кунед
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ватанашон аст.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Октябр 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!