Бахшҳо

Иброҳим Сафаров: Чӣ тавр ба набераам мефаҳмонам, ки падару модараш ҷанг рафтаанд? (ВИДЕО+АКС)

Зулайхо Қосимоваи сесола бибии худро “оча” ва бобояшро “дада” мегӯяд. Бино ба хабарҳо модару падари аслии ӯ ба гуруҳҳои ҷангҷӯи Ироқ пайвастаанд.

Зулайхо ҳамагӣ 8 моҳ дошт, ки модараш -- Лутфия Абдуллоеваи 25- сола назди падараш Сафаралӣ Қосимови 27-сола ба шаҳри Маскав рафт. Модари Зулайхо бародари ӯро, ки он замон 2 сол дошт, бо худ бурд ва тифли ширхорро ба хушдоманаш гузошт. Сафармоҳ Азизова, модари Сафаралӣ, ки дар ҷамоати деҳоти Ғалабаи ноҳияи Фархор зиндагӣ мекунанд, мегӯяд, писараш дар муҳоҷират ҳамроҳи волидони ҳамсараш кор мекард: “Падари келинам пайваста занг зада мегуфт, ки духтарашро ҳам фиристем. 14 августи соли 2014 аз Фурудгоҳи шаҳри Кӯлоб ҳамроҳи шавҳарам келинамро гусел намудем. Аммо як сол нагузашта писарам ба таънаву маломати падару модари келинам тоқат накарда, шабона аз хонаи иҷора мебарояд. Ҳамон шаб Сафаралӣ ба мо занг зада гуфт, ки дигар на бо онҳо ва на духтарашон зиндагӣ кардан намехоҳад”.

Хонум Азизова афзуд, писарашонро насиҳат кардаанд, ки аз занаш ҷудо нашавад ва фарзандонашро сағера накунад: “Писарам кори дигар пайдо намуда дар дигар ҷо манзили иҷора гирифт, зану бачааш гоҳ-гоҳ наздаш мерафтаанд. Аз моҳи феврали соли 2015 Сафаралӣ хеле кам занг мезадагӣ шуд. Дар як моҳ як маротиба занг мезаду халос. Охирон маротиба моҳи апрели соли 2015 ҳамроҳи ӯ ва зану фарзандаш гап задем. Гуфтанд, ки кори нав ёфта ва хона гирифтаанду баъди ду сол ба ватан бармегашта, онҷо хона месозанд. Мо пурсидем, ки чи хел дар як вақти кутоҳ дар Русия хона гирифтед, аммо ҷавоб надоданд”.

Иброҳим Сафаров, падари Сафаралӣ дар идомаи нақли ҳамсараш гуфт, баъди ин суҳбат онҳоро ба мақомот даъват карда, гуфтаанд, ки тибқи маълумотҳо писару зану кудакаш дар ироқанд: “Худамро дошта натавонистам, гиря гулугирам кард. Дилам ба сӯхтан даромад. Намедонам, ки онҳо аз маҷбурӣ ё нофаҳмӣ ба сӯйи марг рафтаанд. Намедонам, ки чӣ сабаб шудааст, ки ба ҷони худу кӯдаки 2 сола раҳм накардаанд. То имрӯз дигар на аз писарам ва на аз набераам ягон хабар нест. Ҷойи нишастанамро намеёбам, ҳар лаҳзаву ҳар дақиқа дар бораи онҳо меандешам. Намедонам, ки зинда ҳастанд ё не. Шояд агар падару модари келинам ба зиндагии онҳо дахолат намекарданд, ин роҳро интихоб намекарданд”.

Талоши хабарнигори “Озодагон” барои тамос бо падару модари Лутфия Абдуллоева, ки дар Русия ҳастанд, бенатиҷа буд.



Иброҳим Сафаров мегӯяд, набераашон Зулайхо ӯ ва бибиашро падару модараш медонад. Дар бораи падару модари аслиаш чизе намедонад. “Чӣ тавр дар оянда ба ӯ мефаҳмонам, ки падару модараш ҷанг рафтаанд?”,-савол мегузорад ӯ.

Бино ба омори мақомоти ноҳияи Фархор аз ин ноҳия 24 нафар, бо шумули 4 зану 8 ноболиғ дар ҷангҳои Сурияву Ироқ қарор доранд.


Иброҳим Сафаров: Чӣ тавр ба набераам мефаҳмонам, ки падару модараш ҷанг рафтаанд? (ВИДЕО+АКС)

Дар акс: Сафаралӣ Қосимов ва ҳамсараш Лутфия
Мӯҳр
Озодагон. Хами хонандагонатонро издеватся мекунед шумо чи мекунед ма намефамм!!! Охи хаму видеои шумо чи манъо дорад 0:30 сония гирифтанатон ?? Намешава акалан 4-5 дакика бардоред хами видеохотона?? Факат 0:30 ё 0:35 сония видео мебардоред сабабаш чист ??? Дасгохи наворбардорира эхтиёт мекунед ё флешкартатон кам-мегабайт мебара ё камератон памят надора ??? Хай мурочиат кунед як флешкартаи калонтар харемтона бечорахо!!!
Захмат кашида таиошо мекуни вале пушаймон мешави аз тамошои кардагият дар охир!!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)