Бахшҳо

Шикояти як зан аз зӯроварии кормандони милисаи ноҳияи Шоҳмансур

Эътилофи зидди шиканҷаи Тоҷикистон аз шикояти як зани 34-сола, сокини шаҳри Душанбе аз кормандони пулиси ноҳияи Шоҳмансур хабар додааст.

Бино ба иттилои манбаъ, ин зан, ки корманди як созмони байналмилалӣ будааст, гуфта, маъмурини милиса зимни санҷиши шиносномаҳо дар доираи амалиёти “Нелегал” аввали моҳи равон талош кардаанд, бо зӯр вориди манзилаш шаванд. Ӯ барои фаҳмидани асли қазия тамоми ҳуҷҷатҳояшро пешниҳод намудааст, аммо милисаҳо бо иддаои он ки дар хонааш шаҳрвандони хориҷиянд ва бояд шиносномаҳояшонро тафтиш кунанд, бо зӯр вориди хона шудаанд: “Соҳибхона талош кардааст, ҳодисаро дар телефони мобилӣ сабт кунад, аммо яке аз милисаҳо телефонашро гирифта, ӯро мавриди латту кӯб қарор додааст. Аз мӯйҳояш дошта, поин фаровардааст ва ҳамроҳ бо меҳмонҳояш ба мошини сиёҳшиша савор намудааст”.

Ин зан дар муроҷиат ба Эътилоф афзудаст, вақте милиса ӯро мезаду берун кашид, ба додаш касе нарасид ва ягон нафар аз ҳамсояҳо, ки дар берун қарор доштанд, ба кумакхоҳияш вокуниш нишон надодаанд: “Бо зӯрӣ ӯ ва меҳмонҳояшро савори мошин карда, гӯиё барои муайян намудани шахсияташон ба шӯъбаи Шоҳмансур бурдаанд. Танҳо баъди 4 соат ними шаб, бо гирифтани забонхат, ки алайҳи маъмурини милиса эроде надоранд, ин зан ва меҳмонҳояшро раҳо кардаанд”.

Эътилофи зидди шиканҷа мегӯяд, дар пайи муроҷиати ҷабрдида, ӯро бо вакили дифоъ таъмин кардааст, то барояш ёрии ҳуқуқӣ расонад.
Мӯҳр
хечуас
Хохиш рузноманигонои азиз, криминалист шавед аз забони кадом як зани шаттох хабари иггво барангези бе мутобикати хабару мубтадоро нанависед . Худатон дар мочаро ворид шаед чаро фикри милитсиянер нест .Агар хамрохи рохбаратон касбият дошта бошед хамин ишора бассссссссссс. Агар хакикат нашр мекардаги бошед ин матлабро нашр кунед

Кормандони милиса аз ин бадтар мекунанд, аз инхо бовари ҳаст.

Бисйор хубат карданд! Дар хонаат хоричийонро гайриконуни чой кардаию боз барои маъмурони хифзи хукук монеъа эчод мени! Офарин милитсонерхо!

Чабрдида
Сад дар сад милисаи шохмансур гунахкор аст. Товба кардам, ягон намуди этикаву эстетика нест.

Пурдил
Гуë ки милисаи точикро аз Гермон оварда бошанд! Немиси тапа таëр! Наход бо зан чунин рафтор куни! Айбу шарму номуси мардиям як чизи зарури аст хамту не кормандони ВКД?

Хонанда
Ба хечувс,
Ин зан касе ки набошад (шаттох хам), ки ба ту хак додааст, ки уро латтукуб куни ва аз муяш кашола карда бари?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)