Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 28 май 2017, 08:04

Президент: Дар майдони мо ҳам қурбониҳо буд ва ҳам ғасби бинои ҳукумати вилоятҳо. Вале мо ба Вашингтон ё Маскав занг назадем...

14 октябр 2016, 09:15

Қирғизистон аз тамомияти арзии Гурҷистон пуштибонӣ хоҳад кард. Ин нуктаро президент Алмосбек Отамбоев баъди мулоқот бо ҳамтои гурҷиаш Георгий Маргвелашвили дар Тифлис баён дошта, ҳамчунин гуфтааст, тамоми масоил бояд бо роҳи гуфтушунид ҳал карда шавад.

“Масъалае нест, ки ба воситаи гуфтугӯ ҳал нагардад. Мо дирӯз бо Георгий Маргвелашвили дар ин бора хеле суҳбат кардем. Бовар кунед, ман раҳбари кишваре ҳастам, ки солҳои 2005 ва 2010 ду инқилоби бузургро аз сар гузарондааст. Ҳамаи инро пушти сар кардем. Дар майдони мо ҳам қурбониҳо буд ва ҳам ғасби бинои ҳукумати вилоятҳо. Вале мо ба Вашингтон ё ба Москва занг назадем ва ҳама мушкилро худ ҳал кардем. Ман гуфтанӣ ҳастам, ки тамоми нофаҳмиҳо бояд бо роҳи гуфтушуниду бе ҳамлаҳои низомӣ аз байн бурда шавад. Зеро ҳалли мушкилот бо роҳи низомӣ ба бунбаст мебарад", -- изҳор доштааст президенти Қирғизистон.

Ба гуфтаи Отамбоев, Қирғизистон ҳамеша ҷонибдори тамомияти арзии Гурҷистон аст, чун он принсипи бунёдии ҳар як кишвар мебошад. Алмосбек Отамбоев дар доираи як сафари расмӣ дар Гурҷистон қарор дорад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Virkan

  • 17 октябр 2016 13:33
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Офарин, ин нафарро фарди фарзонаи миллати киргиз гуфтан мумкин аст. У бе унвони кахрамони хам кахрамони хакикии миллати худ аст. У инсони озод ва фарди озода аст. Хар як миллат ба чунин афроди фархехта ниёз дорад.
Посух додан
  • Samud

  • 18 октябр 2016 15:35
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Virkan,
Вактеки сари мансаб омад ин атамбоев киргиз ором буд коре накардааст хуроки таер хурдааст алмос

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!