Убайдуллоев: Фаҳмонед, ки гармӣ буҷаи оиларо сарфа мекунад
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе дар ҷаласаи шаҳрдорӣ омодагӣ ба зимистонро мавриди баррасӣ қарор додааст.
Тавре аз дафтари матбуоти шаҳрдорӣ ба “Озодагон” иттилоъ доданд, Убайдуллоев масъулинро вазифадор кардааст, то бо ҷалби имконоти молиявии сокинон биноҳои бисёрошёнаро барои қабули гармӣ омода кунанд. Раиси Душанбе масъулинро муваззаф намудааст, то ба мардум фаҳмонанд, ки пайвастшавӣ ба низоми мутамаркази гармидиҳӣ ба буҷаи оила фоида меорад: “Гармии мутамарказ маблағи оилаҳоро сарфа мекунад ва он бояд тариқи телевизион ва варақаҳо дар байни аҳолӣ таблиғ шавад”.
Ин дар ҳолест, ки ахиран ҳукумат тасмим гирифтааст, аз 1-уми ноябр нархи гармиро барои муштариён ҳудуди 16 дарсад боло барад. Тибқи нархномаи нав ҳар Гкал гармӣ барои ниҳодҳои буҷавӣ 51 сомонӣ, барои харидорони яклухт, ки аҳолиро бо гармӣ таъмин мекунанд-6,64 сомонӣ ва барои харидорони дигар 196,3 сомонӣ муқаррар карда гардидааст. Аммо то ҳол дақиқ эълон нашудааст, ки аҳолӣ барои гармӣ чӣ қадар маблағ пардохт хоҳад кард.
Дар баробари ин раиси Душанбе хостори истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ шуда, бо ин мақсад дастур додааст, аз 1 ноябри соли 2016 фаъолияти фаввораҳо дар ҳудуди шаҳр қатъ карда шавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |