Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 19 ноябр 2017, 02:27

Тоҷикистон дар рейтинги ФИФА 4 зина пештар рафтааст

20 октябр 2016, 14:45

Мунтахаби футболи Тоҷикистон дар раддабандии нави Федератсияи байналмилалии футбол мақомашро 4 зина беҳтар кардааст.

Бар асоси рейтинги FIFA, ки имрӯз, 20 октябр нашр шуд, мунтахаби Тоҷикистон бо 227 имтиёз дар ҷойи 140-ум нишастааст. Тайи ду моҳи ахир Тоҷикистон зинаи 144-ро муаррифӣ мекард.

Миёни кишварҳои Осиё Марказӣ Узбакистон пештоз аст. Ин кишвар дар қиёс ба моҳи гузашта мавқеи худро як зина беҳтар карда, дар ҷойи 48 нишастааст. Қазоқистон дар ҷойи 90, Қирғизистон дар зинаи 99 ва Туркманистон дар зинаи 114–уманд.

Дар садри раддабандӣ тими миллии Аргентина қарор дорад. Дар ҷойи дуюм Олмон ва мақоми сеюмро Бразилия соҳиб шудааст. Белгия, Колумбия, Чили, Фаронса, Португалия, Уругвай ва Испания шомили даҳгонаи беҳтарин тимҳои миллии ҷаҳон гардидаанд.

Раддабандии ФИФА аз соли 1993 инҷониб ҳар моҳ таҳия мегардад. Имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натоиҷи дастаи мунтахаб дода мешавад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ВОООХ ХОНАМ-СУХТ!!!! и мо на танхо аз хукуку озодихо ва иктисодиёту истехсолот акиб мондаем ку. Балки аз тамоми башарият ва аз тамоми амалхову чойгох дар чахон акиб мондаэм!!!
Шукрона мекунем боз хам!!!
Мо бо чаноби олием!!!
______

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Ноябр 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!