Бахшҳо
26 окт 2016 11:35Тоҷикистон / Акс / Тема дня

АКС: Ҳоли паноҳҷӯёни тоҷик дар Аврупо

Мирзои Салимпур, рӯзноманигори маъруфи тоҷик ҳафтаи гузашта аз ҳоли паноҳҷӯёни тоҷик дар Аврупо хабар гирифтааст.

Ӯ дар ин бора дар саҳифаи фейсбукияш хабар дода, афзуд, ки ҳоло дар ин кишвари Аврупо тақрибан ягон урдугоҳи паноҳандагон намонда, ки дар он хонаводае аз Тоҷикистон набошад: “Дар байни онҳо намояндагони касбу пешаҳои гуногун, аз ҷумла чандин ҳамкасби журналисти ман ҳам ҳастанд”.

Салимпур дар як урдугоҳ дар канори шаҳри Дортмунд, меҳмони манзили муваққати як хонаводаи паноҳҷӯёни тоҷик шуда, шароити зисташонро чунин тасвир кардааст: “Ин хонавода дар бошишгоҳи муваққате, ки барои 4 хонавода бино кардаанд, дар канори хонаводаҳои паноҳҷӯ аз Сурия ва Афғонистон ба сар мебарад. Барои онҳо, ки бо се фарзанди худ ба ин ҷо паноҳ овардаанд, дар ин бошишгоҳ се ҳуҷра ҷудо кардаанд. Ҳаммому таҳоратхона, ҳуҷраи ҷомашӯӣ ва ошхона барои 4 хонавода муштарак аст. Ҷавони тоҷик гуфт, дар давраҳои дарсие ки барои паноҳҷӯён дуруст кардаанд, алакай ба немисӣ балад шудааст ва ҳатто барои паноҳҷӯёни дигар тарҷумонӣ ҳам мекунад. Ӯ ҳамчунин гуфт, фарзандонаш инҷо алакай мактаб мераванд ва ба немисӣ таҳсил мекунанд. Аммо дар расмҳое ки кӯдакони ӯ мекашанд, бештар сурати хонаву ҳавлиро мебинем. Хонаву дари доимие ки ин хонавода ҳанӯз орзуяш мекунад”.

Ин дар ҳолест, ки бар асоси омори кишварҳои аврупоӣ теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистоне, ки хостори паноҳандагӣ шудаанд, ҳазорҳо нафарро ташкил медиҳанд. Зариф Ализода, омбудсмени тоҷик ахиран дар шарҳи ин раванд, гуфт паноҳҷӯёни тоҷик дар Аврупо сиёсӣ нестанд. Ба гуфтаи ӯ бисёрашон муҳоҷирони кории тоҷиканд, ки дар гузашта ё дар Русия ё Украина кор мекарданд ва барои ҳаёти беҳтар хостори паноҳандагӣ дар Аврупо шудаанд.


АКС: Ҳоли паноҳҷӯёни тоҷик дар Аврупо

АКС: Ҳоли паноҳҷӯёни тоҷик дар Аврупо

АКС: Ҳоли паноҳҷӯёни тоҷик дар Аврупо

АКС: Ҳоли паноҳҷӯёни тоҷик дар Аврупо

АКС: Ҳоли паноҳҷӯёни тоҷик дар Аврупо

АКС: Ҳоли паноҳҷӯёни тоҷик дар Аврупо

АКС: Ҳоли паноҳҷӯёни тоҷик дар Аврупо

АКС: Ҳоли паноҳҷӯёни тоҷик дар Аврупо

АКС: Ҳоли паноҳҷӯёни тоҷик дар Аврупо

АКС: Ҳоли паноҳҷӯёни тоҷик дар Аврупо

АКС: Ҳоли паноҳҷӯёни тоҷик дар Аврупо

АКС: Ҳоли паноҳҷӯёни тоҷик дар Аврупо
Мӯҳр
Шароити Афгонистону Сурия ба хама маълум, ки макони даргирихои абаркудратхо гаштааст. Вале дар Точикистон шукри Аллох сулху субот по барчост, аз чи сабаб бошад, ки баъзе аз шахрвандони мо худро дар катори шахрвандони Суриву Афгонистон хамчун паноханда хисобида, дар назди оламиён Точикистони тинчу оромро кишвари бесубот муаррифи мекунанд. Маълум аст, ки чунин точикони беномус дар Ватани худ аз тамбали нони худро наёфта, бо бахонаи гуё "бесуботи" дар хоричи кишвар худро хамчун панохчу муаррифи мекунад, то ин ки нони бе дарди миён дихандаш. Дар Точикистон тамоми шароит барои зисти арзишманд мухаё аст. Вале баъзе шахрвандон хоинона муносибат мекунанд...

Суфии фархори,
Дар точикистони тенчу ороми мегуфтагиат барои дигар андешон ва озод андешон чой нест агар бошад онхам зиндон. Гуё намедида боши ки зиндонхо пур аз мардуми бегунох шудааст ва харуз хабари катли фалону бесмадонро мешунавем.

Ошкоргӯ
Суфии фархори,
Худат барои ватанат чӣ кор кардаӣ, ки дигарҳоро хоину танбал меномӣ?
Мушкилии зиндагӣ якуним миллион нафарро аз давлати 8 миллиона муҳоҷир кардааст, маҷбуранд барои русу қазоқ полшӯиву борбардорӣ кунанд, то аз шарофати сиёсати хирадмандонаи ҳукумати Тоҷикистон дар ватан зану фарзанд, модару хоҳарашон аз гуруснагӣ нафавтанд.
Як дам аз пушти компютерат хеста атрофи ягон бозорро чарх зан. Шарт нест шаҳр бошад, ҳатто дар деҳаҳои калон ҳам мардикорбозорро мебинӣ. Ин аст кори дар ватан гуфтаи худат?
Шарм дор. Агар чизи дурусте гуфта наметавонӣ, мардумро бегуноҳ туҳмат назан.

Мигрант
Врангтан худат ба фикрам дар хонаи отат зиндаги дори холо мушкилии бехонаги, бекори ва пурёбиро намедони. Хуб мешуд дар катори 8 миллион точик мухри хомуши ба дахон заниСуфии фархори,

Рустам
Бехтарин сарпанохро барояшон мухайё кардаанд. Албатта ончо мераванд. Рохи рафтанро гуянд ман хам меравам. Инхо рост мегуяд Ализода, ки панозчуйи сиёсй нестанд. Онхоро зиндагии нисбатан осонтар ба инчо овардааст. Себу банану шарбатро на хамаи точикистонихо мебинанду мехуранд...

Мирзои Салимпур холо чикора бошад?

На хамаи онхо хоин хастанд. Бештари онхо бо сабабхои мушкили иктисоди ба ончо рафтаанд. Хоинхои гуфтаатон холо ба худ номи нав гузоштаанд "дигарандешони хоричи".
Аврупо низ аз онхо истифода мебарад солона даххо хазор одамонро шиносномаи аврупои медихад... Дигар аз он гомосе#$уалистхои аврупои фарзанд ба дунё намеояд. Аз хисоби фарзандхои инхо ахолии худро зиёд мекунад.
Рузе аз инхо низ мисли худ тарбия карда барои таргиби фарханги худ ба Точикистон мефиристад.... Ана бад сар мешавад мисли украина...


О ба гуфти ин суфи якуним миллион мухочири дар рассия будаги инхоям ватанфурушанд ? Барои зиндагонии хуб одамхо ба амрикову аврупо куч мебанданд онхо низ ватанфурушанд ? Э мардаки хуб ин гапе гуфти дигар нагу ... Пистаи бе магз агар лаб во кунад расво шавад !!! Дусад хазор шахрвандони точикистон шахрвандии руссияро гирифтаанд барои рузи бех барои кутти лоямуд барои ризку рузии халол суфии мухтарам шукронаи тинчиву осудагии ватан мекунем лек онхое ки шароити ба хорича рафта кору зиндагони ё панохандаги мегиранд ягонтаи онхо аз руи сериву пури намеравад ба мулки мардуми !

Суфии Фархори: Фархориаш лозим набуд мо х,ама Точ,икистонием. Аз ин мах,мадоноида бех,тараш чашмонатро нагз кушову х,ак,ик,атро гап зан.
Боз х,амон шеъри Х,офиз ба ëдам меояд.
Ин чи шурест ки дар даври к,амар мебинам.........

Офарин ба мардуми Европа. Як чахон ташакур ба Онгело Маркел. Чои шухи ва бози нест,ки садхо хазор ( шояд миллион хам гузашта бошад.) Нафара бо чои хобу бо илму тахсил то маъош хато таъмин кардан. Бигузор хамватанони мо аз-зери ин хама зулму ситам дур раванд. Хок дар-сари Путин бигузор мардуми мо дигар ба Европа раванд. Хам чахонбинии васеъ пайдо мекунанд хам дар Европа хама фарзандони инхора албата хукумати Олмон ба тахсил чалб мекунад. Оянда худо хохад аз хамин мусофирони мо садхо донишманду олим пайдо мешавад!!!

мебахшеду ин журналистони зархариди хоричи ба кадри точикистон намерасанд факат мардумро тафрикаю найранг мекунанд ва сарсону овора мешаванд. шахсе ки кор мекунад мехнат мекунад давлатро обод мекунаду худашро обод мекунад. зинда бод точикистони азиз.! зинда бод пешвои МИЛЛАТ. ! мо бо ШУМОЕМ чаноби ОЛИ!

Муслим
Ру ба Хинд овардани сохибдилон аз бахри чист
зиндаги оинаро мухточи хокистар кунад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)