Бахшҳо
27 окт 2016 08:35Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Раиси Маҷлиси намояндагон: Дар саҳро фақат занҳо кор карда истодаанд...

Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон 26 октябр лоиҳаи қонун “Дар бораи таҳсилоти калонсолон”-ро қабул намуд, ки тибқи он минбаъд афроде, ки соҳиби касбу ҳунаранд, метавонад аз санҷиши марказҳои таълими калонсолон гузашта, расман соҳиби шаҳодатнома гарданд.

Нурулло Оқилзода, вакили Маҷлиси намояндагон зимни муаррифии лоиҳа гуфт, бо қабули санади мазкур, муҳоҷирону гурезаҳои иҷборӣ низ дар Тоҷикистон дар марказҳои таълими калонсолон ройгон ба таҳсил фаро гирифта хоҳанд шуд. Номбурда ин лоиҳаро барои расман соҳибкасб шудани афроде, ки тариқи ғайрирасмӣ касбу ҳунар омӯхтаанд, муҳим хонд.

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон қабули ин лоиҳаро барои ҷалби шаҳрвандон ба касбу кор мувофиқ арзёбӣ намуд: “Ин барои нафароне, ки аз пеши худ касбу ҳунар омухтаанд, вале расман шаҳодатнома надоранд, бисёр хуб аст. Онҳо ба марказҳо омада, аз санҷиш мегузаранд ва соҳиби шаҳодатнома мешаванд”.

Раиси Маҷлиси намояндагон таъкид намуд, ҳанӯз ҳам марказҳои таълимии калонсолон дар кишвар ба талабот ҷавобгӯй нестанд ва дар хитоб ба Сумангул Тағойзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар гуфт, дар масъалаи беҳтар намудани вазъи чунин марказҳо бештар кор кунанд.

Шукурҷон Зуҳуров ҳолати кишварро дар мавриди омӯзиши касбу ко бисёр ногувор хонд ва гуфт, бояд раҳбарони ниҳодҳои дахлдор ҳар чи бештар дар ин самт фаъолият намоянд. Ӯ таъкид намуд, 70 дарсади онҳое, ки аз Тоҷикистон барои пайдо кардани кор ба хориҷ мераванд, касбу ҳунар надоранд: “Он фоизе, ки мегӯем ин қадар бекор дорем, на ҳамааш реалӣ мебошад, на ҳама худро ба қайд мегирад, омода кардан лозим, дар ҷамоату ноҳияҳо ин масъалаҳоро бубинед, ҳоло на ҳама хоҳиши кор кардан дар заминро дорад, барои дар ҳамон саҳро низ кор кардан ҳунар лозим. Мебинам, ки дар саҳро фақат занҳо кор карда истодаанд”.

Сумангул Тағойзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар ҳузури вакилон иброз дошт, ҳоло дар Тоҷикистон 5 миллион афроди қобили меҳнат аст, ки аз ин 2,5 миллионаш ба шуғл фаро гирифта шудаанд. Ба иттилои вазир, ба ин 2,5 миллионе, ки кор мекунанд, муҳоҷирони меҳнатӣ низ дохил мешаванд.
Мӯҳр
Вақте ки бо диплом кор нест, шаҳодатнома чӣ фоида дорад?

a
Боз когазфуруширо сар мекунед? Чойхои кории хакики ташкил кунед, ки мардум рафта дар он чо кор кунанд, сахар ба кор меравам гуфта аз хона бароянд, на он ки "бароям, мабодо худованд ягон пора нон, ризку рузии оилаамро дихад". Дар бозорхо садхо хаммолу аробакашон, савдогарони кади рах, ва гайраву хоказо нони худро бе хамин когазбози ёфта истодаанд. Мачбур кунед рафта дипломи аробакашро гиранд.

Шахрванд
Дар хвкикат як намуди бизнеси шахсони таґадор.......рохи пул коркунию хавли сеошёна сохтан

чаноби раис як бор акалан дар вакти рухсати ба сахро худат баро аз паси шумо садхо шогирдон бовари дорам мебароянд харчанд ба шумо кор хам намерасад барои хамин аз боло ба чои сухан ташабус даркор ташабус

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)