Бахшҳо

Салимпур дар меҳмонии тоҷикони паноҳҷӯ: Чӣ диду чӣ шунид?

Мирзои Салимпур, рӯзноманигори маъруфи тоҷики муқими Аврупо, ки ҳафтаи гузашта аз ҳоли ҳамватанони паноҳҷӯ дар ин қора хабар гирифт, дар суҳбати катбӣ бо “Озодагон” аз дидаю шунидааш нақл кард.

Нахуст пурсидем, шумо ахиран меҳмони хонаводаи тоҷике шудаед, ки дар канори хонаводаҳо аз кишварҳои ҷангзадаи Сурия ва Афғонистон, аз Олмон дархости паноҳандагӣ кардаанд. Ин хонавода ва ҳамсуҳбатҳои дигаратон далели паноҳҷӯ шуданашонро чӣ гуфтанд?

Мирзои Салимпур: Албатта, сафари ман ибтидо ба Лаҳистону билофосила ба дунболаш ба Олмон, ки дар миёнаи моҳи октябр сурат гирифт, таҳқиқу омӯзиши вазъи паноҳҷӯёнро ба ҳадаф надошт, балки дидорҳои мо бо ин мардуми паноҳҷӯ бештар иттифоқӣ буд. Аммо ба сурати умум, далели аз Аврупо, аз ҷумла аз Олмон паноҳ хостани ин мардум гуногун аст. Бархе далелҳои сиёсӣ, аз ҷумла узвияташон дар ҳизби наҳзати исломӣ ва ё “Гурӯҳи 24”-ро далел меоранд, қисми дигар - танг шудани вазъи иқтисодии онҳо дар Ватан ва дигар ба далели буҳронаш барои муҳоҷирони тоҷик зиёд ба кор наомадани Русияро. Дар байни гурезаҳои “иқтисодӣ” онҳое ҳам зиёданд, мегӯянд, ширкату корхонаҳои онҳоро дар Тоҷикистон ғасб кардаву худи онҳоро ба кӯча андохтаанд.

«Озодагон»: Фикрашон дар мавриди оянда чист? Муътақиданд, ки кишвари мизбон ба онҳо паноҳандагӣ хоҳад дод? Агар рад кунанд, чӣ нақша доранд? Дар мавриди бозгашт ба Ватан суҳбат карданд?

Салимпур дар меҳмонии тоҷикони паноҳҷӯ: Чӣ диду чӣ шунид?Мирзои Салимпур: Раванди ба даст овардани мақоми расмии паноҳанда дар Аврупо, бар хилофи ончи ки бисёриҳо мегуморанд, чандон содаву осон нест. Паноҳҷӯён чандин дафъа аз ғалбер гузаронда мешаванд, то ҳақиқат ё дурӯғ будани достони чаро паноҳанда шуданаш барои мақомоти муҳоҷирати кишвари мизбон яқин шавад. Паноҳҷӯён байни худ қиссаҳои зиёде мекунанд аз онҳое, ки натавонистаанд мақомоти Олмонро ба ҳақиқат доштани қиссаи худ мутақоид кунанд ва дар натиҷа баъди моҳҳои интизорӣ ба дархости паноҳандагиашон ҷавоби рад гирифтаанд. Дар якуним соли охир беш аз 2000 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон барои мақоми паноҳҷӯ ба Лаҳистон муроҷиат кардаанд, вале то кунун аз ин шумор танҳо як нафар ба дарёфти мақоми расмии паноҳанда дар ин кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо ноил шудааст. Бақия ё то ҳол мунтазири тасмими мақомоти Лаҳистонанд ва ё кайҳо ба кишварҳои дарунтару ободтари Аврупо, асосан ба Олмон ё Австрия паноҳ бурдаанд. Аз ин рӯ, аксари паноҳҷӯёни тоҷик дар мавриди сарнавишташон пешбиниҳои дугуна доранд, касе аз онон, ҳатто онҳое, ки парвандаашон сад дарсад сиёсист, сад дарсад мӯътақид нестанд, ки мақоми паноҳандаро ба даст хоҳанд овард. Аммо бо ин вуҷуд, шумори онҳое ки фикри бозгаштро дошта бошанд, хеле кам аст. Занон шояд бештар аз дурӣ аз Ватан эҳсоси зиқӣ мекунанд, вале бештари мардон бар инанд, ки ояндаи фарзандонашонро бояд ҳатман дар чунин кишварҳои обод бисозанд. Дар кишварҳое ки зимистону тобистон шабу рӯз барқ доранд, давлат касеро дар кӯча гурусна намегузорад ва ҳатто дар фикри хонаводаҳои зоҳиран барояшон тамоман бегонае ҳам ҳаст, ки аз кишварҳои дуре, чун Тоҷикистон, Афғонистон ё Сурия бо умед дари Олмон ё кишварҳои дигари қораи Аврупоро кӯфтаанд.

«Озодагон»: Мақомоти тоҷик мегӯянд, бисёри паноҳҷӯён сиёсӣ нестанду фишор дар Ватан барои бархе баҳонаи роҳёбӣ ба Аврупо шудааст, шумо инро эҳсос кардед? Боз аз қавли мақомот, ки бархе тоҷикистониён ба ҳамин васила мехоҳанд ба ҳаёти беҳтаре даст ёбанд.

Салимпур дар меҳмонии тоҷикони паноҳҷӯ: Чӣ диду чӣ шунид?Мирзои Салимпур: Албатта, дар байни ин садҳо хонаводае, ки аз Тоҷикистон ба Аврупо паноҳ меоранд, онҳое ҳам ҳастанд, ки фурсатро барои дуруст кардани ояндаи худу хонаводаи худ муносиб ёфтаанд. Онҳое ҳам ҳастанд, ки танг шудани вазъи муҳоҷирон дар Русия ба Аврупо тангашон кардааст. Мисли кабконе ки вақте дар кӯҳ ғизо намеёбанд, маҷбур ба рустоҳо пойин мешаванд. Вале сиёсиҳо низ кам нестанд ва худи ин ки моҳи гузашта дар рӯзҳои ҷаласаи солонаи САҲА дар Варшава беш аз 100 муҳоҷири тоҷик намоиши эътирозӣ барпо карданд, худ нишон медиҳад, ки садои парноҳҷӯёни сиёсӣ дар байни ин мардум аз ҳама баландтар аст. Аз ин рӯ, чунин сода гирифтан, ки гӯё ин ҳама хайли бузург гурезаҳои иқтисодианд, дуруст нест. Ёдам ҳаст, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ҷаноби Абдулмаҷид Достиев ҳамин тавр аз минбари телевизион талош мекард, ҳамаро мутақоид бисозад, ки як миллион гурезаи ҷанг дар асл «муҳоҷирони иқтисодӣ»-анд. Ҳоло ҳам айни талошро мушоҳида мекунем. Вале ба сурати умум аз кишвар фирор кардани садҳо хонавода ва паноҳ ҷустани онҳо дар кишварҳое дар фосилаи чанд ҳазор километр дур аз Тоҷикистон тамоюли мусбате нест. Фирори ин мардуми аксаран босавод, мутахассис ва забондон нишон медиҳад, ки ҷомиа ва ҳаёт дар Тоҷикистон ба ҳадде хубу солим нест, ки мо гумон мебарем. Бояд ба ин паҳлуи масъала андешид, вагарна бо чунин сурати кор мо то чанд соли дигар як қишри босаводу кордон ва дар гардондани чархи иқтисоди Тоҷикистон муҳимро аз даст медиҳем.

«Озодагон»: Намояндаҳои кадом касбҳоро дар он ҷо вохӯрдед?

Мирзои Салимпур: Паноҳҷӯёни тоҷик аз касбу қишрҳои гуногуни ҷомиа намояндагӣ мекунанд. Дар байнашон муҳандис ҳам ҳасту коргари оддӣ низ, муаллим ҳам ҳаст, деҳқон ҳам. Бароям аз марде аз Шаҳритӯс қисса карданд, ки зиёд масоили сиёсиро балад нест, вале ҳамроҳ бо зану 5 фарзандаш ба Олмон омадааст. Ӯ гуфтааст, ки дунё ин қадар кишварҳои обод доштаасту ман гаштам ин қадар сол сарсону саргардон байни Русияву Шаҳритӯс. Ин мард бо онки чандон ба фарқи гурӯҳҳои сиёсӣ намеравад, ҳоло дар фикри ин аст, ки чӣ гуна ҷониби мизбонро бовар кунонад, ки ӯ аз «Гурӯҳи 24» ҳимоят мекард ва барои ҳамин тарки Ватан кардааст. Аммо намояндагони қишри босавод, огоҳ ва кордону забондон хеле бештаранд. Ва ин табиӣ ҳам ҳаст, чунки барои расидан то Аврупо каме саводу огоҳӣ ҳам лозим аст. Ман аз ҷумла дастикам 7 хабарнигори ҳирфаӣ ва 5 адибу блогнависи тоҷикро медонам, ки дар Олмон паноҳ бурдаанд.

«Озодагон»: Кишварҳои мизбон ба онҳое, ки паноҳандагӣ медиҳанд, чӣ шароит муҳайё мекунанд? Шарти додани паноҳандагӣ бештар чист?

Салимпур дар меҳмонии тоҷикони паноҳҷӯ: Чӣ диду чӣ шунид?Мирзои Салимпур: Онҳоеро ки аз Олмон дархости паноҳандагӣ мекунанд, ибтидо дар урдугоҳи муваққат ҷой мекунанд, Дар ҳамин ҷо дархости онҳоро сабт мекунанд, ҳамаи аъзои хонаводаи паноҳҷӯро аз тафтиши тиббӣ мегузаронанд ва ба давраҳои аввали таълимӣ, аз ҷумла таълими забони немисӣ ва таълими касб фаро мегиранд. Мо замоне меҳмони яке аз ин хонаводаҳо шудем, ки онҳо баъди тақрибан 5 моҳи зиндагӣ дар урудугоҳи муваққат дар минтақаи Биллифилд дар канори Дортмунд дар шаҳраки Шверте, дар тақрибан 20-километрии ин маркази саноатии Олмон дар бошишгоҳҳои муваққат ҷобаҷо шуда буданд. Чунин бошишгоҳҳо макони дувуми муваққати хонаводаҳои паноҳҷӯ ҳадди ақал дар кишвари Олмон аст. Дар ҳар кадоми чунин бошишгоҳҳо 4 хонавода ҷо дода мешаванд. Ҳаммому таҳоратхона, ҳуҷраи либосшӯӣ ва ошхонаи ин бошишгоҳҳо умумист, вале ба ҳар хонаводаи паноҳҷӯ вобаста ба шумори аъзояш ҳуҷраҳои хоби алоҳида ҷудо мекунанд. Барои мизбони мо, ки се фарзанд дорад, дар яке аз ин бошишгоҳҳо дар канори хонаводаҳои паноҳҷӯ аз Сурияву Афғонистон се ҳуҷра ҷудо кардаанд. Дар инҷо ду фарзанди ин хонаводаи тоҷик алакай ба мактаб мерафтанд ва худи сардори хонавода алакай ба немисӣ хеле балад шудаву дар фикри пайдо кардани як шуғли доимӣ буд. Ӯ дар Шверте низ ба давраҳои забону касбомӯзӣ меравад. Дар ҳамаи муддате, ки дархости паноҳандагии ин афрод баррасӣ мешавад, давлати Олмон ба ҳар узви хонаводаи паноҳҷӯ моҳона 300 евро кумак медиҳанд. Барои мисол, хонаводаи мизбони мо – зану шавҳар ва се фарзанди онҳо - ҷамъулҷамъ дар моҳ 1500 евро мегиранд ва бар илова хадамоти тиббии бепул ва дар қаламрави атрофи урдугоҳ ҳаққи истифодаи бепул аз нақлиёти ҷамъиятиро доранд. Ҳамин тавр, ба онҳо кортҳои боимтиёзе медиҳанд, ки бо чунин корт паноҳҷӯён метавонанд аз супермаркетҳо бо нархи арзон маҳсулот бихаранд. Ин имтиёзҳо то замоне ки дархости хонаводаи паноҳҷӯ дар дасти баррасист, дода мешаванд. Баррасии чунин дархост метавонад то се сол тӯл бикашад ва вобаста ба он аст, ки то кадом ҳад мақомоти Олмон ба қиссаи овардаи ин ё он хонавода бовар мекунанд, то куҷо вазъи кишвареро, ки атбояш фирор кардаанд, барои зиндагии амн номуносиб мешуморанд ва ҳам ба ин вобаста аст, ки то чӣ ҳад ин ё он паноҳҷӯ тавонистааст аз муддате ки барояш дода шуда буд, барои гироиш ба ҷомиаи Олмон истифода бараду дар ин муддат ба забони олмонӣ ва касбу коре балад шавад.

«Озодагон»: Оё паноҳҷӯёни тоҷик медонанд, ки бархе онҳоро дар Ватан “ношукр” мехонанд ва ба ин чӣ назар доранд?

Мирзои Салимпур: Албатта, медонанд, чун ки бисёрии онҳо ҳатто баъди расидан ба Аврупо аз сӯи наздиконашон дар Ватан таҳти «фаҳмондадиҳӣ» боқӣ мемонанд. Хешу табор хонаводаҳои рафтаро ташвиқ мекунанд, ки ба Тоҷикистон баргарданд ва ё ҳадди ақал бо созмонҳои «машкук»-и мухолифин ҳамкорӣ накунанд, ки онҳо дар Ватан дар бало мемонанд. Гурӯҳе ҳам ҳаст ки таҳти чунин шароит дар фикри бозгашт ба Тоҷикистон мешавад, бахусус онҳое ки дар ҳавои «ҳама рафтанд, ман ҳам рафтам» азми муҳоҷират ба Аврупоро кардаанд. Вале онҳое ки ақидатан ва ё ҷазман худро ба чунин маконҳои дур расондаанд, дар фикри фақат як чизанд: собит кардани ҳаққи худу аъзои хонаводаҳояшон ба паноҳандагӣ ва ҷобаҷо шудан дар Аврупо.
Як далели мухолифини фирор аз Тоҷикистону паноҳ овардан ба кишварҳои дигар мисраи машҳури «Хоки Ватан аз тахти Сулаймон хуштар» аст.
Аммо онҳое ки алакай ҳиҷрат кардаанд ва ё тоза қасдашро доранд, низ аз классикони мо далел меоранд, аз ҷумла аз Саъдӣ, ки умреро дар ғурбат сипарӣ кардааст:

Саъдиё, ҳубби Ватан гарчӣ каломест шариф,
Натавон зист ба сахтӣ, ки ман инҷо зодам.

«Озодагон»: Ҳисоби паноҳҷӯёни тоҷик ба садҳост ё ҳазорҳост? Аз чӣ роҳ ҳамроҳи кӯдакҳояшон худро ба Олмон расондаанд?

Салимпур дар меҳмонии тоҷикони паноҳҷӯ: Чӣ диду чӣ шунид?Мирзои Салимпур: Аксари паноҳҷӯёни тоҷик аз роҳи Брест, яъне аз марзи Беларус бо Полша вориди Иттиҳодияи Аврупо мешаванд. Ба нақли худашон, баъди гузаштан аз марз бисёриҳо ба таксиҳо нишаста, рост ба Олмон мераванд, чунки шароите ки дар Олмон ба паноҳҷӯён медиҳанд, назар ба кишварҳои Аврупои шарқӣ, мисли Полша ё Чехия хеле беҳтар аст. Ин роҳ тоза барои паноҳҷӯёни тоҷик маълум шуд ва шуморашон алакай аз марзи ҳазорон гузаштаву рӯз то рӯз дар ҳоли афзудан аст. Дарвозаи Аврупо барои паноҳҷӯёни тоҷик, тавре гуфтам, Полша ё Лаҳистон аст. Ба ҳисоби мақомоти ин кишвар, танҳо дар соли 2015 ва 5 моҳи аввали соли 2016 аз идораи муҳоҷирати пулиси Полша, 1191 шаҳрванди Тоҷикистон дархости паноҳандагӣ кардаанд. Дар соли гузашта агар аз Лаҳистон 541 шаҳрванди тоҷик дархости паноҳ карда бошанд, дар 5 моҳи аввали соли ҷорӣ шумори чунин афрод ба 650 нафар расидааст. Ин 4 маротиба бештар аз ҷамъи шаҳрвандони тоҷикест, ки дар 23 соли қаблии истиқлоли Тоҷикистон (1992-2014) аз Полша паноҳ хостаанд! Ва ин тамоюли мусбат ё обрӯоваре барои кишвари мо нест. Ин сели муҳоҷирон фикреро дар зеҳни нухбагони аврупоӣ талқин хоҳад кард, ки вазъ дар Тоҷикистон ба гунае собиту ором нест, ки ҳукуматдоронаш мехоҳанд тасвир кунанд. Чунин фикр, албатта, ба тасмимгириҳои оянда нисбат ба Тоҷикистон, аз ҷумла дар мавриди сармоягузорӣ ба ин кишвар ва ироаи ёриҳои иқтисодӣ таъсири худро мегузорад. Вале чизи мусбат дар ин тамоюл, ба назари ман, баъди чоряк асри умед бастан танҳо ба Русия билохира ба густураҳои фаротар аз танҳо як Русия фикр кардани мардуми мост. Аммо ин фикрҳо ва ин тамоюл дар ниҳоят чӣ мевае хоҳад овард, дар солҳои наздик хоҳем дид ва натиҷаҳои дарозмуддаташро каме дертар, вақте нахустин насли ин хонаводаҳои имрӯз паноҳҷӯ дар Аврупо ба камол расида ва ба пои худ рост хоҳанд шуд.
Мӯҳр
ф
Хамон давраи шурави сад бор бехтар буд. Мардум ин хел овора набуд, хама сарчамъ дар Точикистон буд. Хама сохиби чои кор, сарпанох ва як бурда нон буд. Худо зад мардуми точикро бо ин истиклолият.

эхе мо дар назди тв-хои точикистон шишта фикр мекардем аз точикистон дида давлати пешрафта дигар нест

мухочир
Дар кучои намерави хамаи мардум, алалхусус чавонон рохи хичрат ба Аврупоро мехоханд, барои он,ки дар Точикистон на чои кор хасту на барку на маоши нагз ва сатхи зиндагии мардум руз то руз паст шуда истодааст.

Дар хакикат зиндаги мушкил аст. На факат дар Точикистон, балки дар аксари чумхурихои пасошурави. Аз як сохти давлатдори ба дигар сохт гузаштан албата мушкилии сиёси, иктисоди ва ичтимоиро ба бор меорад. Бовари хаст, ки хамаи ин мушкилихо паси сар хохад шуд. Танхо аз мо захмат кашидану сабру токатро такозо мекунад. Аз зиндаги харосидан даркор нест, зиндаги худ мубориза аст. Агар хамаи мо мушкилиро бахона карда, тарки Ватан кунем, ки кишварамонро обод мекунад. Сустиродаги моро ба гуруххои чиноятпешаи трансмилли мепайвандад....

Касби саводи кофи ва таминоти ичтимоьи хаки мусалами хар инсонаст.
Бо камоли таасуф дар точикистон ин ду чизи асоси марбут ба афроди зургую вазифадор аст ки дар ихтиёри худ гирифтаанд ва бо мардум ба мисли селаи гусфанд рафтор мекунанд .

Бе ягон коркуни хар мох 1500 евро, хона ва боз имтиёзхо? Инро хонда, дигарон хам дар фикр мезананд, ки бачу кача гирифта як панохпурси равам чи? Нашавад, боз гашта меоям якчанд хазор евро чамъ карда.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)