Наврӯз мегӯяд, аз гову бузчаронӣ хизмат беҳтар аст, аммо...
Як ҷавони 26-сола мегӯяд, мехост бо хоҳиши худ ба хизмати артиш биравад, аммо модараш ӯро нагузошт.
Ба гуфтаи Наврӯз Собиров, сокини ҷамоати Худоёр Раҷабови ноҳияи Восеъ баъди хатми мактаби миёна имкони дохил шудан ба мактаби олиро надошт ва ба Русия мардикорӣ рафт. Ӯ дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт: “Се сол дар Русия кор карда, соли 2013 Тоҷикистон омадам. Модару падарам байни худ зиёд ҷанҷол мекарданд. Баъди як сол ба шаҳри Остонаи Қазоқистон мардикорӣ рафтам, аммо кори хуб пайдо накарда, баъдид шаш моҳ баргаштам”.
Наврӯз мегӯяд, то имрӯз даҳҳо маротиба аз комиссари ҳарбӣ барояш даъватнома овардаанд, аммо модараш намегузорад, ки ба артиш биравад. “Вақте даъвати тирамоҳӣ сар шуд, ба ҷамоат рафта гуфтам, ки хапу дам маро ба комиссарити ҳарбӣ баред, зеро аз чаронидани гову буз беҳтар аст, ки рафта хизмат кунам. Дар комиссариат аз духтур гузашта, барои рафтан тайёрӣ медидам, ки модарам хабар шуда, рӯзи қабули раиси ноҳия наздаш медарояд ва худро ба замин партофта, аз ҳуш меравад. Ӯро ба беморхона бурда, баъдан ба назди ман ба комиссариати ҳарбӣ оварданд. Баъди илтиҷо ва зории модарам раиси ноҳия маро ҷавоб дод”,-илова намуд ӯ.
Раҳмоналӣ Холов, комисари Камиссариати ҳарбии ноҳия Восеъ ба “Озодагон” тасдиқ намуд, ки Наврӯз Собиров бо хоҳиши худ ба комиссариат омад: “Бо амри раиси ноҳия, ки намояндаи Президент аст, ӯро ҷавоб додем”.
Талоши хабарнигори мо барои суҳбат бо модари Наврӯз бенатиҷа буд, аммо аз беморхонаи марказии ноҳия гуфтанд, баъди ӯро ба инҷо овардан, ба саломатиаш хатаре таҳдид намекард, зуд ҷавобаш доданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |