Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 22 май 2019, 03:31

Бозгашти Муҳсин Муҳаммадиев ба футболи тоҷик ба ҳайси сармураббӣ

31 октябр 2016, 13:46

Муҳсин Муҳаммадиев, ки моҳи июли соли 2015 аз мақоми сармураббии мунтахаби футболи Тоҷикистон истеъфо дод, имрӯз, 31-уми октябр ба ҳайси сармураббии тими “Истиқлол”-и Душанбе ба футболи тоҷик баргашт.

Дар ин бора аз бошгоҳи тими “Истиқлол” ба “Озодагон” иттилоъ дода, афзуданд, ки маросими бастани шартнома бо Муҳаммадиев имрӯз, 31-уми октябр дар қароргоҳи даста сурат гирифт.

Ба иттилои манбаъ, Муҳсин Муҳаммадиев собиқ ҳамлагари тими овозадори “Помир” ва сармураббии мунтахаби Тоҷикистон барои се сол бо дастаи “Истиқлол” шартнома бастааст. Манбаъ мегӯяд, сармураббии навтаъйини даста фаъолияташро баъди анҷоми мавсими футболи ҳозира оғоз хоҳад кард.

Муҳаммадиев тобистони соли гузашта ба далели нокомии мунтахаби Тоҷикистон дар даври интихобии Ҷоми Ҷаҳон аз мақоми сармураббии дастаи мунтахаб истеъфо дода буд ва давоми беш аз як соли охир ҳеч мақоми расмие надошт.

Дар мақоми сармураббии дастаи “Истиқлол” баъди барканории Мубин Эргашев то ҳол Никола Лазаревич, мутахассиси 38-сола аз Сербияг фаъолият дошт.



Бозгашти Муҳсин Муҳаммадиев ба футболи тоҷик ба ҳайси сармураббӣ

Бозгашти Муҳсин Муҳаммадиев ба футболи тоҷик ба ҳайси сармураббӣ

Бозгашти Муҳсин Муҳаммадиев ба футболи тоҷик ба ҳайси сармураббӣ


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!