Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 21 феврал 2019, 04:06

Ҳимояти Шӯрои уламо аз либоси миллӣ ва фатво алайҳи либоси тангу кӯтоҳ

1 ноябр 2016, 12:52

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон бори дигар ба масъалаи либоспӯшӣ дахл карда, либоси миллиро беҳтарин ва поку ҳалол хондааст.

Ин ниҳод дар посух ба суоли корбараш дар мавриди “фатапӯшӣ”-и духтарон изҳор доштааст, ки “аз дидгоҳи шариати муқаддаси Ислом ва фиқҳи ҳанафӣ риоя кардани либосе, ки андомро аз бараҳнагӣ нигаҳ медорад, ҳатмист”.

Шӯрои уламо таъкид кардааст, либоси тангу кӯтоҳе, ки аз пӯшидани он аъзои бадан намоён мегарданд, ҳукми бараҳнагиро дорад: "Бинобар ин, аз чунин либосҳо парҳез бояд кард, хусусан дар маҳфилҳо. Агар либоси арӯсӣ тавре дӯхта шудааст, ки аъзои бадани арӯс дида ва ё намоён намешавад, ба тан кардани он ҳеҷ боке надорад ва домод низ даюс намегардад”.

Шӯро барои духтарон тавсия додааст, “аз ҳама беҳтар ва поку ҳалол либоси миллиро, ки дар он ҳаё бошад, дар бар намоянд”.

Ин дар ҳолест, ки ахиран Александр Василев, таърихшиноси муд ва барандаи барномаи маъруфи “Модный приговор”-и шабакаи аввали Русия гуфт, даҳ соли оянда муди исломӣ ҳукмфармо хоҳад буд. Василев дар суҳбат бо “Спутник Тоҷикистон” изҳор доштааст, муд ояндаи дигар надорад, зеро комилан бараҳна шуд: “Муд ногузир майл ба Ислом хоҳад кард. Ҳиҷобу рӯсариҳо бештар хоҳанд шуд. Ҷойгоҳи мусалмонҳо дар олами муд васеътар шудааст ва ин раванд ҷаҳонӣ гардидааст”.

Ӯ афзудааст, ки аз ин раванд хурсанд ё хафа нест, ин воқеият аст. Василев мегӯяд, либоси аслии масеҳиҳо низ, ки имрӯз дар колисоҳо ҳаст, аз либосҳои исломӣ чандон фарқ надорад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Вакте, ки ягон арусро бинам, ки рузи тяш сатр дар бар дорад, дар дилам мегуям: РАХМАТ БАР ПАДАРУ МОДАРАТ БА ЧУНИН ТАРБИЯАШОН.
Мард бояд номуси мусалмонияшро аз даст надихад, чунки марди бе нангу бе беномус, дар назари ягонкас кадр надорад.

Пушти по зан тахти кайковусро,
Сар бидех аз даст мадех, номусро,
Шамъи кач, бисузад пардаи фонусро,
Кавми бе гайрат чи донад киммати номусро?!
Посух додан
  • shahrbandi behuquq

  • 1 ноябр 2016 16:38
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чаноби муфти гуед ки шавхари занхои бехичоб даюс мешаванд ё не?ва хукми онхое ки мачбури занони моро сатрашонро мекашанду бародаронро ришашона метарошанд чист?
Посух додан
  • абдукудус

  • 1 ноябр 2016 17:51
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чаноби муфти ало хазрат шумо бигуед хизмати динро карда истодаед йо ин ки хизмати мансабдорхоро ки зиндагиатон гарм гузарад

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!