Бахшҳо
01 ноя 2016 15:22Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Вазорати мудофиа: Як моҳи даъват бе “облава” гузашт

Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон нахустин шуда, нақшаи даъвати тирамоҳии наваскаронро 100% иҷро кардааст.

Дар ин бора аз Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ дода, афзуданд, ки нақшаи даъвати тирамоҳӣ дар вилояти Хатлон-96% ва дар вилояти Суғд- 94%-ро ташкил медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, иҷрои нақшаи даъват дар навоҳии тобеи марказ 81%, дар пойтахт 81% ва дар сатҳи ҷумҳурӣ 91%-ро ташкил медиҳад.

Вазорати дифоъ афзуд, тайи як моҳи даъват ба хидмати ҳарбӣ 35 шаҳру навоҳии кишвар аз иҷрои нақша хабар дода, ягон арзу шикоят дар бораи “облава” ворид нагаштааст.

Тибқи фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки 3 сентябри соли равон содир шуд, моҳҳои октябр-ноябри соли 2016 “шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18 расида, инчунин шаҳрвандони синну соли калонтари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани мӯҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бригадаи посбоникунандаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” даъват карда мешаванд.
Мӯҳр
Ин ки бе облава гузашт дуруг аст. Писари ман дар донишкада мехонад вале уро облава ба комисариат бурд дар нохияи Вахдат ва бо даводав ки у донишчу аст бад аз комисарият чавоб доданд. Дар нохияи Вахдат чамоати Абдулвосиев хама вакт облава кор мекунад агар чанде бачахо ихтиёран ба хизмат мераванд. Облавчикхо аз ин пул кор мекунанд. Харчанд ба чамоат шикоят мекунем аммо натича нест. Повестка намедиханд ва яке якбора облава мекунанд. Кай ростгуиро ёд мегиред?

Рустам
Ман худ шохиди облава дар шахри Душанбе будам. Хатто як чавон аз комисиарати И. Сомони баромада гирякунон мегуфт, ки уро заданд. Озодагон назди хар кадом комисиарат равед худ мебинед хакикати холро

озодагон ту вазорати мудофиаро тухмат накун онхо ин гапро намегуян харчанд аз онхо хам бовари нест

Дируз дар нохияи шахринав як писари синфи 10-11 ро ду мошин бо зуровари бурдан мо тарсидемки инхо одамрабоён (дузхо) будан

Бад фахмидем ки аблава будаян онхо

Бечора чавон талха палхаш кафид то фахмид аблава))
Дубори дигар хаму чавона бо хамин тарз капан. Аз тарс. Негодни мешавад

Ба гуфти худтон рекорд заден? Косаи сабртон лабрез шуд? Начинайте тогда бо накафен ...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)