Бахшҳо

Қадрдонии тоҷири қирғизе, ки духтари ғарқшудаи тоҷикро наҷот дод

Шаҳрдори Бодканди Қирғизистон як тоҷири маҳаллиро барои аз ғарқшавӣ наҷот додани як сокини Исфараи Тоҷикистон қадрдонӣ кардааст.

Расонаҳои Қирғизистон мегӯянд, Гапарали Матазиев, раиси шаҳри Ботканд ба Абдусаттор Содиқов сипоснома ва туҳфаи пулӣ ҳадя карда, гуфтааст, ки амали Содиқов муносибатҳои қавмии тоҷикону қирғизҳоро мустаҳкамтар хоҳад кард: “Абдусаттор ба хунукӣ нигоҳ накарда, ба об даромад ва он занро наҷот дод. Чунин аъмол бояд барои дигарон ибрат шавад”.

Расонаҳо менависанд, 31 октябр ин тоҷири қирғиз як духтари тоҷики зодаи ноҳияи Исфараро, ки дар канал ғарқ шуд, дар ҳудуди Мин-Оруқи наздикии деҳаи Кӯктоши вилояти Ботканд наҷот додаст. Гуфта мешавад, Содиқов ҳангоми сафар ба қишлоқи Ортобоз, ки он ҷо боғчаи бачагона бунёд мекунад, духтари дар ҳоли ғарқшавиро дида, ӯро наҷот медиҳад.

Абдусаттор гуфтааст, духтар тақрибан 15-16-сола буд ва барои ба деҳааш фиристодан ӯро ба сарҳадбонони қирғиз доданд.
Мӯҳр
Хуб мебуд агар сарвари минтакаи хамсархади марбутаи Точикистони мо низ (бехтараш дар сатхи вилоят) ба ин ташаббуси бародарони киргиз пайрави кунад ва изхори сипос хам ба Раиси шахри Бодканду хам, бахусус, ба кахрамони он ходиса - Абдусаттор Содиков омиле мешуд тахкиму таквиятдихандаи муносибатхои дустонаву бародаронаи мардумони ду кишвар. Хело мехостам ин фурсату ин имконият аз даст наравад.
Бо эхтиром,

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)