Бахшҳо

Тафаккури камбағалӣ: Аз иҷтимоъ то сиёсат

Иршод СУЛАЙМОНӢ

Яке аз мушкилоти музмин ва ё таърихие, ки моро фаро гирифта, имрӯз омили бадбахтиҳои зиёде барои миллат ва давлати мо шудааст, ба таври решаӣ ҷойгир будани тафаккури камбағалӣ дар аксари қишрҳои ҷомеаи мост.

Тафаккури камбағалӣ умдатан бар асоси ду омил: гуруснагии руҳу ҳуш (мутолааи кам) ва нодории иқтисодӣ бар инсонҳо ҳоким мешавад.
Тоҷикон дар тӯли таърих агар дар шаҳрҳо ва марказҳои маъмурӣ ба сифати мардуми ашрофзода ва ё аристократ ташакул меёфтанд, вале бо тағйир ёфтани низомҳои сиёсӣ ва роҳбарони сиёсӣ, қишри ашрофзода ба сифати як ниҳоди иҷтимоии таъсиргузор дар тасмимгириҳои сиёсӣ шакл нагирифт. Аз ҷониби дигар дар замоне, ки (қарнҳои 18, 19 ва 20) қишри буржуа ва ё сарватмандон яке аз ниҳодҳои бисёр муассире дар шаклгирии миллат, давлат ва дигар институтҳои миллӣ дар Ғарб шуданд, дар кишварҳои мо бар асари нобаробариҳои иҷтимоиву сиёсӣ ҳамин қишр натавонист, шакл бигирад. Дар пёни ҳукумати Манғитиҳо баъзе аз хонаводаҳои дорову сарватманди Бухоро (хонаводаи Абдуқодир Муҳиддинов, Файзулло Хоҷаев ва дигарон) зери таъсири ҳаводиси сиёсии олам хостанд ба тасмимгириҳои ҳукумат таъсир бугузоранд, вале бо пирӯзии болшавикҳо ин ҳаракат шакл ногирифта шикаст хӯрд.

Аз тарафи дигар, ҳарчанд тоҷикон дар тадовуми таърих аз мардумони аҳли китоб ва мутолааи минтақа буданд, вале қишри дорои савод ва китобхон ба далелҳои рӯшан хеле қисми ками мардумро фаро мегирифт. Хондан (мутолаа), мактабу мадрасахонӣ ҳеч вақте ҳамагонӣ набуд ва шояд дар тамоми давраҳои таърих (то замони Шӯравӣ) 80 дарсади мардуми мо аз мутолаа ва илм дур буданд. Ин омил ҳам барои ташаккул ёфтани қишри дорои тафаккури ашрофӣ (ки имрӯз ҷомеаи шаҳрвандӣ номида мешавад) таъсири худро гузошт. Нодорӣ ва қашшоқии 90 дарсади мардум сабаби асосии ниҳодина шудани тафаккури кабағалӣ дар равон ва тиннати мардум шуд.

Дар замони Шӯравӣ ҳам мардуми тоҷик то солҳои 70-ум дунболи як бурда нон саргардон буд. Тоза мардум аз тафаккур ва ҳолати камбағалӣ берун шудан дошт, ки Шӯравӣ бо ҳама афсонаҳояш фурӯ пошид ва мардуми тоҷик камбағал боқӣ монд. Албатта камбағалии таърихӣ, камбағалии моддӣ таъсири амиқе ба равон ва тафаккури мардуми мо гузошт. Ба гунае, ки дар мардуми мо тафаккури камбағалӣ ба таври бисёр пойдоре ниҳодина шуд.

Мардумони дорои тафаккури камбағалӣ ҳамеша аз доштаҳо ва дороиҳои дигарон нороҳатанд (дороӣ ҳам ба маънии иқтисодӣ ва ҳам маънавӣ). Аз нодории худ пушаймонанд, дороии дигаронро “мардона” намепазиранд, ҳасад мехуранд ва бахилӣ мекунанд. Мардумоне, ки тафаккури дигар доранд дар ин гуна ҳолот талош мекунанд, ки нодории худро аз роҳи ҳунар ҷуброн кунанд, вале мардуме, ки тафаккури камбағалӣ дорад номуваффақии худро мехоҳад бо роҳи фасод, дуздиву ғорати мардуми доро пӯшиш диҳанд. Мардуми дорои ин гуна тафаккур доштаҳои дигаронро ҳисоб мекунанд ва доим дар фикри онанд, ки чӣ гуна он мардум доро шуданд, вале ҳеч гоҳ талоши воқеӣ намекунанд, ки худ ҳам доро бишаванд.

Бо вуҷуди ин ки аксарияти тоҷикон дар даврони шӯравӣ донишгоҳ хонданд, аз таҷрибаҳои муваффақи илму амали дунё хабардор шуданд, соҳиби олиму академикҳо шудем, вале аксари кулли ҷомеа ва мардуми мо бо тафаккури камбағалӣ боқӣ монд. Фурӯпошии зудҳангоми Шӯравӣ нагузошт, ки аз ҳисоби тоҷикон “инсони типпи нав ва ё тоҷикони сусиёлист” шакл бигиранд. Ва бо тағйир ёфтани низоми сиёсӣ қишри элитарии Шуравӣ аслан нуфузи худро дар ҷомеа гум кард ва зарурат пеш омад, ки дар ин мақтаи замонӣ тафаккуру равони наве зери таъсири муҳити ҳоким ва қудрати сиёсӣ шакл бигирад.

Бар асоси ҳаводиси сиёсӣ ва ноҷуриҳои замон аксари мансабдороне, ки дар ҳама сутуҳ ба раҳбарӣ ва қудрат расиданд бо тафаккури камбағалии худ вориди ниҳодҳои давлатӣ шуданд. Ин буд, ки онҳо ба ҷойи обод кардани вазорату идораҳои худ ба обод кардани хонаву дари худу аҷдоди худ пардохтанд. Идораву вазоратҳои худро ба ҳадде хароб карданд, ки ҳанӯз ҳам хеле корҳо дар сатҳи сифр боқӣ мондааст ва ҳар мансабдоре, ки дар ин ниҳодҳо меояд ҳамеша мегӯяд, ки мо тақрибан корро аз сифр шуруъ кардем.

Тафаккури камбағалии мо боис шуд, ки мо дар давлат ва мансабҳо ба фасоду харобӣ даст бизанем ва то метавонем давлати худро ғадр кунем. Ҳатто ин тафаккур ба гунае дар равони мардуми мо ва мансабдорони мо ҳоким аст, ки ҳар мансабдоре, ки бо “роҳҳои қонунӣ” бештар бидуздад ва давлатро ғорат кунад, ҳамон мансабдори муваффақ аст.

Ҳоло ҳам ин тафаккур дар ҷомеаи мо ҳоким аст ва бадбахтона яке аз иллатҳои сарафгандагии миллии мост. Ин тафаккури ҳоким мисли заҳрпечак иҷтимои моро фаро гирифтааст. Ҳамин аст, ки як довталаб ба факултаи ҳуқуқ ва ё Донишгоҳи тибб то 18 ҳазор дуллор ришва медиҳад, ки пазируфта шавад. Вале дар ин тахассусҳои маоши як корманди миёна аз 1500 сомонӣ беш нест. Вале дар ин тахассусҳо имкони дуздиву ғорат кардани мардум зиёд аст. Ин танҳо як мисол аст. Мисолҳои дигар даҳшатафкананд...

Журналисти варзидаи рус (шӯравӣ) Борис Чехонин дар китоби маъруфаш “Рӯзноманигорӣ ва истихборот” менависад, ки дар Токио ҳамсояи президенти ширкати номошнои “Toshiba” Тосио Доко буд, ки дар як хонаи муқаррарие зиндагӣ мекард. Замоне Чехонин бо ӯ мусоҳиба мекунад ва як суол медиҳад: Чаро чунин хоксорона зиндагӣ мекунед?

Доко посух медиҳад: Ин ҳама дар оянда бояд шавад, ҳоло мо танҳо дар мавриди кишвар меандешем (Я спросил его: почему так скромно живете? Он, подумав, ответил: "Все в будущем, а пока надо думать о стране).

Феълан барои Тоҷикистон тафаккуре мисли Доко зарур, ки хоксорона зиндагӣ кунад, вале ба Ватан шаҳомат бибахшад, на тафаккуре камбағалӣ, ки дар қасрҳои муҷаллои миллиондолларӣ зиндагӣ кунем, вале ҳастии Ватан ба чор тангаи муҳоҷирини хиёбонҳову таҳхонаҳои Русия вобаста бошад...
Мӯҳр
ислом
Салом!!! Иршод. Бисьёр мавзухои чолиби диккат ва хонданибоб менависи бародар.Лекин хами мавзухо, ба мо барин синфи камбагал писанд меояд ба одамони дорро не.Ба мо камбагалон ба гайр аз як бурда нони кок ва кулбаи хаси дигар хеч чиз даркор нест.Мо аз камбагалони солхои Шурави бисьёр фарк мекунем.Рафтору кирдори ин мансабдорон ким кай ба дили мо задаги.Фикрхои шуморо дастгири мекунем лекин бо гап сари хаму камбагали меравад аз дасти мо ба гайр аз як пиёла чой дигар хеч чиз намеояд.Боки саломат бошед.

Факир
Камбагали айб нест.

Мухочир
Офарин ИРШОД ин навиштахоро мехонам ва фикр мекунам чоизаи ЛОХУТИ бархадар нарафтай зинада бошед

содда
Аввалша ика соз напахмидм неки дар ахирш гапои хуб гуптай.

лақайимақомот
Садҳо бор бар падару аҷдодат ташаккури бепоён Иршодҷони азизу ватандуст, дурусти дуруст навишти, барои ман махсусан иқтибоси сатри охири раиси ширкати "Ташиба" таъсиргузор ва намунаи ибрат буд. Тамоми корхонаҳои саноати ва замини ватанро ки аз тарафи мансабдорони тафаккури камбағалидошта, ки таи 25 соли охир шахси карда шуда ва ғайриқонуни "легализация" шудааст, хамчун моли миллат хисобида, миллӣ карда шавад.

США
Феълан барои Тоҷикистон тафаккуре мисли Доко зарур, ки хоксорона зиндагӣ кунад, вале ба Ватан шаҳомат бибахшад, на тафаккуре камбағалӣ, ки дар қасрҳои муҷаллои миллиондолларӣ зиндагӣ кунем, вале ҳастии Ватан ба чор тангаи муҳоҷирини хиёбонҳову таҳхонаҳои Русия вобаста бошад...

salam irshad barodar oya in matniki tu menavisi hamai mardumi mekhondagii mutavajeh meshavand

Абдол
Хамватани азиз Шумо мавзуеро бардоштааед, ки барои он бахс намудан ва минбаъд чорандеши намудан аз манфиат холи нест. Ин дарди кухнаи миллати мост. ки ба хазорсолахо меравад. Хиёнат ба саркардахои худ аз Деваштичу Спитамен, дар дашти арасот танхо мондани Мунтасир(Исмоил аз охирин подшохони Сомониён) ва туъмаи туркони Карахони намудани У АЛБАТТА бо бо ёрии элитаи онвактаамон, хиёнати точиктаборон(аз чумлаи точикони аз кадим шахрнишини мо) аз марказхои тамадунамон дар вакти табартаксими Осиёи миёна, бо калучу мушт задани Каххор Махкамов ва Рахмон Набиев,( садхо хазор хамватанонро бо дасти худ куштем) инчунин суикасд ба Сарварони имрузаи мо магар ин аз тафаккури гайрирационалии мо дарак намедихад. Биёед мо гунохро ба ин ё он гурух намонем. Мо хама дар мачмуъ дар доираи ин тафаккури тахрезишудаи миллиямон, ки пур аз камбудихо хаст ва сабаби шикасту рехти мо мешавад зиндаги дорем. Бародари азиз барои аз навсохтан сохтан ё табобат намудани ин тафаккур вакт , ирода, ва кадру система лозим аст.

Заррин
Агар дар тули таърих мо мутахидшуда акалан 200- 300 сол давлати худро нигох медоштем он гох акаллан мо халкият мешудем ва барои тафаккури умумимиллиямон имруз замина мегузоштем ва аз кашмакашу якдигарбезори зуд халос мешудем. Мо то хозир бо хайёлу орзухо зиндаги дорем. Гумон дорам макола барои хамаи кишри чомеа бори дигар ба худ нигаристанро далолат мекунад, руирост гуфтан бегараз гуфтан кори дустон аст.

мехмон
Иршод кадом намуди камбагалиро дар назар доред ? Камбагалии моли ё маънави?

Аҷибаш он аст, ки бархе аз кишварҳои мусулмонӣ ба ин ҳолат мувоҷеанд. Ақалияти мардумаш дар "қасрҳои муҷаллои миллиондолларӣ зиндагӣ" мекунанду аксарияти аҳолиашон ба фақри бесобиқаи моддӣ ва маънавӣ гирифторанд......

бустон
Бародари азиз ба мусулмононхо он кадар хос инро начаспонем хам мешавад,зеро яквактхо ин дардхо дар давлатхои Европа, Америка низ буд, яъне аввалин сармоя(первоначальное накопления) бо рохи гайриконуни бадастовардан маблаг ё аз истесмори синфи мазлум аст. Аввал капитализм вахши аст (дикий) ва баъд дар муддати садсолахо бо таъсири харакатхои коргари ба давлати ичтимои табдил меёбад. Инро дар мисоли давлатхои Европа баръало мушохида карда метавонем. Таърихи Англияро дар асри 17-18 хонед, як гуфтание хаст "гусфанд одамро мехурад".


Devona
Bad nest, agar odam dar kambagali(iktisodi) nishasta boshad, vale hele bad agar kambagali dar odam nishasta boshad.

Бостон
офарин бар ту ва падаре туро тарбия кардааст ва модаре ки туро зодааст
Иршод

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)