Бахшҳо

Таҳдиди Русия барои қатъи парвозҳо ба Тоҷикистон ва посухи Душанбе

Русия таҳдид кардааст, ки агар Тоҷикистон барои парвози ҳавопаймоҳои ин кишвар аз фурудгоҳи Жуковский ба шаҳрҳои Хуҷанду Душанбе иҷозат надиҳад, аз ҳафтаи оянда алоқаи ҳавоӣ миёни ин ду кишвар комилан қатъ хоҳад шуд.

Дар ин бора расонаҳои Русия аз қавли Вазорати нақлиёти ин кишвар иттилоъ дода, афзудаанд, ки ин иқдом посух ба саркашии мақомоти Тоҷикистон аст.
Ба иттилои масъулини Вазорати нақлиёти Русия ҷониби Тоҷикистон барои парвозҳо аз фурудгоҳи нави Жуковск ба Душанбею Хуҷанд иҷозат надодааст, ба он далел, ки Русия тариқи яктарафа мехоҳад саҳмашро дар бозори мусофирбарии ду кишвар зиёд намояд: “Барои анҷоми парвозҳо аз Жуковск ба Душанбею Хуҷанд ширкати русии “Уралские авиалинии” таъин шудаст, аммо мақомоти Тоҷикистон мухолифи ин иқдоманд. Ҷониби Тоҷикистон мегӯяд, Жуковск чорумин фурудгоҳи Маскав хоҳад буд, ки аз он ба Тоҷикистон парвозҳо анҷом дода мешаванд ва ин тариқи яктарафа зиёд намудани саҳми Русия аст. Барои иҷозати парвоз бояд созишномаи дуҷониба дар умури алоқаи ҳавоӣ бозбинӣ шавад”.

Аммо Русия иддао дорад, ки ба Маскав фурудгоҳҳои Внуково, Домодедово, Шереметево рабт доранд ва фурудгоҳи байналмилалии Жуковск, ки моҳи майи соли равон мавриди истифода қарор гирифт, ба Раменск шомил аст.

Русия иддао дорад, ки талоши Тоҷикистон барои муайян намудани мақоми фурудгоҳ дахолат ба умури дохилии мақомоти Русия мебошад. Русия ҳушдор додааст, ки дар сурати пофишории мақомоти тоҷик ба мавқеашон аз 8-уми ноябри соли равон алоқаи ҳавоӣ бо Тоҷикистон қатъ хоҳад шуд.

Аммо Вазорати нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд, баррасии ин масъала даҳаи сеюми моҳи ноябр дар назар аст. Ба иттилои манбаъ айни ҳол дар самти Маскав ду ширкати тоҷикистонӣ ва ду ширкати русиягӣ парвозҳоро анҷом медиҳанд: “Парвозҳо аз фурудгоҳи нави Жуковск метавонанд барои ширкатҳо зараровар бошанд. Ин масъала дар асоси созишномаи дуҷониба бояд ҳал шавад”.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, барои анҷоми парвозҳо ба ширкатҳои Русия то моҳи марти соли равон иҷозатнома додаанд, аммо ҷониби Русия дар мавриди додани иҷозатнома ба ширкатҳои тоҷикистонӣ таъхиркорӣ мекунад: “Муҳлти иҷозати ширкатҳои тоҷикистонӣ охири моҳи равон анҷом меёбад. Баррасии ин масъалаҳо моҳи даҳаи сеюми моҳи ноябр дар назар аст”.
Мӯҳр
ali
Барои мардуми бечораи точик мухим нархи арзон аст аммо барои хукуматдорони мо мухим кисаи гафсу шиками сернашавандаашон,хафтаи гузашта компанияхои руси нархро то 400сомони ба самти Москаву Питер карданд аммо аз тарафи сомон эйру точик эйр дар хоби шабамон чунин акцияхоро мебинем.

Ин чи гуна шарики стратеги будааст ки аз тахдидид кор мегирифтааст. Ин гуна бародари калониро чуб задан лозим. Украина ки аз Руся тамоман руй гардонидааст аммо нисбати онхо аз чунин тахдид истифода намекунанд. Мо ки аз мавкеи географи нисбатан дуртар чой гирифтаем ва русхо вобастагии камтар нисбати мо доранд.

Солех
Мухим он набояд бошад, ки аз кучо парвоз мекунад. Мухим ин аст, ки Жуковск то кучо барои мусофирон кулай аст.

Як пешниход ба Озодагон. Аз Шумо эхтиромона хохиш мекунем ки фикри депутатхои точикро нисбати тахдидхо аз суи шарики "статеги" бигиред ва чоп кунед. Ку бубинем то чи андоза ватандусту миллатдустанд. То кучо давлати Точикистонро химоят мекунанд. Русхо ба киргизхо чунин тахдид карда наметавонанд чунки вакилону сиёсатмадорони зиёд дорад ки зиди русхо сухан мекунад. Аммо мо чи? дорем ин гуна вакилоне ки манфиати милли моро болотар аз русхо гузоранд?
Русхоро камтар зуршон бияд, расонахои руси Жирику Онишенкоро дар сахна мебароранд. Расонахои мо чи? Оё метавонанд манфиати Точикистонва ширкатхои точикиро химоят кунанд? Охир дар ин ширкатхои точики садхои точик кор мекун инхо ки бо тахдид чои ширкатхои ватании моро бигиранд? Ин мардуми мо кай аз гуломии русхо халос мешаванд?.
Озодагон илтимос ин хохиши моро ичро кунед.

гарени
рейс зиед=нархи арзон.ба фоидаи ки?

Ман як пешниход дорам: хозир аксарияти мардум аз Россия,Киргизия ва Украину Беларусь, Узбакистон барои кор ба южная Корея мераванд чаро мо имконият надорем??? Ончо ба миллату мазхаб нигох накарда бо хама хуб муросо мекунанд ва корхои пулдор хам хаст ончо!!! Якмоха маъош дар Корея миёна то 10000 сомони мухочирон кор мекунанд!!! Бигузор ин ширкатхо низ аз Душанбе прямой рейс кушоян то Корея. Хозир бисёрихо дар фикри рафтан ба Корея астан вале аз сабаби мушкилии-рох ва хучатхо наметавонанд раванд ончо. Кор хеле зиёд аст ончо .

Эй мардуми точик бас кунед пуштии русхоро гирифтан... ба онхо тамоман фаркаш нест ки мардуми точик чи гуна зиндаги мекунад. Дар даруни хонаатон омада бо тахдиду фишор чойхои кории сердаромадро аз дастатон кашида гирифта истодаанд! Бад мо меравем дар хонахои онхо корхои сангин то туалетхошонро меруем ки то каме пули аз Точикистони худамон бурдаанд ба мо бидиханд...

Devona
Az yak taraf mehohi ba shirkathoi rusi tarafdori kuni, bo zijodii onho narhi chipta arzon meshavad, vale ba hotiri arzonii chipta meshavad nomardihoyu lakidanhoi har barbosro gush andoht?Az tarafi digar mehohi ba du shirkati tojiki sado baland kuni chun tojikist,guijo moli most, vale mebini ki in du narhhoro to chorbogi bolo burdanu kajfiyati mardumu nomi millatro nodida megirand,pas megui "sarashonu ravganashon" onho baroi hudashon pul kor mekunandu man gam huram.

Чуяндаи хакикат
русхо зиёда аз 70 сол хуни моро чабиданд. Моро гуломи худ карда буданд. Бас аст... бас. Макомот гайрататонро аз даст надихед, Руссия муносибаташро бо мо бад кунад зарар ду чониба хохад буд. мо дигар гулом будан намехохем.

Набояд аз ин тахдидхо тарсид, бигузор катъ кунанд рохашро меёбем шахсан ман зидди он хастам ки шахрванди точик дар Руссия ба мухочират мераванд ба дигар давлатхои абалкудрат меравем пешравии илми зиёд мешавад.

мухочир
Мо мехохем факат ба воситаи хавопаймохои Россия парвоз кунем, барои он,ки онхо инсоф доранд ва нарххоро арзон мекунанд,на балки хавопаймохои точик.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)