Бахшҳо

Зайончковская: Бисёр муҳим аст, ки тоҷиконро натарсонем...

Рӯзномаи лаҳистонии “Rzeczpospolita” навиштааст, баъди 30 сол чиниҳо метавонанд дуввумин халқияти Русия бошанд ва он гоҳ ин кишвар аз муҳоҷирони тоҷик ва узбак бо дилтангӣ ёд мекунанд.

Жанна Зайончковская, пажуҳишгари умури муҳоҷирати Русия ба ин нашрия гуфтааст, теъдоди бекорон дар Чин нисбат ба Русия бештар аст ва агар муносибати ду кишвар ҳамингуна устувор идома ёбад, то соли 2050 муҳоҷирони кории Чин дар қиёс бо муҳоҷирони Осиёи Марказӣ бештар хоҳанд шуд.

Хонум Зайончковская далели чунин равандро бо такя ба таҳқиқоти академияи улуми Русия на ворид шудани теъдоди бештари шаҳрвандони Чин ба Русия, балки кам шудани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ баъди соли 2030 гуфтааст. “Дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон ва Узбакистон таъминкунандаи асосии муҳоҷир мебошанд. Қисмати дигар ҳам аз Украина ворид мешаванд. Русия бояд ба хотири тавсеаи хуб шаҳрвандони кишварҳои дигарро ҷалб кунад ва дар ин замина ба ҷуз Чин гузинаи муносибтаре надорад”,-афзудааст ӯ.

Ин пажуҳишгари рус таъкид кардааст, нуфуси кишварҳои Осиёи Марказӣ пойдор нест: “Мизони таваллуди ин кишварҳо ҳам дар ҳоли коҳиш ёфтан аст. Баъдан мо онҳоро бо чунин ҷумла ёд хоҳем кард: “Онҳо худӣ буданд”. Мисле, ки ҳоло украиниҳоро ёд мекунем”.

Зайончковская бо изҳори нигаронӣ аз муноқиша ва кушта шудани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ аз сӯи миллатгароҳои рус гуфтааст: “Бисёр муҳим аст, ки тоҷикон ва узбакҳоро натарсонем. Барои он ки дар паҳнои ИДМ амалан бозори нерӯи кори арзон намондааст”.

Бештари шаҳрвандони Тоҷикистон барои дарёфти маблағ ба Русия мардикорӣ мераванд. Бино ба оморҳои ғайрирасмӣ теъдоди онҳо марзи миллион нафарро кайҳо убур кардааст. Аммо дар як соли ахир дар пайи тағйир ёфтани кавонини муҳоҷират дар Русия ва буҳрони молӣ қисми қобили мулоҳизае аз муҳоҷирони тоҷик ба Ватан баргаштанд ва як бахши дигар аз сӯи мақомоти Русия депорт шуданд.
Мӯҳр
Бисёр диламро сард кард хамин Руссиё ! Дипломатхо ва хусусан депутатхои мо аз дасташон чи омадаст ? Барои чи дар курси нишаста хакмузд мегиред ? Ягон дарки инсони доред ё не ? Ягон кас гами халка мехурда бошад ё не ? Пули бе дарду миёна мегирен, каёфу сафо карда метавонен, ооо кай ба доди мардум мерасед ? Рафта ба чои мухочирон кор мекардед, азоба мефахмед ! Ягон миллат ё давлати дунё гами мо точикона намехурад инро хама медонем, оо каме хам бошад амал кунед. Сари вазифа худнамои карда метавонен, намешавад барои сабукихои халк дар амал худнамои кунед ? Кормандони озодагон саломат бошед, дастатон хаста набошад !

Ед кунен
ну наконец... аклшон саршонда зеестай... украинцора ед кеестан... морам ед мекнен насиб кна... шмора дар давлатхои собик шуравии ки холо катитон нестан кади як паша намедонанд, аз он чумла дар прибалтика ва грузия акнун дар украин .... хубтон мекнан.. милатгароен шмо

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)