Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 24 май 2017, 03:31

Розигии Тоҷикистон ва худдории Русия аз қатъи парвозҳо

8 ноябр 2016, 10:30

Мақомоти тоҷик барои парвози ҳавопаймоҳои Русия аз фурудгоҳи Жуковский ба самти Тоҷикистон иҷозат додаанд.

Тибқи иттилои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ҷонибҳо 7-уми ноябр ба созиш омадаанд ва Русия таҳдидаш барои қатъи ҳамаи парвозҳо ба самти Тоҷикистонроро амалӣ нахоҳад кард. Бар асоси созиши ҷонибҳо 2 парвози дигар аз Русия ба Душанбе изофа шудааст.

Қаблан Русия таҳдид кард, ки агар Тоҷикистон барои парвози ҳавопаймоҳои ин кишвар аз фурудгоҳи Жуковский ба шаҳрҳои Хуҷанду Душанбе иҷозат надиҳад, аз 8-уми ноябр алоқаи ҳавоӣ миёни ин ду кишвар комилан қатъ хоҳад шуд.

Хадамоти авиатсияи граждании Тоҷикистон таносуби парвозҳои ширкатҳои русиягиро дар бозори мусофирбари Тоҷикистон нашр карда буд, ки бар асоси он қисми бештари бозор дар ихтиёри ширкатҳои русӣ қарор дорад: “Аз ҷумла дар хатсйри Душанбе–Москва–Душанбе аз ҷониби ширкатҳои тоҷикистонӣ - “Сомон Эйр” – 7 парвоз, “Тоҷик Эйр” – 7 парвоз ва аз тарафи ширкати русиягии “Ют Эйр” – 14 парвоз анҷом дода мешаванд. Аз фурудгоҳи Хуҷанд “Сомон Эйр – 3 парвоз, “Тоҷик Эйр” – 4 парвоз ва аз ҷониби ширкати русиягии “Сибирь” 7 парвоз амалӣ мешавад. Аз фурудгоҳи Кӯлоб танҳо ширкатҳои русиягӣ “Уральские авиалиний” - 4 парвоз ва “Сибирь” - 3 парвоз анҷом медиҳанд. Аз фурудгоҳи Қӯрғонтеппа низ ширкати русиягии “ВИМ Авиа” 7 парвоз дар як ҳафта анҷом медиҳад”.

Феълан ба ин ҷадвал боз парвози ширкати русии "Уралские авиалинии" аз фурудгоҳи Жуковский зам шуд. Мақомоти тоҷик изҳор медоранд, ки дар гуфтушуниди Маскав созиш шуд, ки ширкатҳои тоҷикистонӣ низ ҳақ доранд дар ин масир парвоз кунанд, аммо иттилои дақиқе дар ин маврид то ҳол ироа нашудааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • мухочир

  • 4 ноябр 2016 20:09
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Фурудгохи Жуковский аз Москва 127 км дур аст, ин амали номардонаи русхо садхо мусофирини точикро дар азоб мемонад, ман бовар надорам, ки тарафи ЧТ ва махсусан Ганчалзода ин бахси чиддиро хал кунад, ба ин масъалаи мухим ягон шахси русидони босаводи тавоноро фиристонидан лозим, аз пушти кадрхои сусту флуст як миллат солхост, ки дар мушкили берун намешавад ва чои тамасхури урусу дигар миллал, вой дод!
Посух додан
  • Мурод

  • 5 ноябр 2016 22:29
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Шумо барои афзалияти тарафи руссия дар бозори Точикистон хичкас напурсидааст корро бояд ба фоидаи ширкатхои Точикистони хал кард мухтарам ганчалзода
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Модоме,ки аз ухдаи кор намебароед Русия чи гунох дорад?
Банда рузи 1 уми ноябр аз самти Душанбе бо Санк Петербург парвоз кардам нархи чиптаро 485 сомони бо даст овардам ин барои ман ва мухочирони мо хелохам як осониро овард...
Холо замон замони бозоргонист агар шумо тавонед нархро бо 484 сомони оварда расонед ,агар кудрат надоред хамон ширкатхоятонро бандеду (банкрот) эълон кунед двр хамин шабу руз ба мо чиптаи арзон лозим аст ,на манфиатхои шахсии шумо ..
Бигзор хамавакт ширкатхои руси бо мардуми бенавои мо хизматрасони кнанд ,чунки онхо метавонанд аз ухдаи инчунин корхо баромада .
Посух додан
  • мехмон

  • 8 ноябр 2016 14:58
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Саид,
Саидчон хакки гапро навиштед !!! Мо на ба самолёти Руссия савор мешавем на аз Точикистон !!!
Мо ба маблаги худ савор мешавем. Ягонтоаш бепул савор намекунанд.
Чаноби Ганчалзода куввати истодагарию иродаи сохибистиклоли надоред кучо маблаг исроф карда ба Москва рафтед ????
Посух додан
  • Беном

  • 8 ноябр 2016 20:29
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ай чои мо то Домодедово 2000 рубль такси мегира .то Жуковский ба фикрам бо ду то и дигар
Посух додан
  • Ахлиддин

  • 8 ноябр 2016 23:20
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
мухочир,Ака ай кучой масква хисоб карди ай байни масква хисоб кнем 59 киламетрай то жуковски аэйрапорта
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Давидани гусола то кахдон. Зурат намерасад чи овоз баланд мекуни.Шармандаги. Ганчалов хаёл мекуна ки холо хам дар Рохсоз кор мекунад.
Посух додан
  • симо

  • 9 ноябр 2016 09:52
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бародарон!
Фурудгоҳи Домодедова даруни шуд,
Сабабаш мошинпурии роххоо(пробка). Барои халаш фурудгоҳи байналмиллиро алаохида кард.
Фурудгоҳи Жуковский байналмилли.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Май 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!