Бахшҳо

Нигаронии созмонҳои журналистӣ аз қатъи ҳафтаномаи “Нигоҳ” ва даъват аз ҳукумат

Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) ва Шӯрои Васоити ахбори оммаи Тоҷикистон аз қатъи ҳафтаномаи ҷамъиятӣ-сиёсии “Нигоҳ” изҳори нигаронӣ кардаанд.

Ин ду созмони журналистӣ дар изҳороти муштараке гуфтаанд, бо рафтани “Нигоҳ” аз майдони иттилоотӣ фазои плюрализм дар ҷомеаи Тоҷикистон тангтар мешавад.

2 ноябри соли равон Раёсати Созмони иҷтимоии “ИНДЕМ” – бунёдгузори ҳафтаномаи иттилоотиву таҳлилии “Нигоҳ” бо нашри як баёния аз қатъи ҳафтанома хабар дод. Дар ин баёния сабаби ин тасмим “адами мавҷудияти шароити лозим” гуфта мешуд.

Созмонҳои журналистӣ дар изҳороти худ мегӯянд, давоми даҳ соли фаъолият “Нигоҳ” талош кард, барои одамони фаъол манбаи алтернативии иттилоот бошад: “Аммо сиёсати редаксионии рӯзнома, ки мустақилияташро қонунгузории миллӣ кафолат додааст, бархе мақомдорон ва ниҳодҳои давлатиро хуш наомад. Аз ҷониби мо талошҳои тарс додани журналистони нашрия, таъқиби онҳо барои фаъолияти касбӣ, ҳамчунин таъсиррасонӣ ба кори “Нигоҳ” ба қайд гирифта шудааст. Ба бовари мо, қатъи фаъолияти “Нигоҳ” новобаста аз ҳамаи сабабҳо ба имиҷи сиёсии Тоҷикистон дар ҷаҳон таъсири манфӣ мегузорад”.

НАНСМИТ ва Шӯрои ВАО дар идома аз Ҳукумати Тоҷикистон даъват кардаанд, ба маҳдудсозии фаъолияти расонаҳои мустақил, ки кафолати манбаи алтернативии маълумот ба аҳолии кишваранд, иҷозат надиҳад.
Мӯҳр
ХАКИКАТО НАГУЕД КИ ХАМАТОНРО МАХКАМ МЕКУНАНД ФАКАТ ТАЪРИФ КУНЕД ВА ДУРУГ ГУЕД 1 ЧАХОН ТАШАККУР

менгал кулоб
Аз ин пас журналист он метавонанд дар васфи шоханшох тарифу хушомад гуянд, вагарна хоини милат элон карда мешаванд дигар дар Точикистон Барои демократхо чое нест,

Акаи НАН-СМИТ вакти як бор гирифтани айнакхо расидааст. Бинед, ки чомеа ком тараф харакат мена.Боз айнак халал ната мегум....

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)