Бахшҳо

Савганди Убайдуллоев ва Озода Раҳмон ба номи халқ: Кори осон нест...

Аъзои палатаи болоии парлумони Тоҷикистон имрӯз, 8-уми ноябр дар пайи қабули тағйирот ба дастури Маҷлиси Миллӣ маъракаи савгандёдкунӣ ба номи халқро оғоз карданд.

Тавре хабарнигори “Озодагон” аз ҷаласа хабар дод, нахуст Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллӣ ва дар пайи ӯ муовинонаш Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд ва Шодихон Ҷамшед, раиси ВМКБ ба номи халқ савганд ёд карданд. Убайдуллоев баъди савгандёдкунии Қодирӣ дар хитоб ба ӯ ва дигар аъзои маҷлис изҳор дошт, ки ба номи халқи Тоҷикистон савганд ёд кардан кори осон нест.

Дар пайи раис ва муовинонаш Озода Раҳмон, раҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президент низ ба халқи Тоҷикистон савганд ёд кард, ки манфиатҳои миллат ва давлатро аз ҳама боло гузошта, фаъолияти худро дар асоси Конститусия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намуда, тамоми нерӯ, дониш ва тарҷибаро барои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар, таҳкими ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд равона месозад.
Айни ҳол маросими савгандёдкунии аъзои Маҷлиси миллӣ идома дорад.

Савгандёдкунии вакилону вазирон аз бандҳои тағйирот ба Сарқонун мебошад, ки моҳи майи соли равон тариқи раъйпурсӣ қабул гардиданд.
Мӯҳр
ХА ХА ХА ки бовар мекунад? Магар ин савганхурихо бори аввал аст?

Точикбача
Илтимос аз номи халк касам ёд накунед. Халкро аввал бо барк ва чойхои кори таъмин кунед, ришвагири,ноадолати,махалгарои,хешутаборб

О ин савганди Шумо чи маъни дорад? Дар холе, ки хамаи чизро барои халк киммат намудаед, хатто обро. Баъди савганд ба номи халк ба фикрам нафаскаши низ барои халк пулаки мешавад, интизор шавем!.

чавонони н.И. Сомони
Илтимос дур андеш шавед, ба умеди хочахои хоричи нашавед шукронаи худованд, ки дар Ватани ободу озод ва зебо зиндагони мекунем хамаруза шахри Душанбе ва умуман тамоми чумхурии азизамон гул-гул шукуфон шудаистодааст мо бояд шабруз шукур кунем хархел чапгхои беасос назанем хар як азои хукумат ва Вакилони халк албат дар паи ободии Ватани азизамон ва халку миллат хастан ва хоханд монд. мо чавонон пайравони Пешвои миллат шукурона мекунем, ки дар Ватани тинчу ором зиндагони мекунем. хама давлату миллат камбудхо дорам мо бояд ин камбудии барк як камбудии пучаке аст худохохад рузи инхам хали худашро меёбад

Аслам
Офарин раисчонхои мухтарам, модом, ки ба номи халк касам хурдаед, бовари дорем фуруши баркро ба Кундузи Афгонистон катъ карда баркро ба сохибони ватан бармегардонед, то ин ки мардум аз газу дуди гализи ангишт дар зимистони соли чори чон ба саломат бурда саломатии миллат хифз шавад.

мухочир москва
Агар бо номи халк касам хуред чаро баробари халк зиндаги намекунед кариб ки хамаихамаи корхонхои бузурги кишварамонро ки хаки халоли халк мебошад, бо маблаги ночиз хешу таборонатон шахси Карда гирифтиян , мошинхои гаронарзишу касрхои бе хисоби хешу бародаронатон аз кучо пайдо шуд?халк гамхорихои шумо барин рохбархоро хеч гох фаромуш намекунад вакт худаш довари хуб мебошад, кадрдонии шумо дар торих сабт хохад шуд!

Домулло Зиё
Хамон касам хурда(гихо) чи кор кард(анд)!?!?!?

"Сарконун"-а аз байн гирифтанд. Конститутсия мешавад. озодагони "босаводон" базе иштибоххо гайр аз ин кам ба чашм намерасад!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)