Бахшҳо

Интихоботи ИМА: Баъзе гуруҳҳо бар ивази маблағ шиорпартоӣ мекунанд...

Баъди ду рӯз исми барандаи курсии Кохи Сафед дақиқ хоҳад шуд. Ин соатҳо дар штатҳои мухталифи Амрико мулоқоту суханронии тарафдорони номзадҳои раёсатҷумҳурӣ доир мегардад.

Соатҳои охири маъракаи таблиғотӣ ҳассос мешавад. Ҳар соат дар шаҳрҳои мухталифи Амрико дидору гуфтугӯи номзадҳо, тарафдоронашон ва аъзои хонаводаи онҳо сурат мегирад. Охири ҳафтаи гузашта Билл Клинтон, ба тарафдории номзадии ҳамсараш хонум Ҳиллари Клинтон дар шаҳрҳои штати Колорадо баромад кард. Дар поёни рӯзи саввуми ноябр бароям хабар доданд, ки фардо дар як қатор шаҳрҳои Колорадо мулокоти Билл Клинтон бо интихобкунандаҳо баргузор хоҳад шуд. Бо шунидани ин хабар ба ҳамкоронам аз рӯзномаи The Gazette гуфтам, мехоҳам дар яке аз ин дидору гуфтугӯи собиқ раисҷумҳури Амрико ширкат дошта бошам. Тақрибан соатхои 17:00 бароям нишонии як вебсойтро фиристоданд, ки барои роҳ ёфтан ба суханронии Билл Клинтон роҳнамоӣ мекард. Шарту талаботи пур карданаш хам хеле содда буд. Ҳар гуруҳро вобаста ба касб ҷудо карда буданд. Бахши расонаҳоро нохун задам. Нахуст, бояд шаҳрро интихоб мекардам, баъдан, ном, насаб, шумораи телефон, емайл ва идораи корӣ. Як банди алоҳида барои дархости техникӣ ҳам буд. Аммо ҳеч ишорае ба сару либос на...

Соатҳои 22:00-и ҳамон рӯз бароям мактуб фиристоданд. Ҷавоб мусбат буд. Субҳ роҳ баромадем. Сокинони Пуэбло ҷамъ омада буданд. Чанд миз барои сабти ном буд. Мизи хабарнигорон алоҳида. Исмамро дар феҳраст пайдо кардам. Ишорае гузоштанду ман ҳам рафтам толор. То шурӯи чорабинӣ ним соати дигар буд. Ҳамкорам садо дод, рафтам. Мири шаҳр омадаст ва бо ҳам шинос шудем. Мири шаҳр ҳамроҳи оилааш буд. Нафаре сар хам намекард ва касе издиҳоми мардумро пароканда наменамуд, то мир роҳат ба ҷояш равад...

Билл Клинтон, раисҷумҳури собиқи Амрико 20 дақиқа дертар вориди толор шуд. Таҷриба ва маҳорати хуби идораи эҳсоси мардумро доштааст. Давоми 35 дақиқа ҷаноби Клинтон бо боварии қотеъ ба сокинони шаҳри Пуэбло муроҷиат мекард. Ваъдаҳои зебояш шуру садои мардумро баланд мекард. Вақте барои суолу ҷавоб ҷудо накарданд. Ҳангоми поён шудан аз пиллаҳо то дари баромад мардум бо Билл Клинтон акс мегирифтанд, селфӣ.

Аз бино берун шудем, онҷо издиҳоми дигаре буд. Тарафдорони Доналд Трамп бо баландгӯяк шиорпартоӣ мекарданд. Аҷоиб! Дар дохил ташвиқоти номзадии хонум Клинтон, берун, суханронии тарафдорони рақибаш -Трамп.

Дар берун эътирозгарон зидди ваъдаҳову барномаи номзадҳо баромад мекарданд. Аммо бо эхтиром ва бо навбат. Овезаҳои “Амрико зидди Трамп”, “Амрико зидди Клинтон”-ро ҳам оташ мезаданд. Дидани ин манзараҳо бароям аҷиб буд. Ба ҳамкорам аз бардоштам гуфтам. Гуфтам, зоҳиран ин гуруҳи эътирозгарон дарсҳои махсус гузаштаанд. Чун бомаҳорат баромад мекунанд. Ҷавоби ҳамкорам маро бештар ба ҳайрат гузошт: “Ба ҳар мусоҳиб бовар накун. Онҳо метавонанд бар зидди номзади хостаашон садо баланд кунанд. Баъзе гуруҳҳо бар ивази маблағ шиорпартоӣ мекунанд”.

Ба дафтари корӣ баргаштем ва ёди чорабиниҳо бо ҳузури мансабдорони тоҷик рафтам. Дар кишвари мо ҳанӯз дастгоҳҳои корӣ дақиқ мекунанд, ки кадом хабарнигор бояд дар чорабинӣ ширкат кунад. Либосро ҳам “мушаххас” мекунанд. Аксар вақт мегӯянд, ки гӯширо бояд нагирем. Тафтиши инсон, дастгоҳ, ҷузвдон. Дар ин маврид мо бо Амрико фарқияти зиёд дорем. Вале, дар як маврид монандиҳоро пайдо кардам. Ин охирҳо дар хиёбонҳои Душанбе гуруҳҳое шиорпаторӣ мекунанд, ки гуфта мешавад маблағгузорӣ шуда бошанд...

Хумайро Бахтиёр, махсус барои “Озодагон”
Колорадо, ИМА

Матлаби мазкур дар доираи барномаи Интихоботи раисҷумҳури ИМА 2016, Маркази байналмиллалӣ барои хабарнигорон (ICFJ) ва бо дастгирии молии ҳукумати ИМА, Маркази матбуоти хориҷӣ ва Сафоратхонаҳои ИМА таҳия гардидааст.

Мӯҳр
Эх агар марохам пул дода амрико мебурданд..... Аминка таъриф мекардам киииии... Апаи Хумайро....

бепул
Апаи Хумайро хар ончи бо чашми сараш дидааст хамонро ба нашр расонидаанд .
Офарин занхам бошад (мардонавор) гуфтааст , интихоб бояд озод бошад барои хар як шахрванд ............

Росташ ҳамин аст ки дар ягон ҷои дунё интихоботи оригинал намешавад. Ин ҳамааш спектакл аст бовар кунед. Амрикоро ду се нафар МАССОНҲО идора мекунанду Президентро низ онҳо. Ин бози ва спектакл аст. Бисёр ба он дода нашавед. Тамом.

комменти ман кани "хакикатчуйхо" ?

Дар он тарафи заминхам хеч гап набудааст ку... Ахлу оила якчо шуда хамаи корхоро пеш мебурдаанд... Аммо дар он тарафи Замин танхо нисбати калонхо мансабдорон хурмату эхтиром намекардаанд.... ин аз минталитети одамони хамончой вобастаги дорад...

Ачоиб хааа..... як одамро пул медоданд ки аксхоро оташ зананд... дуюмро пул медодаанд ки зиди диграш сухан гуяд... сеюминро пул медодаанд ки дар ин мавзу хабар нависад.....
Ачоиб дунё бо пул чи корхоеро дар он анчом додан мумкин будааст....

Либоспуши озод бошад як куртаи чакани мили пушида нарафти ки мо мегуфтем дар хакикат духтари точики худамон аст.
Дар хабари баъди акси бо куртаи милии худамонро интизор мешавем Апаи Хумайро!
Ба фикрам бо чакан рави хамаи амрикоихо Клинтонро монда шуморо нигох мекунанд...)))

Домулло Зиё
Хох Клинтон президент мешавад,хох Трамп, хамон сиёсатро идома медихад!
Шояд Клинтон президент шавад. Ба эхтимоли зиёд!
Туф бар хардуяш! ! !
I love you Humayro!

Хабарнигор
Комменти ман кани хабарнигорони мухтарам?

Бояд таьъчилан донишчуйхои пикетчии Точикистонро он суи укёнус равон кард. Хам чор танга зиндагипули кор мекарданду хам хунару малакаашонро обу тоб медоданд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)