Бахшҳо
09 ноя 2016 11:29Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Изҳороти Бонки Миллӣ: Аз ояндаи “Тоҷиксодиротбонк”-у “Агроинвестбонк” то пасандозу маоши мардум

Бонки Миллии Тоҷикистон вазъи Тоҷиксодиротбонк, Агроинвестбонк, Тоҷпромбонк, ҳаҷми пули мардум дар бонкҳо ва сабаби дер дастрас шудани маошҳоро шарҳ додааст.

Тибқи иттилоияи Бонки Миллӣ, ки дар сомонааш нашр шудааст, пули мардуму корхонаҳо ба ҳолати 30-юми сентябри соли равон дар бонкҳо ба 9 миллиарду 668,6 миллион сомонӣ баробар шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 миллиарду 454,4 миллион сомонӣ ё 17,7 фоиз зиёд мебошад.

Ин иттилои Бонки Миллӣ дар ҳолест, ки мардум ва масъулини корхонаҳо мегӯянд, наметавонанд пасандозашонро аз бонкҳо дастрас кунанд.

Дар мавриди вазъи “Тоҷиксодиротбонк”, “Агроинвестбонк” ва “Тоҷпромбонк” Бонки Миллӣ мегӯяд маҳз фаъолияти зараровари дохилии худи бонкҳо сабаби асосии ҳолати феълияшон мебошад: “Тибқи Протоколи ҷаласаи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои низоми бонкии кишвар аз 8 сентябри соли 2016, №2к/44-22 ҷиҳати ҳалли мушкилиҳои ҷойдоштаи бонкҳои муаммодор Гурӯҳи кории байниидоравии салоҳиятнок таъсис дода шудааст. Аз ҷониби Гурӯҳи кории байниидоравии салоҳиятнок то имрӯз, якчанд ҷаласаҳои корӣ гузаронида шуда, роҳҳои ҳалли мушкилоти бонкҳо мавриди муҳокима қарор дода шуда истодаанд, ки дар ояндаи наздик натиҷаи мусбат хоҳанд дод”.

Дар бораи рублҳои интиқолдодаи муҳоҷирон, ки дар бонкҳои Тоҷикистон бо ҳисоби пули миллӣ пардохт мешавад, Бонки Миллӣ изҳор доштааст, ки маҳз аз ҳисоби ин иқдом бозори кишвар бо асъори хориҷӣ, аз ҷумла доллар таъмин мешаваду қурби сомонӣ устувор мебошад: “Тамоми ташкилотҳои қарзӣ вазифадор карда шудаанд, ки рубли русии интиқолшударо ба сомонӣ мубодила карда ба муштариён пешниҳод намоянд ва 50% маблағҳои интиқолии аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ бо рубли русӣ ҷамъшуда ҳамарӯза ба бозори байнибонкӣ ба фуруш бароварда шавад. Ин амал имкон дод, ки то ҳадди зарурӣ бозори дохилии асъор бо доллари амрикоӣ таъмин гашта, дар навбати худ қурби пули миллӣ нисбати доллари амрикоӣ бетағйир нигоҳ дошта шавад. Ҳамзамон, то дараҷае сатҳи боварии мардум ба пули миллӣ - сомониро боло низ бурд”.

Ба суол, ки чаро мардум рӯзҳои дароз пушти банкоматҳо интизори маошашон мемонанд, масъулини бонки асосии кишвар мегӯянд, “ҳолатҳои рухдода хусусияти доимӣ надошта, вобаста ба нуқсонҳои техникӣ, таъмини банкоматҳо бо барқ, таваққуфи нақлиёт дар ҳамлу нақли маблағи нақд ва дигар сабабҳои узрнок ба амал меоянд, ки аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ дар кутоҳтарин муҳлат бартараф карда мешаванд”.

Ин ниҳод аз шаҳрвандон даъват намудааст, ки дар ҳолати пеш омадани мушкил бо арзу шикоятҳои худ ба шуъбаи мазкур тариқи почтаи электронии “allomushtari@nbt.tj” ва ё ба рақами (44) 600-15-20 муроҷиат намоянд.

Ҳаҷми қарзе, ки бонкҳо ба мардуму корхонаҳо пешниҳод кардаанд, то 30 сентябри соли 2016 ба 10 миллиарду 558,8 миллион сомонӣ баробар шудааст.

Дар охир Бонки Миллӣ таъкид кардааст, ки бо мақсади солимгардонии вазъи низоми бонкӣ аз ҷумлаи вазорату идораҳои дахлдор ва БМТ Гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст, ки нақшаи чорабиниҳои дар ин самт таҳиянамудаи гурӯҳ, барои баромадан аз ин вазъ мусоидат хоҳад кард: “Новобаста аз равандҳои глобалӣ, сатҳи таваррум дар давоми ду соли охир ба ҳисоби миёна дар доираи 6 фоизи солона муътадил нигоҳ дошта мешавад”.
Мӯҳр
п
О пули мардума кай медихен гирифтан ба гирифтену додан ба чида бехафсала шумо ин чи гап?

Чабрдидаааа
Гапи бисери бемантик!!!! О шаф шаф накарда, гап занед, кай ман пасандозхоямро аз содиротбонк гирифта метавонам? Илохим як тини мардум насибатон накунад. Озодагон илтимос бе кайчи чоп кунед.

Барои чи дар Агроинвестбонк танхо банкоматхои назди офиси маркази баъзан бо пул таъмин карда мешванду халос. Садхо одам аз сахар навбат меистад, вале 15-20 нафар мегираду халос, пул тамом Ин кадар банкоматхои дигарро ин банк барои чи дар гушахои шахр ташкил кардааст. Ё дар он чо хам барк нест? Ин хел банкхора уболи хамин мардум мегирад кадом рузе...

гарени
Худкардаро даво нест!Вовайлои пинх,они

Мегуянд дар урфиат, ки - Холаи хамакора. Хама кораш нимкола. Алимардонов банкир, Алимардонов фермер, Алимардонов богдор, Алимардонов сохтмончи, Алимардонов металурчи, точир,заминдор, чорводор. Ин аз они ки аз Алимардонов вай низ аз у.

Сокини Душанбе
мухтарам Бонки милли 6 мохай дар содиротбанк мудир монди айб нест ки 6 мох шид гапи хушку холи мега. 15 ум биён 18 ум. Як бор андеша кунед. Талбанда кардед халка. аз хешу таборхо карздор шудем. агар хазор атеистхам бошед аз газаби Худои Аллох тарсед.

саргардон
Изхороти бесару нуг.. КАй мардум пулашро аз бонкхо гирифта метавонад?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)