Бахшҳо
09 ноя 2016 17:49Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Даври омӯзишии ЮНИДО оид ба гулдузӣ ва дизайни қолинҳо

Дар доираи лоиҳаи “Модернизатсияи саноат ва баланд бардоштани рақобатпазирии бахшҳои қолинбофӣ, гулдузӣ ва истеҳсоли зардӯзӣ/саноати бофандагӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди саноат (ЮНИДО) дар ҳамкорӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, давраи омӯзишии дурӯза оид ба зардӯзӣ ва дизайни қолинҳоро баргузор намуд. Дар ин тренинг 20 нафар аз сохторҳои давлатӣ, ташкилотҳои хусусӣ ва муассисаҳои таълимии вилояти Суғд иштирок намуданд.

Ҳадафи тренинги мазкур, омӯзиш ва мубодилаи таҷрибаи байналмилалӣ дар самти дизайнерӣ, комбинатсияи рангҳо, зардӯзӣ ва дизайни қолинҳо буда, ҳамчунин ба иштирокчиён имкон дод, то малака ва дониши худро оиди дастрасӣ ба бозорҳои содиротӣ васеъ намоянд.

Муддати ду рӯзи омӯзиш, иштирокчиён аз нозукиҳои асосии зардӯзӣ ва дизайни қолинҳо, озмоиш бо рангҳо ва қобилияти эҷоди тарҳҳои худ дар формати рақамӣ бохабар шуда, аз ҷумла, оид ба коркарди муаррифномаҳои муштарак ва ба бозор нигаронидашуда маълумот пайдо карданд.

Даври омӯзишии ЮНИДО оид ба гулдузӣ ва дизайни қолинҳо Дар доираи лоиҳаи мазкур, ЮНИДО ба кӯшишҳои Ҳукумати оид ба сохтани иқтисодиёти устувор ва фарогир, тавассути такмили маҳсулнокӣ ва корхонаҳои рақобатпазири Тоҷикистон, ки дар самти қолинҳо-бофандагӣ ва соҳаҳои гулдузӣ/бофандагӣ фаъолият мекунанд, мусоидат менамояд. Бо мақсади устувории лоиҳа, фаъолияти калидии он барои баланд бардоштани рақобатпазирии бахши мазкур, тавассути муайян кардани имкониятҳои бозори минтақавӣ ва байналмилалӣ, бозсозӣ ва таҷдиди технологии корхонаҳо, ҷорӣ намудани воситаҳои маркетинг ва инноватсионӣ, инчунин баланд бардоштани иқтидори мутахассисони миллӣ ва дастгирии соҳибкорӣ равона шудааст.

Лоиҳа аз моҳи октябри соли 2015 бо дастгирии молиявии ҳукуматҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Федератсияи Русия амалӣ мешавад.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)