Бахшҳо
29 ноя 2011 11:14Рӯ ба рӯ

Маликшо Неъматов: Федератсияҳои мо толор як тараф истад, ҳатто ҳуҷраи корӣ надоранд...

Сараввал ба Хабаргузории «Озодагон» барои имконоти фароҳамоварда ва таваҷҷўҳи ҳамешагӣ ба сиёсати давлатии ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ изҳори миннатдорӣ менамоям. Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ваколатдори пешбарандаи сиёсати давлатӣ дар ин се самт фаъолияти худро дар доираи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш», «Дар бораи туризм» ба роҳ мондааст. Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани қонунҳои зикргардида барномаҳои давлатӣ аз қабили Барномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” барои солҳои 2010-2012, Барномаи давлатии тарбияи ватандўстии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013 ва Барномаи рушди саломатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013, Барномаи маҷмўии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар ҶумҳурииТоҷикистон барои солҳои 2011-2015, Барномаи рушди туризм дар Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014 қабул гардидаанд.Ҳадаф аз таҳия, қабул ва татбиқи барномаҳои мазкур пеш аз ҳама ташаккули фарҳанги маънавию сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии ҷавонон, беҳдошти саломатии ҷавонон ва инкишофи оммавии тарбияи ҷисмонӣ ва туризм, ташаббуси ҷавонон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷавонон, шуғл, мустақилияти иқтисодии ҷавонон ва рушди соҳибкорӣ миёни онҳо, таҳсил, такмили ихтисос ва тайёр намудани кадрхо, дастгирии чавонони лаёқатманд, муносибатҳои байналмилалии ҷавонон ва таъмини меъёрии ҳуқуқӣ, илмӣ ва иттилоотии сиёсати ҷавонон иборат мебошад. Айни замон ҳар нафари бедордил ва ватандўсту худогоҳ аз корҳои анҷомдодаи давлату ҳукумат дар даҳсолаи охир огоҳ ҳаст. Бо дарназардошти имкониятҳои воқеӣ ва новобаста аз корҳои анҷомдодашуда, ҳанўз ҳам мушкилоти ҷомеаи мо хеле зиёд аст ва барои расидан ба ҳадафҳои дар пеш гузошта шуда, заҳматҳои зиёди фарзандона ва садоқатмандона ба Ватан-модари ягона Тоҷикистони азиз зарурат дорад. Ва бовар дорам, ки фарзандони даврони соҳибистиқлолӣ барои   амалӣ гардидани ин ниятҳои нек камари ҳиммат мебанданд. Аз "Озодагон": Мӯҳтарам муштариёни хабаргузории “Озодагон”! Аз Шумо ташаккур мекунем, ки дар баҳси мо ширкати фаъол доштед. Ҳамеша сарбаланду комгор бимонед! Инак, пурсишҳои Шумо ва ҷавобҳои райиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкашатон мегарданд. Имло ва тарзи пешниҳоди суолу ҷавобҳо бетағйир гузошта шудаанд. -Суолдиҳанда: # Рустам 05.11.2011 10:53, Ноябрь 09, 2011 Дуруд ба окои Неъматуф! Суоли ман ин аст, ки андешаи Шумо дар бораи ба кор гирифтани чавонон дар сохторхои хукумати Точикистон чи аст? То чое иттилоъ дорам, чавонон дар хайати хукумат хамаги 1 фойизро ташкил медиханд... Сипосгузорам -Дар Тоҷикистон тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон” ҷавонон шахси синну соли 14-30 сола мебошанд. Боиси зикр аст, ки тибқи омори расмӣ мутаносибан теъдоди ҷавонони дар сохторҳои давлатӣ фаъолиятдошта 40,6 % ташкил медиҳад, ки 46%-и он дар вазорату идораҳо фаъолият мекунанд. Дар сатҳи роҳбарӣ шумораи ҷавонон 1020 нафарро ташкил медиҳад. Кору фаъолият дар хизмати давлатӣ тариқи озмун сурат мегирад ва ҳар як хоҳишманд имкон дорад, ки барои ишғоли вазифаҳои холӣ дар вазорату идораҳо довталаб бошад. -Суолдиҳанда: # Чамшед 07.11.2011 10:41, Ноябрь 09, 2011 Рафик Неъматов салом! Ман хамаги 3 суолча дорам: 1)Тибки омори расми ва аз руйи когаз фаъолияти кумита хеле "пурсамар" аст. Вале дар асл бошад,аксарияти чавонон дар гурбат мехнати бегонагонро карда, зиндагии худ ва оилаашонро мегузаронанд. 2)Кай аз шиору суханхои баланд ба кори вокеи огоз менамоед? 3)Масъалаи мухочирати мачбурии чавонон ба шумо дахл надорад? Бовар кунед, халк аз сафсатахои бехуда хеле хаста шудааст. Кори амали лозим на суханхои зебои бехуда. -Бо мақсади ташкили низоми ягонаи идоракунии муҳоҷират, истифодаи самараноки захираҳои мехнатӣ дар хориҷи кишвар ва ҳимояи ҳукуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, фаъолият дорад ва вазорату идораҳои дахлдор дар доираи ваколатҳои худ дар ин самт фаъолияти худро дар ҳамоҳангӣ бо ин сохтор анҷом медиҳанд, аз ҷумла дар назди Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Корхонаи воҳиди давлатии “Биржаи меҳнатии ҷавонон” фаъолият мекунад. Дар назди Корхонаи мазкур маркази иттилоотии доимоамалкунандаи ҷойҳои кори холӣамал мекунад. Корхона фаъолияти хешро дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Хадамоти муҳоҷират барои фароҳам овардани шароити мусоид ба корҷўён, фаҳмонидани ҳуқуқу ўҳдадориҳои муҳоҷирон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳо ва ҷалби онҳо ба курсҳои бозомўзӣ ва ҳамзамон, ташкилу баргузории ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ равона менамояд. Барои кам кардани шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ дар даҳ соли охир дар кишвар беш аз 1 млн. ҷойҳои кории нав муҳайё гардид ва ҳамасола наздики 110 -120 ҳазор ҷойҳои корӣ ташкил карда мешаванд, вале раванди муҳоҷирати меҳнатӣ ба мисли дигар кишварҳои дунё идома дорад ва зарурат ба баланд бардоштани сатҳи тайёрии касбӣ, малака ва таҷрибаи корӣ, бозомўзии касбҳои замонавӣ, ки дар бозори меҳнат талабот доранд, зарурат дорад, ки дар ин самт аз ҷониби ниҳодҳои дахлдор корҳои зиёд анҷом дода мешавад. -Суолдиҳанда: # Мухочир 08.11.2011 10:31, Ноябрь 09, 2011 Cалом ба Неъматуф суоли ман ин аст ки мехостам дар як сухбате ки гуфтед "мардумои мо ба россия барои як коса шурбо мераванд шарх дихед? Агар тамоми сохторхои хукуматиро гирифта бошанд пас мо бо ки чавонон чи илоч доранд ба гайр аз Россия рафтан? 2) Ман дар чандин вохурихои шумо ширкат кардам, хафа нашавед, вале шумо аз хад зиёд сухан гуфтанро дуст медоред, кор бештар бошад хубтар нест? 3) Чаро шумо ки мутахассиси на чавонон хастеду на варзишу на саёхат дар ин кумита кор карда истодаед? Умедворам ки чавоб медихед. Ташаккур -Ман дастпарвари мактаби сиёсати давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, аз зинаи мутахассиси пешбар фаъолиятро оғоз карда, то ба вазифаи ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон расидам ва барои сиёсатмадор - роҳбар дониши мукаммал, тафаккури замонавӣ, дарки масъулияти вогузоргардида ва дуруст ба роҳ мондани коргузорӣ бо ҷалби мутахассисони соҳа мебошад. -Суолдиҳанда: # Ватандусти Асил 08.11.2011 11:28, Ноябрь 09, 2011 Салом алайкум, чаноби Маликшо! Каблан изхори ташаккур мекунам аз хабаргузории "OZODАGON", ки имкони "гуфтугуйи виртуали"-ро бо масъулини давлати ба рох мондааст. Банда бо як "суол-машварат" хидмати Шумо мекунам, то "посух-амалия"-и конеъкунандаеро дарёфт карда бошам: 1) Чанд мох мукаддам, зимни сухбати расонаи изхор карда будед: "Аробаи хукуматро чавонон пеш мебаранд". Вале ин як харфи холи чизе беш набуд. Кумитаи Шумо рисолати сангинеро бар душ дорад, хифзи хукукхои чавонон, барномасози ба Хукумат, таъмини чойи кор, тахлили вазъи имрузу ояндаи насли чавон ва... Имруз дарефти чойи кор дар сохторхои давлативу гайридавлати яке аз масоилхои умдаи хамтоени мост. Ниходхои омузишии кишвар хамасола хазорхо мутахассисро таер карда истодааст, вале такдири ишон номуайян аст. Бо масъулияти том гуфта метавонам, ки аз хукумати ЧТ, Парлумон сар карда то хурдтарин сохторхо на камтар аз 50 нафари афроди ба нафака расида фаъолият доранд, ин ракам зиеда аз 15.000 аст. Шумо чаноби Неъматов, бо истифода аз имконоту масъулиятатон ба Раисчумхур пешниход кунед, то фармонеро ба рохбарони сохторхои кишвар бидиханд, то таъчилан "ташкили гусели «нафакахурон»-ро ба рох монанд, варна идомаи "фарханги бузургсолори" ба "ноумедии вежаи чавонон" оварданаш дур нест. 2. Ахиран чавони 28 солаи Душанбе бо дасти маъмурини пулис кушта шуд, садои вокунишхо ба ин казия аз хорич аз кишвар шунида шуд, ЧАВОНИ РАКАМИ 1 хомуш аст, чаро? -Барои ҳалли масъалаҳои хуқуқӣ сохторҳои хифзи ҳуқуқ фаъолият доранд ва ба қазияи овардаи Шумо баҳои ҳуқуқӣ дода шуд. -Суолдиҳанда: # Табрез Махмудов 08.11.2011 15:41, Ноябрь 09, 2011 Савол: Оё кумитаи чавонон ягон барномае руи даст дорад, то битавонад чавонони сохибмаълумотро дар дохили кишвар ба кор таъмин намояд? -Дар самти ба ҷойи кор таъмин намудани ҷавонон Кумита фаъолияти худро дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳои дахлдор амалӣ менамояд. Аз ҷумла, танҳо дар давоми даҳ моҳи соли ҷорӣ сохторҳои дахлдор дар миқёси ҷумҳурӣ беш аз 550 ярмаркаҳои ҷойҳои кори холӣ баргузор намуда, ба корҷўён беш аз 118 ҳазор ҷойҳои корӣ пешниҳод карда шуд. Қариб 10.000 нафар бекорон бо ҷойҳои корӣ (доимӣ, тариқи шартнома бо корҳои ҷамъиятӣ), курсҳои бозомўзӣ ва бо роҳхатҳо таъмин гардиданд. Ба 3064 нафар қарзҳои имтиёзнок ба маблағи 8 млн.260 ҳазор қарзҳои имтиёзнок дода шуданд.. -Суолдиҳанда: # Навруз 08.11.2011 15:43, Ноябрь 09, 2011 Чаро феълан мисли давлати Шурави чавононро хамасола бар ниходхои давлати ба кор таъмин намекунанд? -Чӣ тавре, ки дар боло қайд гардид, ба хизмати давлатӣ тариқи озмун ҷавонон ҷалб карда мешаванд. -Суолдиҳанда: # Фирдавс 08.11.2011 15:43, Ноябрь 09, 2011 Барои чи имрузхо дар Точикистон ягон рузномаи варзишии точики дида намешавад? -Барои ташвиқу тарғиби тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш бо дарназардошти имконияти мавҷуда тамоми имкониятҳои ВАО-и ватанӣ  ҳамарўза истифода мегарданд. -Суолдиҳанда: # Толиб 08.11.2011 15:44, Ноябрь 09, 2011 Сабаб чист, ки имруз насли нав, яъне чавонон асолати милли дур шуда истодаанд ва бештар ба хорича майл доранд? -Дар доираи барномаҳои амаликунандаи сиёсати давлатии ҷавонон тамоми чораҳо ҷиҳати дар рўҳияи ватандўстию ватанпарастӣ ва бедор кардани ғурур ва ҳуввияти миллии ҷавонон андешида шуда истодааст ва ин кори танҳо як ниҳод набуда, кори ҳар як фарди бо нангу номуси миллат аст. -Суолдиҳанда: # Хуршед 08.11.2011 15:47, Ноябрь 09, 2011 Салом мухтарам раиси Кумита, дер боз мехостам ин суолро ба Шумо пешниход кунам хушбахтона имруз муяссарам шуд. Сабаби асоси чи бошад,ки имруз варзиши точик рушд намекунуд? Масалан тими футболи Точикистон дар бози бо тимхои Япония, Узбакистон, Кореяи Чануби маглуб шуд... -Барои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш бо дастгирии давлату ҳукумати кишвар тамоми чораҳои зарурӣ андешида шуда истодааст. Алалхусус, баъди мулоқоти Сарвари давлат бо варзишгарони мамлакат 20 декабри соли 2010 варзиш ба яке аз соҳаҳои афзалиятноки ҷомеаи мо бардошта шуд. Дар саросари мамлакат сохтмони иншоотҳои варзишӣ вусъати тоза пайдо намуда, шароитҳо барои солимгардонии ҷомеа ва машқу тамринҳо барои варзишгарони касбӣ пайдо мегарданд. Ҳамасола дар кишвар беш аз 100 мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва чемпионатҳо аз рўи 51 намуди варзиш гузаронида мешаванд. Агар дар 72 соли замони шўравӣ ҳамагӣ 3 варзишгари сатҳи ҷаҳонӣ аз фарзандони тоҷик Саидмўъмин Раҳимов, Зебунисо Рустамова ва Иброҳим Ҳасанов тайёр гардида бошанд, танҳо дар нўҳ моҳи соли 2011 6 Чемпиони Ҷаҳон ва 2 ҷоизадори Ҷоми Ҷаҳон ва даҳҳо ҷоизадорони чемпионатҳои ҷаҳону Осиё ҳамагӣ 230 медал аз мусобиқаҳои байналмилалӣ ба даст оварда шуд ва то имрўз аллакай 4 нафар варзишгар ба роҳхати олимпӣ сазовор гардиданд. Сатҳи футболи имрўза дар сатҳи миёна қарор дорад ва барои боло бардоштани он соли ҷорӣ Барномаи рушди футболи Тоҷикистон қабул гардидааст ва мусобиқаҳои зиёд байни ҷавонону наврасон баргузор карда мешавад. Инчунин, чемпионатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи якум ва лигаи олӣ гузаронида мешавад. Ва ҳамасола дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат майдонҳои футбол сохта шуда истодаанд. Имрўз зарурат ба рушди футболи бачагона пеш омадааст ва ният ҳаст, ки дар муҳлатҳои наздиктарин Академияи футболи Тоҷикистон таъсис дода шавад. Ва бовар дорем, ки фарзандони боистеъдоди замони соҳибистиқлоли Ватан дар солҳои наздик футболи тоҷикро ба сатҳи баланд бароварда бо футболбозони машҳури дунё рақобатпазир мешаванд. Ҳамчун мухлис хамеша ғалаба интизорем, вале варзиш бурду бохт дорад. Дар бисёр намуди варзишҳо варзишгарони тоҷик аллакай бо варзишгарони машҳури ҷаҳон рақобатпазиранд. -Суолдиҳанда: # Эхсон 08.11.2011 15:49, Ноябрь 09, 2011 Ба хама маълум аст, ки Тоикистон кишвари кухистон аст ва 93%-и онро кухистон ташкил медихад. Хар мавкеи онро метавон мавкеи туризм номид. Табиати зебо боду хавои дилчасп дорад. Пас сабаб чи аст, ки хоричиён ба кишвари мо кам таваччух доранд, аз чумла сайёхон. -Туризм яке аз соҳаҳои муҳими иқтисодиёти мамлакат ба ҳисоб меравад ва барои баланд бардоштани ин соҳаи сердаромад давлату ҳукумати Тоҷикистон чораҳои зиёд меандешад. Дар солҳои охир барои рушди инфросохтори туристӣ дар мамлакат корҳои зиёд анҷом дода шудаанд. Аз ҷумла, Консепсияи сиёсати рушди туризми Тоҷикистон барои 10 соли оянда қабул гардидааст, ки иҷрои саривақтии бандҳои он метавонад, барои рақобатпазирии туризми мо дар чаҳони муосир созгор бошад. Айни замон наздики 70 ширкати туристӣ дар бозори туристи мамлакат фаъолият доранд, ки дар самти туризми воридоти ва содироти кор мебаранд. Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат тартиби соддаи гирифтани раводид барои 86 кишвари олам кабул гардид, ки онҳо метавонанд раводиди Тоҷикистонро дар фурудгоҳи Душанбе дастрас намоянд, пардохтҳои иловагӣ барои сайёҳон аз байн бурда шуданд. Сохтмони роҳҳо, пулҳо, нақбҳо ва бунёди меҳмонхонаҳо, боғҳои истироҳатӣ, тармиму таҷдиди мавзеҳои таърихию фарҳангӣ, рушди минтақаҳои туристӣ, кушода шудани сайрхатҳои нави ҳавоӣ, нав гардидани парки ҳавопаймоҳои ватанӣ, баргузории чорабиниҳои зиёди сатҳи байналмилалӣ дар қаламрави кишвар ва гайра дар пешрафти соҳа мусоидат менамоянд. Тоҷикистон аз соли 2007 аъзои Созмони ҷаҳонии туристии СММ буда, барои ҳамкории мутақобилан судманд ҷиҳати ташвиқу тарғиби захираҳои туристии Тоҷикистон Меморандуми ҳамкорӣ ба имзо расонидааст. Чор соли охир бахши туризми кишвар дар намоишгоҳҳои байналмилалии туристии Германия, Англия, Япония ва кишварҳои аъзои ИДМ фаъолона иштирок менамояд. Аз ҷониби мутахассисони Кумита маводҳои таблиғотӣ аз қабили харитаи туристии Тоҷикистон, руқъаҳо бо аксҳои мавзеҳои таърихию фарҳангӣ ва гўшаҳои табиати афсункори кишвар, дискҳо ба забонҳои русӣ ва англисӣ таҳия ва чоп гардида дар намоишгоҳҳо фестивалҳо ва конфронсҳо ва ҳамзамон тариқи намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар паҳн карда мешаванд. Ҳамасола гурўҳҳои журналистони соҳаи туризм аз расонаҳои машҳури дунё  ба Тоҷикистон даъват мегарданд. Имрўз барои рушди бемайлони соҳа мутахассисони ба талаботи замон ҷавогўй ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ зарурат дорад, ки кори як рўзу ду рўз нест ва дар ин самт бо вазорату идораҳои дахлдор ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи мамлакат чораҳои зарурӣ андешида шуда истодааст. Новобаста аз имкони мавҷуда солҳои охир соле наздики 220-250 ҳазор хориҷиён ба Тоҷикистон сафар менамоянд, ки 75-80 дарсади онҳо ба қатори сайёҳон дохил мешаванд. Аз ҳисоби камтарин агар хар як сайёҳ ҳангоми будубош 500-700 доллари амрикоӣ харҷ кунад, чӣ қадар асъори хориҷӣ ба мамлакат ворид мегардад. -Суолдиҳанда: # Исмоил Мухиддинов 08.11.2011 15:51, Ноябрь 09, 2011 Имрузхо ба назар мерасад, ки аз сабаб набудани клуби варзишии ройгон дар ш. Душанбе бисёрихо шикоят мекунанд. Оё ягон клуби ройгон ба таври расми таъсис додани хастед? -Дари зерсохторҳои Кумита, яъне мактабҳои варзишӣ дар сартосари кишвар барои шавқмандони варзиш алалхусус ҷавонону наврасон ройгон боз аст ва хушбахтона ҳамасола даҳҳо иншоотҳои хурду бузурги нави варзишӣ бо дастгирии Ҳукумати кишвар сохта шуда истодааст ва иншоотҳои варзишии соҳаи маориф низ тармиму таҷдид гардида, барои қонеъ гардидани талаботи шавқмандон мусоидат карда истодаанд. Ҳамзамон, иншоотҳои зиёди варзишию солимгардонии шахсӣ низ сохта шуда истодаанд, ки ба талаботҳои замона ҷавобгўянд ва шавқмандон боз метавонанд аз онҳо истифода баранд. Ва албатта зарурати таъмини аксарияти иншоотҳои варзишӣ бо таҷҳизотҳо ва лавозимотҳои замонавӣ пеш омадааст, ки пайваста пайи иҷрои ин кор ҳастем. -Суолдиҳанда: # mafoilun 08.11.2011 16:38, Ноябрь 09, 2011 Салом М.Неъматов. Ба фикри шумо кумитаи кор бо чавонон варзиш ва сайёхи маъсули корхои варзиши аст ва ё чавонон факат бояд ба варзиш алока дошта бошанд. Аз рузе, ки шумо сари мансаб омадед Шурохои донишчуён, аспирантон ва олимони чавон, ки дар даврони рохбарии Д.Саидов хеле рушд карда буданд, ру ба нобуди заданд. Факат бо ба варзиш чалб намудани як кишре аз чавонон намешавад проблемахои чавононро билкул хал кард. Аз имкониятхои чавонони мо дар сохахои дигар низ бояд истифода бурд. -Шўрои ҷумҳуриявии донишҷўён, Шўрои олимони ҷавон ва аспирантон кори худро дар доираи нақшаи кории Шўро ба роҳ монда фаъолияти пурсамар мебарад ва ҳамасола ду маротиба Конфронси илмию амалии олимони ҷавон ва аспирантон доир гардида, маҷмўаи илмию амалии олимони ҷавон зери унвони “Ҷавонон ва илми муосир” бо дарбаргарии мақолаҳои илмӣ нашр мегардад. Бо мақсади дастгирии олимони ҷавон ҳамасола озмун барои дарёфти ҷоизаи Исмоили Сомонӣ баргузор ва ғолибон муайян мегарданд. Ҳамзамон, ҳамасола барои дарёфти ҷоизаи Кумита дар соҳаи адабиёт, рўзноманигорӣ, санъат ва меъморӣ озмун баргузор мегардад. Дар назди Кумита маҳфил-озмуни адабии “Набзи шеър”амал мекунад, ки беҳтарин маҷмўаҳои аъзоёни маҳфил бо дастгирии Кумита ба чоп мерасанд. -Суолдиҳанда: Jovidon, Ноябрь 10, 2011 Salom aleykum ogoi Malikshoh. Kame suxan oidi noadolatiho dar futboli tojik suxan mekarded. Baroi chi hamai dastaho bozihoi xudro dar mavsimi tobistona dar mohi ramazon bozi kardandu timi istiklol ne? Baroi chi FFT in kadar ba dastayi Ravshani Kulob va Xayri Vahdat fishori ziyod mekunad? Okibatashro dided ki dastayi Xayr dast kashid... -Оид ба нақшаи тақвими бозиҳо дар лигаи олии футболи мамлакат метавонед, аз Федератсия футболи Тоҷикистон посух гиред. Дар ҷаҳони муосир барои натиҷаҳои варзиши касбӣ аслан федератсияҳои варзишӣ ҷавобгўянд. Вале сад афсус, ки 95 дарсади федератсияҳои мо ҳатто ҳуҷраи корӣ надоранд, толори варзишӣ, мураббӣ ва имконоти молиявӣ он тараф истад. -Суолдиҳанда: Парвиз-Кадучи, Ноябрь 11, 2011 Салом мухтарам Неъматов савол (такрор) Боре шумо дар сухбати сайти OZODI.TJ низ ширкат варзида будед. ман дар ончо аз шумо хохиш карда будам, ки як майдони варшиши барои Футбол барои мо аз тарафи хукумати н.Восеъ дар дех.Кадучи сохта шавад шумо ваъда додед ки пешниход мекуна ва сохта мешавад то хол надидем ягон намоянда, дар тори кух бози мекунем илтимос агар хукумат шароит надошта бошад замин чудо кунед мо худамон месозем холонки президенти Чумхур шуморо барои ин доим таъкид мекунад илтимос ин даъфа чидди дида бароед ё ин ки аз хисоби худатон месозед е не хато мекунед бехтараш нохия созад.ТАШАККУР -Оид ба дар деҳаи Кадучии ноҳияи Восеъ сохтани майдони варзишӣ баъди муроҷиати Шумо ман ба унвонии Раиси ноҳия мактуби дархостӣ ирсол намудам ва посух ҳам гирифтам ки бо пайдо гардидани имконот ин ният амалӣ карда мешавад. Албатта имрўз дар ҳар як деҳаю деҳкада сохтани майдону толорҳо имконпазир нест, агарчӣ хеле зарур аст. Ва фикр мекунам, то пайдо кардани имконот шавқмандон метавонанд, аз имконоти майдонҳои варзишӣ ва толорҳои мактабҳои миёна самаранок истифода баранд, ки Вазорати маориф дар ин самт дастгирӣ мекунад. Аз ҷавонмардони саховатманди деҳаи Кадучӣ ва атрофи он даъват ба амал меорам, ки барои сохтани як майдони хуби варзишӣ барои ҳамдеҳагон саҳм гузоранд. -Суолдиҳанда: Амири Нур, Ноябрь 16, 2011 Мухтарам Маликшо Неъматович! Шумо гуфта метавонед, ки кормандони дастгохи марказии Кумитаи чавонон хама аз хисоби чавонон мебошанд.? -Навад дарсади кормандони Кумита ҷавонон мебошанд. -Суолдиҳанда: Шомалик, Ноябрь 19, 2011 Мухтарам Маликшохи Неъмат! Ба назари ман Шумо аз ухдаи ичрои ин вазифа набаромада истодаед, оё вакт нарасидааст, ки истеъфо дихед? -Аз аслаш хеле дилсўзӣ, агар кўмаку мусоидат барои пешрафти фаъолияти самтҳои масъулияти Кумита кардани бошӣ биё  якҷоя кор мекунем. -Суолдиҳанда: Рахимберди, Ноябрь 19, 2011 Маликшо Неъматовичи азиз салом! Чанд хафта пеш дар хабаргузории "Озодагон" матлаберо тахти унвони "Пайванд": Маликшо Неъматовро интизорем! хонда мутаасир шудам. Кандша занад хамун бачаак Фаридуни Собир, ки бо захамоти сангин як клуби варзиши дар махаллаи Политехникум ташкил кардааст. Оё шумо рафтед хамун чо? Чаро ки 100 чавони варзишгар хостори дидани Шумо будаанд? Ташаккур -Бале ман бо даъвати аъзоёни клуби варзишии “Пайвнд”ба толори онҳо рафтам ва бо роҳбари клуб, мураббиён ва варзишгарон сўҳбати хубе доштам. Албатта барои клуби аслӣ шудан ба онҳо имконияти васеътар ва талошҳои бештар зарурат дорад, вале он масоиле, ки онҳо айни замон бардоштанд, ҳаллу фасл гардиданд. -Суолдиҳанда: Арслонкулов-Пахлавони номи, Ноябрь 19, 2011 Ба назари Шумо варзиши точик дар холи рушд аст, ё сукут? Масалан ман фикр мекунам, ки алъон спорт хам дар Точикистон як василаи сиёси шудааст, шумо чи андеша доред? -Оиди имрўзи варзиш дар боло сўҳбат доштам. Вақте, ки имрўз барои баланд гардидани парчами давлатӣ дар бозиҳои олимпӣ 204 кишвар талош мекунанд ва тўли чор сол омодагӣ мегиранд ва баланд гардидани парчам ва садо додани суруди миллӣ боиси ифтихори хар як миллату давлат мебошад, пас варзиш сиёсат аст. -Суолдиҳанда: Мухаммади Мубориз, Ноябрь 19, 2011 Окои Неъматуф салом! Шумо аз баргузории Чоми СССР дар мавриди футболи кудакон хуб огахи доред. Бигуед, ки сатхи суратпазирии он ва чараёни мусобикот оё хакикки буд ё хайр? -Баргузории мусобиқаи футбол барои дарёфти Ҷоми рўзномаи “СССР” бо пешниҳоди Сайёфи Мизроб сармуҳаррири рўзнома рўи кор омад, мо дастгирӣ кардем, федератсия ҳамроҳ шуд ва як чорабинӣ барои рушди футболи наврасон дар нақшаи тақвими Кумита зиёд шуд. Ҳар қадар чорабиниҳо зиёд шаванд, ҳамон қадар барои рушди тамоми намуд, аз ҷумла футбол ва баланд гардидани маҳорати варзишгарон созгор мешавад. Дар гирди варзиш ҳамеша ҳангомаҳо ҳастанд, вале зўр ҳамеша ғолиб аст. -Суолдиҳанда: Тоири Тохир, Ноябрь 21, 2011 Салом Окои Маликшо Неъматов! Ба шумо як савол дорам. Ёдатон бошад, шумо дар як суханрониятон кайд карда будед, ки "Аробаи миллатро чавонон пеш мебаранд". Мархамат карда мегуфтед, шумо кадом гурухи чавононро дар назар доштед? Чавонони мухочирро? Ё ин ки писарони шахсони мансабдорро?, ки донишгохро гоибона хатм мекунанду чойи корашон тайёр аст!?. -Дар кишваре, ки аксарияти аҳолиашро насли ҷавон ташкил медиҳад ва ин нерўи фаъолу боғайрат ва қувваи созандаи ҷомеаи мо мебошад, пас масъулияти вазнин вале пурифтихори ватандорию давлатсозӣ  бар дўши ҳамин насл аст. Ҳар як фарзанди миллат боақлу фаросат ҳунару малакааш ва нангу номуси ватандориаш дар ҳар куҷое набошад, метавонад барои пешрафти ватан модараш саҳмгузор бошад. Вақте сухан дар бораи масъулият меравад, танҳо нафари масъулиятшинос метавонад худро ҷавобгар эҳсос намояд ва кори некеро анҷом диҳад. -Суолдиҳанда: Шодмон, Ноябрь 21, 2011 Cавол хамин ки чаро дар Точикистон мутахассисони чавонро дастгири намекунанд. Масалан чавонхои лаёкатманди зиёде хаст, ки наметавонанд ё аниктараш имкон намедиханд дар идорахову вазоратхои кишвар кор кунанд. Хамчунин дар назди ин кумита ба фикрам як ниходе бо номи ихтироъкорони чавон фаъолият дорад, ин ниход чи кореро холо анчом дода истодааст, агар тавонед шарх дихед. Хамчунин чаро кумитае, ки шумо рохбар астед барои дастгирии чавонони лаёкат манд кор намекунанд. Ташаккур! -Дар мавзўи фаъолият дар вазорату идораҳо ва умуман хизмати давлатӣ дар боло қайд кардам. -Суолдиҳанда: Як ҷавони тоҷик, Ноябрь 21, 2011 Воқеан дар болотар бисёр суолҳои бамаврид аз ҷониби ҳамсолони ман гузошта шудааст ва ман намехоҳам бори дигар онҳоро такрор кунам. Ба ин далел мехостам дар мавриди варзиши кишвар суол гузорам. Чаро дастаи мунтахаби футболбозони тоҷик ду маротиба бо ҳисоби калон аз дастаи Ҷопон шикаст хурд? Ин нишони чист? Ба назари ман дар мадди аввал камфаъолияти Кумитаи зери раҳбарии Шумост. Дар мадди дуввум нишони он аст Кумита танҳо бо лофзанӣ машғул аст.Хафа нашавед, танҳо ман нестам ки аз пургапиву камамалии Шумо эрод мегирам. -Оид ба вазъи варзиш дар кишвар ва натиҷаҳои варзишӣ дар боло ибрози ақида намудам ва ҳаминро илова карданиам, ки бо ташаббуси Сарвари давлатамон, ки ҳамзамон Президенти Кумитаи миллии олимпӣ мебошанд, Шўрои тарбияи ҷисмони ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дошта шуд, ки роҳбариаш бар дўши Сарвазири мамлакат вогузор гардидааст. Дар ҳайати Шўро дар баробари масъулини соҳаи варзиш роҳбарони вазорату идораҳо, роҳбарони федератсияҳои варзишӣ, варзишгарони шинохтаи мамлакат Зебиниссо Рустамова, Расул Боқиев ва Дилшод Назаров ва ҳамзамон роҳбарони Бонкҳо ва корхонаҳои азими мамлакат шомиланд. Мақсад аз таъсиси Шўрои мазкур рушди соҳаи варзиш мебошад. Новобаста аз сатҳи футболи имрўза ва имконоти мавҷуда дар рейтинги ФИФА Тоҷикистон дар миёна қарор дорад. Ва корҳои зиёде дар пешанд, ки дар намудҳои даставӣ алалхусус футбол бо давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон рақобатпазир бошем. -Суолдиҳанда: Алик, Ноябрь 23, 2011 Бо ташкилотхои хоричие, ки чавононро барои тахсил ба хоричи кишвар мефиристанд, хамкори доред? Як самти фаъолияти Шумо, ки ба чавонон нигаронида шудааст, лутфан бигуед, ки имруз дар мачмуъ шумораи чавононе, ки дар хоричи кишвар тахсил мекунанад, чи кадар аст? Дар ин росто хамкорихоятон бо вазорти маориф ва кумитаи амнияти милли дар кадом сатх аст? Оё бо ин ду ниходи давлати хамкори доред? -Аслан дар самти фиристонидани чавонон барои таҳсил ба хориҷи кишвар Вазорати маориф масъул мебошад, вале дар самти сиёсати давлатии кор бо ҷавонон алалхусус бо чавонони донишҷў ҳам дар дохили мамлакат ва ҳам дар хориҷ Кумита бо тамоми сохторҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ ҳамкории мутақобилан судманд дорад. Алалхусус ҳангоми сафарҳои хориҷӣ ҳатман масъулини Кумита бо чавонони донишҷў мулоқоту вохўриҳо доир менамоянд. Ҳамасола бо ташаббуси Кумита дар моҳи август вохўрии масъулини вазорату идораҳои дахлдор бо донишчўёни тоҷик дар хоричи кишвар, ки ба таътил меоянд, баргузор карда мешавад. -Суолдиҳанда: Мухлиси фубол, Ноябрь 24, 2011 Аз бохтхои пай дар пайи тими миллии Точикистон бо хамгуруххояш барои роххат гирифтан дар Мусобикаи Чахон 2014 сахт кахрам омад. Мухтарам Неъматов барои чи футболи точик рушд намекунад? -Дар сурати бо ҳунари воло ва сатҳи баланди варзишӣ ба давраи навбатӣ роҳхат гирифтан метавонем ғалаба ба даст оварда, умедвории бештар кунем. Ин давра ба мо осон ва тўҳфа буд, вале барои футболбозонамон бозӣ кардан бо дастаҳои пурқуввати Осиё як мактаби бузург гардид. Варзишро бояд боло бурд ва вокеъона ба як хоҳиши мухлисӣ кор анҷом намеёбад. Пеш аз ҳама дараҷаи касбии мутахассисон, мураббиёнро бояд бардошт, ки то дар пайдо ва тарбия кардани варзишгарони боистеъдод ва сатҳи баланд, талош варзанд.  
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)