Бахшҳо

А. Ғоиб: Минбаъд ҳам моли қочоқӣ ва ҳам ҷарима ситонда мешавад

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имрӯз, 10-уми ноябр тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмуриро қабул кард, ки бар асоси он ҷарима барои вуруди маҳсулоти қочоқӣ афзоиш меёбад.

Абдуфаттоҳи Ғоиб, сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон зимни муаррифии лоиҳа гуфт, бештар ба воридоти маҳсулоти қочоқӣ шахсони воқеӣ даст мезананд. Ӯ изҳор дошт, ки бар асоси тағйирот ҳаҷми ҷарима барои воридоти маҳсулоти қочоқӣ аз нисф то 2 баробари арзиши молро ташкил хоҳад дод. То ҳол ҳаҷми ҷарима аз нисф то 1 карати арзиши моли қочоқиро ташкил медод.

Инчунин раиси Хадамоти гумрук таъкид намуд, ки минбаъд бо қарори додгоҳ моли қочоқӣ мусодира мешавад: “То ҳол баъди пардохти ҷарима мол ба соҳибкор баргардонда мешуд. Минбаъд ҳам ҷарима пардохт мекунад ва ҳам бо қарори суд мол мусодира мешавад”.

Абдуфаттоҳи Ғоиб ҳадаф аз ин тағйиротро дастгирии соҳибкорону истеҳсолоти ватанӣ, таъмини рақобати солим ва ғанӣ гардондани буҷаи давлат аз ҳисоби ҷаримаҳо гуфт.

Ин дар ҳолест, ки бори охир ҷаримаи соҳибкорон барои вуруди ғайриқонунии мол моҳи апрели соли равон зиёд шуда буд.

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони дар хитоб ба Абдуфаттоҳи Ғоиб таъкид намуда буд, ки фаъолияти мақомоти гумрук низ беҳтар карда шавад. Ӯ суол гузошта буд, ки “қочоқро кӣ ворид месозад? Ҳамон корманди гумрук. Корманди гумрук дар пост истодааст, мебинад, иҷозат медиҳад. Ва ба таври қочоқ, ки молро ворид карданд, кӣ ҷавобгар аст? Аввал гумрук, баъд ҳамон одами ҷинояткор”.

Мӯҳр
Аз бекорон хам андоз ситонидан даркор аст. Чаро факат бояд точирон андоз супоранд????? Ин кишвар моли хама аст хама бояд баробар хизмат кунад бар ин сарзамин. То ба кай бекорон менигаранд кай як точир як корхона месозад то мо рафта кор кунем ?? Сари хар як нафар бекор бояд1,5 то ду сомони хармох андоз банданд. Буйчара пур кардан даркор аст.
Гову хару мургу сагон чаро бояд бехучат зиндаги кунанд ?? Хамаи ин бояд паспорт дошта бошад ва андоз аз хар сари инхо бояд ситонида шавад.
Хватит теперь гуфти Жириновский.

Нафаҳмидем,дар азия плюс навистанд,ки минбаъд баробари ҷарима худи воситаи нақлиёте,ки моли қочоқ тавассути он оварда шудааст низ мусодира карда мешавад, аммо дар ин ҷо гуфта шудааст,ки баробари ҷарима моли қочоқ мусодира карда мешавад....кадомаш дуруст аст! чаро шарҳи гуногун...ба назарам дар озодагон дуруст нависта шудааст...

ҳуқуқшинос,
Аловидин чи гуфт медони??? Урусира ки ай авалш набоши намефами. Азия+ руси нашр мекунад шояд худат нафамиди ранги Аловидин ала ??

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)