Бахшҳо

Бахтиёр Сафаров: Дари хонаро муҳр задаанд, дар берун хоб меравем (АКС+ВИДЕО)

Як сокини рустои Ҳушёрии ноҳияи Варзоб мегӯяд, аз қарори додгоҳ дар баҳси манзили аз бибиаш ба ӯ меросмонда розӣ нест.

Ба гуфтаи Бахтиёр Сафаров, тағояш хонаеро, ки аз бибиаш боқӣ монда ва ӯ 16 соли охир онҷо иқомат мекунад, фурӯхтааст: “Ин хона ба модаркалонам Мусоева Норгул тааллуқ дошта, онҷо ман ва модарам зиндагӣ мекардем. Тағоям манзили истиқоматиро ба модарам туҳфа намуда буд”.

Ҷаноби Сафаров ба дафтари “Озодагон” омада, гуфт, тағояш соли 2007 ҳуҷҷатҳои аслии манзилро бо баҳонаи боғе, ки дар назди хона мебошад, ба номи худаш гузаронида, шартномаи ҳуқуқ ба меросро ғайриқонунӣ ба номи худ кардааст: “Дар пайи тақаллубкории ҳуҷҷатҳо шӯъбаи корҳои дохилӣ дар ноҳияи Варзоб нисбати тағоям парвандаи ҷиноӣ боз кард. Тағоям баъд аз ин ариза дод, ки ғалат кардааст ва дигар барои манзил баҳс нахоҳад кард, аммо бо гузашти чанд вақт тавассути додгоҳ ба даъво гузашт”.

Бахтиёр Сафаров афзуд, суди ноҳияи Варзоб онҳоро сокинони муваққатӣ унвон кард, аммо як коллегияи Суди олӣ инро эътироф накард, дар ҳоле, ки дигар ҳайати коллегия ӯро сокини муваққатӣ меҳисобанд: “Ман дар ин манзил 16 сол зиндагӣ карда, дар қайд мебошам”.

Ба иттилои ӯ, ба Прокуратураи генералӣ аз болои ҳалномаи суди ноҳияи Варзоб эътирози назоратӣ бурд, аммо Додгоҳи олӣ ҳалномаи суди ноҳияи Варзобро дастгирӣ намуд. Ин сокини ноҳияи Варзоб мегӯяд, ҳар маблағе, ки давоми ин солҳо ба даст овард, барои таъмиру азнавсозии хона сарф кард, аммо тағояш бо нархи ночизе хонаро фурӯхтааст: “Тағоям хонаро ғайриқонунӣ фурӯхт. Даъвои моро дигар на додгоҳи олӣ, на прокуратура ба назар намегиранд”.



Ба гуфтаи ӯ, дар ин хона бо чор фарзанд ва хоҳараш бо ду фарзандаш зиндагӣ мекунанд, аммо судиҷрочиёни суди ноҳияи Варзоб ва Исмоили Сомонии Душанбе нисбат ба онҳо дағалона рафтор кардаанд: “Онҳо бо намояндагони шӯъбаи корҳои дохила омада, чизу чораи моро аз хона бароварда партофтанд, тирезаҳоро шикаста, дарҳоро муҳр заданд. Мо дигар ҷойи рафтан надорем ва ҳоло ба хона надаромада, дар ҳавлӣ ҳавои сард хобем. Намедонам ин ҳолат то кай идома мекунад?”

Сафаров гуфт, дигар намедонад ба куҷо ва ба кӣ муроҷиат намояд: “Ба Президент ҳам борҳо навиштам, аммо намерасад додам. Дар ягон ҷой кор намекунам. Аз паси судбозӣ дигар маблағе ҳатто барои шаҳр омадан надорам ва аз чанд нафар низ қарздор шудам”.

Ӯ гуфт, дар ҳалли ин масъала ба адолатӣ судӣ бовар дошт, аммо ба додаш нарасиданд, дигар намедонад ба куҷо муроҷиат кунад.

Бахтиёр Сафаров: Дари хонаро муҳр задаанд, дар берун хоб меравем (АКС+ВИДЕО)

Бахтиёр Сафаров: Дари хонаро муҳр задаанд, дар берун хоб меравем (АКС+ВИДЕО)

Бахтиёр Сафаров: Дари хонаро муҳр задаанд, дар берун хоб меравем (АКС+ВИДЕО)

Бахтиёр Сафаров: Дари хонаро муҳр задаанд, дар берун хоб меравем (АКС+ВИДЕО)

Бахтиёр Сафаров: Дари хонаро муҳр задаанд, дар берун хоб меравем (АКС+ВИДЕО)

Бахтиёр Сафаров: Дари хонаро муҳр задаанд, дар берун хоб меравем (АКС+ВИДЕО)

Бахтиёр Сафаров: Дари хонаро муҳр задаанд, дар берун хоб меравем (АКС+ВИДЕО)

Бахтиёр Сафаров: Дари хонаро муҳр задаанд, дар берун хоб меравем (АКС+ВИДЕО)

Бахтиёр Сафаров: Дари хонаро муҳр задаанд, дар берун хоб меравем (АКС+ВИДЕО)

Бахтиёр Сафаров: Дари хонаро муҳр задаанд, дар берун хоб меравем (АКС+ВИДЕО)

Бахтиёр Сафаров: Дари хонаро муҳр задаанд, дар берун хоб меравем (АКС+ВИДЕО)
Мӯҳр
Сафармамад
Ба газетаи "Тоҷикистон" муроҷиат намоед, онро дар сатҳи олӣ мехонанд вамаводҳояш таъсирбахашанд

Ujas
1 jahon tashakur!!! Milisora bin yagon hujjat dori baroi siyemka .. Uruz a'lon doshtand yagon kambudi boshad ba navor gired! Imruz meguyad yagon hujjat dori!!!!

Бародар умедатро аз суди Оли кан. Ин мочаро аз сари ман низ гузаштааст. Суди оли мегуяд хамаи притензия ва аризаро ба хамон суди нохия пешниход кунед ва онхо хамаи хучатхоро хамрохи парванда ба мо мебиёранд. Агар карори суди нохияро бекор кунанд, пас судя бояд чавоб дихад. Бинобарин онхо якдигарро дастгири карда карори суди нохияро дуруст мегуянд.

Бародарам Сафаров Б. ба Чаноби Оли Асосгузори сулху вахдати миллй Пешвои миллат Мухтарам Эмомали Рахмон мурочиат намоед!Зеро Президенти мо доимо камбагалхоро дасгири менамоянд ва хакикатро руи об мебароранд.
Ноумед нашав ин шо оллох хамаш нагз мешавад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)