Президент ба 4 масъули ВКД рутбаи генералӣ дод (АКС)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 10-уми ноябр дар иди касбии кормандони милиса ба 4 масъули Вазорати умури дохилӣ унвони генерал-майор додааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон бо фармонҳои Эмомалӣ Раҳмон бо рутбаҳои махсуси навбатии Генерал - майори милитсия Назарзода Қудратулло Бобо, сардори раёсати кофтукоби ҷиноӣ, Шарифзода Файзулло Раҳмоналӣ, сардори Академияи ВКД, Қунғуротзода Фотеҳ, сардори раёсати умури дохилии Душанбе ва Мирализода Рустам Азиз намояндаи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маркази минтақавии иттилоотӣ-ҳамоҳангсозии Осиёи Марказӣ, сарфароз гардиданд.
Манбаъ мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо кормандони Вазорати корҳои дохилӣ онҳоро ба хизмати содиқона бар нафъи давлату миллат ва таъмини амният даъват намуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |