Мақомоти тоҷик: Таҳдиде ба амнияти шаҳрвандон нест
Мақомоти тоҷик мегӯянд, вазъи амниятӣ таҳти назорат аст ва таҳдиде ба амнияти шаҳрвандону сайёҳон вуҷуд надорад.
Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон имрӯз, 10-уми ноябр дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, амнияти шаҳрвандони дохилию хориҷӣ дар кишвар таҳти назорат аст ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамеша дар ҳолати омодабош қарор доранд.
Масъулини мақомоти қудратӣ мегӯянд, ҷониби Амрико дар мавриди хатарҳою ҳамлаҳои эҳтимолии террористӣ ба мақомоти Тоҷикистон иттилое надодааст. Аз Раёсати марзбонии Тоҷикистон низ ба “Озодагон” иттилоъ доданд, ки вазъ дар марз феълан ором буда, таҳти назорати ҷиддӣ қарор дорад.
Ин дар ҳолест, ки сафорати Амрико дар Душанбе аз эҳтимоли ҳадаф қарор гирифтани ҷамъи бузурги мардум ва ё гузаргоҳҳои марзӣ бо Афғонистон аз сӯи гуруҳҳои террористӣ ҳушдор додааст.
Ин ниҳод бо нашри як пайём дар сайти расмиаш ба шаҳрвандони Амрикои муқими Тоҷикистон тавсия додааст, аз ҷамъияти бузурги одамон ва истифода аз нақлиёти умум то ҳадди мумкин дурӣ ҷӯянд. Дар паём ҳамчунин гуфта мешавад: “Ҳангоми сафар ба Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон дар мавзеъҳои марз бо Афғонистон ҳангоми торикӣ, хусусан дар ҷойҳои серҷамъият хайма назананд ва дучархасаворӣ накунанд”.
Ба иттилои Сафорати ИМА дар Душанбе, ба иттилои дарёфтии онҳо гуруҳҳои террористӣ талош доранд, ҳамоишҳои умумиро ҳадаф қарор бидиҳанд ва ё марзи давлатӣ бо Афғонистонро убур намоянд.
Сафорат шумораи телефонашро ҳам нашр карда ва гуфтааст, дар ҳолатҳои изтирорӣ шаҳрвандони Амрико тамос бигиранд. Манбаъ мегӯяд, сафорат имрӯз, 10 ноябр фаъолият намуда, 11 ноябр ба муносибати Рӯзи собиқадорҳо истироҳат мекунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |