Бахшҳо

Э.Раҳмон қонунҳо дар бораи Пешво ва Президентро имзо кард

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 14 ноябр қонунҳо «Дар бораи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат» ва «Дар бораи таъминоти иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва муҳофизати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба имзо расондааст.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, мувофиқи тағйиру иловаҳое, ки 22 майи соли 2016 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шуданд, вазъи ҳуқуқӣ, салоҳият ва дигар самтҳои фаъолияти Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллатро қонунҳои конститутсионӣ муайян мекунанд: “Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат» бо назардошти иродаи мардуми шарифи Тоҷикистон ва бо мақсади тақвияти асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, истиқлолияти давлатӣ ва тамомияти арзӣ, якпорчагии Ватан, пойдориву бардавомии давлати Тоҷикистон, таҳкими демократия, таъмини рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ҳифзи арзишҳои таърихии давлатдории миллӣ, фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои ҳар як инсон таҳия ва қабул карда шудааст”.

Ба иттилои манбаъ қонуни мазкур аз муқаддима ва 19 модда иборат буда, вазъи сиёсиву ҳуқуқӣ, салоҳият, дахлнопазирӣ, бунёди осорхона, бойгонӣ, китобхона, амният ва кафолатҳои иҷтимоию иқтисодии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллатро муқаррар мекунад: “Аз ҷумла мувофиқи моддаи 4 ин Қонуни конститутсионӣ ба хотири арҷгузори ба хизматҳои содиқонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат дар назди Ватан таъсиси ордени «Пешвои миллат–Эмомалӣ Раҳмон» ва ҷоизаи давлатии «Пешвои миллат–Эмомалӣ Раҳмон» пешбинӣ гардидааст, ки бо онҳо шаҳрвандон барои хизматҳои шоён дар фаъолияти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, ҳиссаи арзандаашон дар рушди демократия, таҳкими сулҳу суботи ҷомеа ва дӯстии байни халқҳо аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида мешаванд”.

Ҳамчунин мувофиқи моддаи 13 Қонуни мазкур осорхона, бойгонӣ ва китобхонаи Асосгузори суҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат таъсис дода мешаванд, ки онҳо сарвати миллӣ ва моликияти давлатӣ ба ҳисоб мераванд: “Инчунин Қонуни мазкур паҳлӯҳои дигари ҳаёт ва фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллатро танзим менамояд. Қабули чунин як Қонун изҳори воқеият, арзи садоқату эҳтиром, қадршиносӣ ва подоши барҳақ ба хизматҳои шоистаи Сарвари давлат аст”.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мавриди Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъминоти иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва муҳофизати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» иттилоъ додааст, ки он бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати босамар амалӣ намудани салоҳиятҳои Конститутсионии худ қабул гардида, муносибатҳоро вобаста ба кафолатҳои иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва таъмини амнияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд: “Қонунҳои қабулгардида дар маҷмӯъ ба таъмини Истиқлолияти давлатӣ, пойдории сулҳу ваҳдат, ҳифзи инсон ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои ӯ, ҳимояи манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо, мубориза бо ҷинояткорӣ ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, рушди фаъолияти иқтисодиву иҷтимоӣ ва пешрафту инкишофи соҳаҳои мухталифи ҳаёти кишвар равона карда шудаанд”.

Инчунин раисиҷумҳури Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ба Кодекси оила, Кодекси ҷиноятӣ ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмуриро ба имзо расондааст, ки бар асоси он барои таҳқиру туҳмат дар ҳаққи Пешвои Миллат ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст.
Мӯҳр
Пешвои миллат дар хаки мардум ва Ватани худ хизматхои бузург кардааст. Албата ин анчоми кори у нест. Точикистонро ба давлати рушдкарда расонидан кушиш карда истодааст, ки ба ин кудрату тавонои дорад. Кудрату тавоноии у дар муттахидии мардуми точик дида мешавад. Точикон мардуми кадрдон хастанд ва ПЕШВО-и худро хамчун гавхараки чашм аз бадбахтихо нигох медоранд, новобаста аз КОНУН-хои кабулшуда....

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)