Боздошти чор нафар бо иттиҳоми куштори сокини Душанбе
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз дастгир шудани гумонбарон дар куштори як сокини 38-солаи пойтахт хабар медиҳад.
Ҷасади ин мард тахминан соати 11:30-и 13 ноябр бо аломатҳои марги маҷбурӣ аз дохили канали обгузари ҳудуди ҷамоати деҳоти Дурбади ноҳияи Ҳисор пайдо шуда буд: “Ҳамчунин дар километри 12-уми канори шоҳроҳи “Душанбе-Турсунзода”, автомашинаи шахсии марҳум тамғаи “Опел-Зефира” дарёфт карда шуд”.
Манбаъ мегӯяд, боздошти гумонбарон рӯзи 14 ноябр сурат гирифтааст. Ба иттилои ВКД се нафари онҳо сокини ноҳияи Рӯдакӣ буда, мутаносибан 46, 47 ва 51 сол доранд. Як тани дигар, ки 61-сола мебошад, сокини шаҳри Душанбе будааст: “Айни замон гумонбаршудагон дар ҳабси пешакӣ қарор дода, корҳои тафтишотӣ дар ин самт идома дорад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |