Бахшҳо

Ҷӯраева: Бегонагию ноумедӣ муҳоҷиронро дар Русия туъмаи “ДИИШ” мекунад

Гавҳар Ҷӯраева, раҳбари бунёди “Муҳоҷират ва қонун” мегӯяд, фиребкории корфармоён, ноумедӣ ва нақзи ҳуқуқҳои инсонии муҳоҷирон дар Русия онҳоро ба оғуши созмони террористии “Давлати исломӣ” тела медиҳад.

Ҷӯраева дар суҳбат бо “Спутник” гуфтааст, фиребкории корфармоён ва алами муҳоҷирон аз ин вазъ қадами нахустин дар роҳест, ки сӯи “ДИИШ” мебарад: ”Вақте муҳоҷир ба умеди таъмини рӯзгору ба даст овардани маблағ меояду корфармо баъди чанд моҳ ё ҳатто ҳафта ҳаққи меҳнаташро намедиҳад, ӯ меранҷад. Ҳуқуқҳояш нақзу мақсаду ниятҳояш барбод мераванд. Он гоҳ ба хотираш мерасад, ки ӯ дар ин мулк бегона аст ва дунболи роҳҳои дигари қаноатманд кардани арзиши ботинии инсонӣ ва ниёзмандиҳои молияш мешавад. Мутаассифона ҳар дуи инро миссионерҳои сершумори “ДИИШ” пешниҳод мекунанд”.

Раҳбари бунёди “Муҳоҷират ва қонун” мегӯяд, одатан муҳоҷирон ба далели идея ё пул ба “ДИИШ” мепайванданд: “Вақте музди муҳоҷирро намедиҳанд, умедаш барои таъмини рӯзгору хонаводааш, бозгашт ба Ватан ва ифтитоҳи тиҷорати худ барбод меравад. Ин вазъ муҳоҷиронро туъмаи мубаллиғони “ДИИШ” мекунад”.

Тибқи иттилои мақомоти тоҷик дар Сурияю Ироқ, дар сафи созмони террористии “Давлати исломӣ” беш аз 1000 шаҳрванди Тоҷикистон меҷанганд, ки аксари онҳо дар Русия ба ин созмон пайвастаанд. Теъдоди умумии муҳоҷирони тоҷик дар Русия ҳудуди як миллион нафар арзёбӣ мешавад.
Мӯҳр
Офарин ба Гавҳар Ҷӯраева! Ин шахс дар хакикат ба мардум ва миллати точик хизмат мекунад!

мехмон
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)