Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 20 феврал 2018, 12:37

А.Шафиев: Пан Гӣ Мун гуфт, аз нақзи ҳуқуқи муҳоҷирон ва таъқибу таҳдид ба зиндагии онҳо хеле нигаронем

15 ноябр 2016, 15:05

Абдуфаттоҳ Шафиев, журналисти тоҷик, ки феълан дар Амрико қарор дорад ахиран бо Пан Гӣ Мун, дабири кулли Созмони миллали муттаҳид дидору гуфтугӯ дошт. Хабарнигори “Озодагон” дар як суҳбати кутоҳи катбӣ нахуст аз ҷаноби Шафиев пурсид, ки ин мулоқот чӣ гуна имконпазир шуд?


Абдуфаттоҳ Шафиев: Дар чаҳорчӯби барномае, ки дар Созмони милали мутаҳид қарор доштам, имкон буд зуд-зуд дабири кулро дар чорабиниҳои гуногун бибинам. Ду дидору суҳбати рӯбарӯи вижа ҳам ҷузъи барнома буд.

“Озодагон”: Бо ӯ дар чӣ мавзӯъҳо суҳбат доштед?

Абдуфаттоҳ Шафиев:
Тағйири иқлим, баёнияҳои Доналд Трамп доир ба мавзӯъҳои марбут ба СММ аз барномаи ҳастии Эрон, муҳоҷирон, мудирияти об ва муҳиммияти об дар Осиёи Марказӣ дар меҳвари суҳбатҳои мо буданд.

“Озодагон”: Мегӯед тағйири иқлим ҳам дар меҳвари суҳбати шумо бо Пан Гӣ Мун будааст, ки СММ болои ин мавзӯъ зиёд исрор меварзад. Аммо, Трапм дар яке аз суханрониҳояш тағйири иқлимро “як шӯхии фиребомез” гуфта буд. Оё хушбин аст, ки Трапм дар 4 соли оянда ин мавзӯъро ба чолиш намекашад?

Абдуфаттоҳ Шафиев:
Вақте доир ба баёнияҳои Трамп марбут ба корҳои СММ ҳарф мезад, аз ҷумла ин ки Трамп гуфта буд, созишномаи ҳастии Эронро бозбинӣ мекунад ва ё тағйири иқлим дурӯғ аст, дабири кулл гуфт, мутмаин аст, ки маъмурияти нави Амрико ба мисли ҳама маъмуриятҳои қаблӣ ҳама созишномаҳои СММ-ро арҷ мегузорад. Дар мавриди тағйири иқлим ва ҳарфҳои Трамп аз ҷумла бо Питер Томсон, президенти маҷмаъи умумии СММ ҳам суҳбат доштам. Мегуфт, барои он ки тағйири иқлимро бубинӣ, ҳатмӣ нест, ки ба ҳарфи касе гӯш бидиҳӣ. Маконҳое ҳастанд, ки аллакай мардум бо чашми худ оқибатҳои тағйири иқлимро мебинанд ва онҳо ниёз ба гӯш кардани ҳарфҳои дигарон надоранд. Чун мебинанд, худашон тасмим мегиранд, ки чи кор бояд кунанд.

“Озодагон”: Трамп мухолифати худро дар корзори интихоботиаш бо тавофуқномаи барномаи ҳастаии Эрон ба таври рӯшан изҳор медошт ва пас аз баранда шуданаш нармтар аз қабл гуфта буд, ки онро “бозбинӣ” хоҳад кард. Пан Гӣ Мун аз ин нигарон нест?

Абдуфаттоҳ Шафиев:
Пан Гӣ Мун дар мавриди барномаи Эрон чунин гуфт: “Ин коре буд, ки бо ризоияти 5 узви Шӯрои Амният анҷом шуд ва аз сӯи Олмон ҳам дастгирӣ ёфт. Амрико дар миёни аъзо нақши муҳим дошт ва СММ пуштибони қотеъи ин созишнома ҳаст. Албатта ин тавофуқнома шояд як тавофуқномаи беайб набошад, аммо мо дар ҷаҳони комил зиндагӣ намекунем. Агар чизҳое дар миён бошанд, ки раисҷумҳури тозаинтихобро қаноат накунанд, ӯ бояд бо тарафҳои нигарон суҳбат дошта бошад. Чизи муҳим ин аст, ки тавофуқномаи мазкур бар бунёди вафодорӣ иҷро шавад. Ҳарчизе ки ӯ ба ҳайси як сиёсатмадор дар корзори интихоботиаш гуфт, ман боварӣ дорам, ки замони омадан ба Кохи Сафед ба тавофуқномаи Эрон муттааҳид мемонад. Аз замони падид омадани СММ мо шоҳиди тағйир дар маъмурияти Амрико аз ҳизби демократ ба ҷумҳурихоҳон будем. Аммо ҳамаи онҳо тавофуқномаҳоро қадр мекарданд”.

“Озодагон”: Дар мавриди муҳоҷирон чӣ гуфт?

А.Шафиев: Пан Гӣ Мун гуфт, аз нақзи ҳуқуқи муҳоҷирон ва таъқибу таҳдид ба зиндагии онҳо хеле нигаронемАбдуфаттоҳ Шафиев:
Ӯ таъкид намуд, ки Антониу Гутерреш, дабири нави СММ дар гузашта 10 сол ба ҳайси маъмури комисари умури муҳоҷирон кор карда буд. Ба ин далел аз таҷрибаи бой бархурдор аст ва сарсупардатарин одам дар мавриди муҳоҷирон мебошад. Мо ҳоло 65 миллион муҳоҷир ва паноҳанда дорем. Ин болотарин рақам пас аз Ҷанги ҷаҳонии дуюм мебошад. Пан Гӣ Мун афзуд, бидуни он ки ба ҷузъиёти масъала бипардозам мо аз нақзи ҳуқуқи муҳоҷирон, мавриди табъиз қарор гирифтан, таъқиб ва таҳидид ба зиндагии онҳо дар кишварҳояшон хеле нигаронем. Халосӣ аз табъиз, бегонатарсӣ ва бадрафторӣ усули асосии ҳуқуқи инсон мебошанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Қарақул

  • 15 ноябр 2016 16:25
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Як девона дар деҳаи мо буд. Зимистон, ки мешуд, дарвозаҳои мардумро тақ-тақ зада дод мегуфт:
- Ака, дар хонаатон шафтолуи тар надоред.
Аз роҳи дур саргардон шуда амрико рафтан, ҳамин одами бевазифаро дидану вақта беҳуда гузаронидана дар порлумони Тоҷикистон бо Абдуҳалим Ғаффоров мусоҳиба мекарди, мардум аз чизи "нав" огоҳ мешуд, хуб набуд...

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!