Бахшҳо
16 ноя 2016 10:21Тоҷикистон / Сиёсат

Зуҳуров дар бораи Рӯзи Президент: Ин ҷашн зодаи дигаргуниҳои мусбат аст

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Рӯзи Президентро, ки имсол бори аввал дар кишвар таҷлил мешавад, саодату сипос ва эҳтироми мардум ба Президенти худ унвон кард.

Ӯ аснои суханронӣ дар ҷаласаи палатаи поёнии парлумон гуфт, маҳз бо шарофати Президент ваҳдати миллӣ ба пирӯзии комил расидааст. Зуҳуров ин ҷашнро зодаи дигаргуниҳои мусбат хонда изҳор дошт, он рамзи ягонагии Президент ва миллат дар роҳи шукуфоии ҷомеа мебошад: “Пешвои миллат ва дигар мардуми Тоҷикистонро ба ин рӯз табрик намуда, барояшон саломатӣ ва иқболу барор мехоҳам”.

Раиси Маҷлиси намояндагон мегӯяд, дар чандин кишвари дунё, монанди Амрико, Канада ва Қазоқистон аз Рӯзи Президент ҷашн гирифта мешавад.

Таҷлили Рӯзи Президент пешниҳоди Ҳукумати Тоҷикистон буда, моҳи апрели соли равон аз ҷониби Маҷлиси намояндагон қабул гардид. Мавлуда Қаландарзода, вакили Маҷлиси намояндагон зимни муаррифии ин тағйирот ба қонун “Дар бораи рӯзҳои ид” гуфта буд, эълони Рӯзи Президент ба ҳеч ваҷҳ маънои шахспарастиро надошта, танҳо қадрдонӣ аз хизматҳо ва корнамоиҳои Эмомалӣ Раҳмон аст. Ба гуфтаи ӯ, 16 ноябр рӯзи истироҳат набуда, монанди идҳои касбии кормандони соҳаҳои дигар таҷлил хоҳад шуд.
Мӯҳр
Чашни Рузи Президент муборак ба хамватанони гироми! Дар ин руз бояд ПРЕЗИДЕНТ-е, ки барои миллату Ватани худ хизмат ва корнамоихои бузург кардааст, кадрдони шавад. Ба хама айён аст, ки ПЕШВО-и миллат хамчун ПРЕЗИДЕНТИ ТОЧИКИСТОН ба мардуми кишвар хизматхои бузургро ба анчом расонидааст ва бовари дорем дар оянда низ ин хизматхояшро идома медихад. Худованд Э.Рахмонро барои сарчамъ ва сарвари кардани точикон офаридааст. Шукри АЛЛОХ, ки ба мо точикон САРВАР-и окилу доно Э.Рахмонро хадя кардааст. Фахри мо точикон аст, ки зери сарварии у кору зиндаги мекунем....

16 НОЯБР- РУЗИ ПРЕЗИДЕНТ
Рузи Президент ба мову Шумо муборак бод! Ин аввалин сол аст, ки мардуми шарифи Точикистон рузи Пешвои худро тачлил мекунанд. Хизматхои Пешвои муаззами мо вокеан арзандаи тахсин аст. Фарохам сохтани шароити неки рузгор барои мардуми кишвар, бузургтарин ташаббуси Чаноби Оли буда, дастовардии оли унвон мешавад. Хадафхои нихоии ин марди таърихи Точикистонро метавонад дар ояндаи наздик ба нусхаи вокеии бихишт таблид созад. Хизматхои УРО Владимир Путин, раиси чумхури Русия, кадр карда чунин мегуяд: "Ахли дунё бояд аз Эмомали Рахмон, Президенти Точикистон, дарси сулх омузанд, зеро у дар фурсати кутох тавонист, оташи чанги шахрвандиро дар кишвари худ хомуш созад" . Ин рузи таърихи бори дигар муборак! Офаридгор Пешвои миллати моро дар панохи рахмати худ хифз кунад.

Сад сола шавед Пешвои миллати мо ва доимо рохбару сарвари мо бошед!!!!!

Солех
Аз барои Худо хамин Чаноби Олй намешуд, Точикистона дар сад соли дигар намешинохтанд. Рузи Президент барои дустон муборак!!!

Абдулфайз
Як самарқандӣ нақл кард, ки ҳудуди бист сол пеш ҳанӯз Эмомалӣ Раҳмон тоза Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб шуда буд. Дар Самарқанд як конгресси байналмиллалӣ оиди мероси фарҳангии дунёи шарқ баргузор гардид. Дар он ҳамаи роҳбарони кишварҳои бузурги дунё иштирок доштанд. Президенти Амрико ҳангоми сухан гирифтан гуфт: агар иҷозат диҳед ба забони байналмиллалӣ -англисӣ гап занам ва сухан кард. Президенти вақти Руссия Борис Елсин дар навбати суханрони инҷо СНГ мебошад, иҷозат диҳед руси ҳарф занам гуфта, навбаташро гузаронид. Раҳмати Ислом Каримов ҳам шӯхиомезона гуфт: инҷо Узбекистон аст, ман узбеки гап мезанам.
Навбат ба роҳбари ҷавони Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки паҳлӯӣ ин мӯӣсафедҳо менишаст дода шуд. Ҳама ҳайрон буд, ки дар радифи суханони ин сиёсатмадорони ботаҷрибаи ҷаҳон чи сухане мегуяд:
Ин ҷавони зебо ба минбар ва аҳли толор меҳрубонона нигариста шӯхиомезона гуфт: иҷозат диҳед ё надиҳед инҷо Самарқанд аст -ман ба забони самарқандиён, забони тоҷикӣ сухан мекунам.
Толорро мавҷи кафкӯбии бардавом фаро гирифт.
Ислом-ака ҳам, ба мардум ҳамроҳ шуд...
Ин нақлро ҳанӯз бист сол қабл аз марде шунидам, ки шаҳрванди Тоҷикистон набуд вале чун тоҷик аз Президенти мо ифтихор дошт....

Чаро барои пешво тамоми конуну исозатхову шарту шароит ва имконотро мухайё месозанд чашну маросимхо меороянд вале ба ёди касе намехурад 1,5-2 миллион мухочир????оё арзандаи камтарин ёдовари нестанд ин мухочироне,ки шумо шахсан маъошу дороиятон хама аз захмати хамин мухочирон аст.
Шарм кунед эй хушомадзанон.

Чаноби Шукурчон Зухуров, ба фиктратон розиву, якборак фикри мухочирини хору зори миллати точикро-хам дар хамон палатаи поёнитонай ёки палатаи бологитон мекардед, гуфти мардум девонаааш мешид)))

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)