Бахшҳо

Кадом Президент маоши аз ҳама баланд мегирад?

Нашрияи фаронсавии “Les Echos” ва ширкати омори “Statista” феҳристи раисҷумҳур ва мақомҳои баландпояи давлатҳоеро нашр кардаанд, ки соли 2016 ҳақмузди аз ҳама зиёдро гирифтаанд.

Дар садри ин раддабандӣ Барак Обама қарор дорад. Маоши солонаи раисҷумҳури Амрико 400 ҳазор доллар ҳисоб шудааст. Ҷастин Трудо, ки 19 октябри соли гузашта нахуствазири Канада интихоб шуд, бо маоши 260 ҳазор доллар барои як сол дар зинаи дуввуми ин рейтинг нишастааст.

Ангела Меркел,
ки аз соли 2005 садри аъзами Олмон мебошад, бо ҳақмузди 234 ҳазор доллар дар як сол саввумин сиёсатмадори баландмаош дониста шудааст. “Les Echos”, Ҷейкоб Зума, раисҷумҳури Африқои Ҷанубиро дар ҷойи 4-уми феҳристаш қарор додааст. Ӯ солона 223 ҳазор доллар маош мегирифтааст. Тереза Мей, ки баъд аз Маргарет Тэтчер дуввумин зан ба дафтари нахуствазирии Бритониё расид, бо маоши 215 ҳазор доллар раддаи панҷумро муаррифӣ мекунад. Ба ҳисоби “Les Echos”, Синдзо Абе, нахуствазири Ҷопон солона 203 ҳазор доллар маош мегирад. Ҷойи 7-уми раддабандиро Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия бо 197 ҳазор доллар ба худ ихтисос додааст. Франсуа Олланд, раисҷумҳури Фаронса (194 ҳазор доллар) дар ҷойи 8, Владимир Путин, раисҷумҳури Русия (136 ҳазор доллар) дар зинаи 9 ва Маттео Рентсӣ, нахуствазири Итолиё (125 ҳазор доллар) дар мақоми 10 қарор доранд.
Мӯҳр
у
Чаро дар Точикистон хачми маоши президент махфи аст?

Барои он ки аз Обама хам маоши бисёртар мегирад

салом лутфан барӯз бошед!!! Барак Обама дигар раисҷумҳур нест!!!

у,
Президенти мо хамаи хастиашро милат бахшидааст.
Ба президенти мо маош хам лозим нест. Чунки давлат хаматарафа таъминаш мекунад. Аз хисоби фонди худаш мактабу, беморхонхо месозад ва ба мардум кумак мекунад ва барои хондани чавонон аз нохияхои дурдаст квота чудо мекунад.

Т
Маош чи лозим хамааш да дасти худашон хаст

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)