1 май дар Тоҷикистон дигар рӯзи истироҳат нест
Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи рӯзҳои ид” истироҳат будани якуми майро лағв карданд.
Якуми май аз замони Шӯравӣ ба унвони Рӯзи якдилии меҳнаткашон таҷлил мешуд ва баъди Истиқлол ҳам ин сана барои сокинони Тоҷикистон истироҳат буд. Шукурҷон Зуҳуров, раиси палатаи поёнии парлумон гуфт, якуми май ҳамчун рӯзи ид боқӣ хоҳад монд, аммо бидуни истироҳат.
Вакилони парлумон ҳамчунин ризоият доданд, ки 10 январ ҳамчун Рӯзи кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ҷашн гирифта шавад. Ин сана ҳам истироҳат надорад ва чун иди касбии кормандони ин оҷонсӣ таҷлил мешавад.
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон 10 январи соли 2007 бо фармони Президент таъсис ёфтааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |