“Пасоҳақиқат” калимаи сол шуд
Вожаномаи “Оксфорд” калимаи “пасоҳақиқат” (Post-truth)-ро вожаи сол эълон кардааст.
Баррасиҳои ин вожанома нишон додаанд, ки дар як соли гузашта, истифода аз ин сифат қариб ба 2 ҳазор дарсад афзоиш доштааст. “Оксфорд” аз “пасоҳақиқат” чунин таъриф кардааст: “Шароите ки дар он воқеиятҳои айнӣ камтар аз ҷозибаҳои эҳсосӣ ва боварҳои шахсӣ дар шакл додани афкори умумӣ таъсир доранд”.
Каспер Грэтвол, раиси “Вожаномаи Оксфорд” гуфтааст бо хезиши шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҳайси манбаи ахбор ва рушди беэътимодӣ ба воқеъитяҳои ироашуда аз сӯи нухбагони ҳоким “пасоҳақиқат” ба унвони як мафҳум ҷойи пойяшро дар забон пайдо кардааст. Ба гуфтаи ӯ, вожаи “пасоҳақиқат”, ки беш аз ду даҳа корбурд доштааст, ҳангоми ҳамапурсии Бритониё дар мавриди хуруҷ аз Иттиҳодияи Аврупо ва интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико бештар истифода шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |