Боздошти корманди тақаллубии нозироти андоз
Кормандони пулис дар вилояти Суғд як ҷавони 24-соларо дастгир кардаанд, ки худро корманди нозироти андози ноҳияи Ҷаббор Расулов муаррифӣ намуда, аз сокинон пул меситонидааст.
Раёсати умури дохилии вилояти Суғд аз боздоштшуда Руслан Абдуқодиров ном бурда, таъкид кардааст, танҳо дар се рӯзи баъди боздошти ӯ 7 далели қаллобиҳояш ба пуррагӣ исбот шудаанд: "Нисбати шаш далели дигар санҷишҳо идома доранд". Телевизиони "СМ-1" дар як гузориш мегӯяд, Абдуқодиров хатмкардаи бахши андоз ва андозбандии яке аз донишгоҳҳои олии шимолии Тоҷикистон буда, бо шаҳодатномаи қалбакӣ аз сокинону ронандаҳо "бо баҳонаи ба ҷавобгарӣ кашидан оиди напардохтани андоз" маблағҳои калони пулӣ меситонидааст.
Акс аз торнамои "СМ-1"
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |