Бахшҳо
17 ноя 2016 09:58Тоҷикистон / Акс / Тема дня

АКС: Гирди ҳам омадани ҳудуди 100 ҷавони тоҷик дар Амрико ба хотири изҳори таслият ба Абдураҳим

Барои нахустин бор дар Амрико тақрибан 100 тоҷики муқими ин кишвар гирди ҳам ҷамъ омаданд, то барои бародари марҳуми яке аз ҳамсафонашон дасти дуо бардоранд.

Далели ба ҳам омадани ин шаҳрвандони муқими Ню-Йорк дар рӯзи чоршанбеи 15 ноябр изҳори таслият ба рӯзноманигори маъруф Абдураҳими Умариён буд, ки ду соли ахир дар Амрико зиндагӣ мекунад. Дӯстони Абдураҳим ба “Озодагон” гуфтанд, оши хайри бародари 40-солаи Абдураҳим -- Баҳодур дар яке аз масҷидҳои Бруклин ташкил шуда, дар он ҷавонони тоҷик, гуруҳи рӯзноманигорони тоҷики муқими Ню-Йорк, сарояндаи маъруф Фурқат Саид ва дӯстони мисриву урдунӣ, амрикоӣ ва амриколотинии Абдураҳим иштирок доштанд.

Баҳодур, ки чанд соли ахир аз дардҳои гуногуни аъзои даруниаш ранҷ мебурд дар 40-солагӣ даргузашт. “Абдураҳим, ки ин ҳама солҳо муроқиби молии бародарашу аҳли хонадони ӯ буд, тасмим гирифт, қарзи бародарии худро дар ғурбат ҳам ба ҷо биорад, то дӯстонаш тавонанд дар ҳаққи Баҳодур дастаҷамъӣ дуо бикунанд”,-изҳор дошт яке аз иштирокдорон.

Абдулфаттоҳ Шафиев, рӯзноманигори тоҷик, ки имрӯзҳо дар дафтари марказии СММ дар Ню-Йорк қарор дорад, гуфт: “Бар иловаи поси анъанаи диниву мазҳабии мардуми тоҷик, ин маърака барои тоҷикони Ню-Йорк аз он лиҳоз муҳим буд, ки дар мусофират риштаи дӯстии худро гум накунанд, муҳим будани пос доштани анъанаҳои миллиро дарк намоянд, ва бо дӯстони нав шинос шаванд. Хабари даргузашти бародараш барои Абдураҳим хеле гарон буд, аммо ҳеч сонияе ин ҷо ӯро дӯстонаш танҳо нагузоштанд – на шаб ва на рӯз, то ин дардро ба танҳоӣ накашад. Дӯстонаш дар гаронтарин шаҳри дунё, ки ҳама аз пайи дарёфти рӯзиянд, ҳам кори худро барои чанд рӯз канор гузоштанд, то дар канори дӯсташ бошанд. Абдураҳим низ қабл аз он ки дубора ба кор барояд, тасмим гирифт, то бо ин маърака, ки миёни тоҷикони Амрико шояд назирашро қаблан надошт, хотири бародарашро пос бидорад”.

Ба гуфтаи ӯ, бар иловаи бачаҳои мусалмон, дӯстони яҳудиву насорои Абдураҳим низ аз миллатҳои дигар дар маърака иштирок карданд. Сипиро ном меҳмони амрикоӣ гуфт: “Бароям хеле ҷолиб аст, ки ҷавонҳои тоҷик сарфи назар аз синни ҷавонашон ва ин ки ин ҷо ҷудо аз хонаводаашон ба сар мебаранд, бо ҳам чунин меҳру муҳаббат ва иттиҳод доранд”.

Ҷамъомад бо тиловати ояҳои карима ва дуо барои ҳама гузаштагон анҷом ёфт.

АКС: Гирди ҳам омадани ҳудуди 100 ҷавони тоҷик дар Амрико ба хотири изҳори таслият ба Абдураҳим

АКС: Гирди ҳам омадани ҳудуди 100 ҷавони тоҷик дар Амрико ба хотири изҳори таслият ба Абдураҳим

АКС: Гирди ҳам омадани ҳудуди 100 ҷавони тоҷик дар Амрико ба хотири изҳори таслият ба Абдураҳим

АКС: Гирди ҳам омадани ҳудуди 100 ҷавони тоҷик дар Амрико ба хотири изҳори таслият ба Абдураҳим

АКС: Гирди ҳам омадани ҳудуди 100 ҷавони тоҷик дар Амрико ба хотири изҳори таслият ба Абдураҳим
Мӯҳр
Ин масчид ё сафоратхонаи Туркиё бошад? Дар расм парчами Амрикову Туркиё ва расми отатурк.

Файзалӣ
Ҳамдарди кардан дар рӯзи мусибати як инсон ба фикрам беҳтарин хислати одамист. Як рӯз як ё ду соат ба аёдати он мусибатзада меравӣ, агар дар ҳамин фурсат пеши роҳи нафсат- меъдаатро гирифта тавони ба фикрам-ин намунаи беҳтарини инсонист. Дар як оши худоии ҷавони бистсолае гурӯҳе табақашор дароз карда, тарафи мурдадор ака, "дабафка" биёр гуфта- дод мегуфтанд. Ё ин ки ҳамон рӯзи ҷаноза як гурӯҳи ба "ҳамдардӣ" омадагӣ дар хонаҳои ҳамсояҳои мурдадор гирди дастархони пурнозу неъмат давра зада "кай, ки мурдаро хезоданд- моро хабар кунед,- гӯён каҷпаҳлӯ мезананд. О, бародар мардакро, ки миннатдор карда, дар мусибаташ омади, ду соат паҳлӯяш рост ист,- то дардашро каме бошад, ҳам таскин бахши. Ана, дар ҳамин маърака ҳам ба назар мерасад, ки ёдбуду азодарӣ неё ошхӯри омадаанд..
Агар фикрҳоям нодуруст бошанд, хонандагони мӯҳтарам узр мехоҳам...

Sheroi nar nishon dodan ki agarchi dar Amrikohand va dar tarabhonai Turkhoyand vale Tojikand va noni az baroi HAQ dodestiyan. Harkiro nest himate ki non bidihad yak banday. Ka-z duri sang mezanad bar sari nondihandae

Salom in avvalin bor nest ki chunin oshi Xudoi dar Amriko baroi guzashtagon doda shudaast. Har fard ba xotiri guzashtshoni xud dar Amriko oshi Xudoi medihad. To Joe man medonam karib dar 10 maraka ishtirok namudaam. Baze nafaron hatto ruzi jumagiro to 1 sol guzaronidand. Onho har shabi panjshanbe xurok puxta ba mardumi kambizoat yo dar berun dar xunuki kormekardagiho meburdand . Metavonam chand nomro injo navis am , ammo medonam Ki in boisi ozurdagii onho meshavad. Chun in odamho xudnamoiro dust namegorand va guzashta az in Xudoi kardan ba nomi Xudost va onro afisha kardan nodurust ast, chun savob nest. Xair Xudoi Sadaka Ro boyad agar dasti rostat kunad dasti chapat nabinad. Shoyad in suxanhoro namenavisham, ammo Tanho ba xotiri faktu rakam ki guyo in baroi avvalin bor dar Amriko budaast , majbur shudam navis am . Ziyoda az 10 sol dar Amtiko zindagi mekunam , bovar kuned karib har yak tojiki Muhojir, ki Yagon odami nazdi kadaro az dast dodaast chunin marakahoro guzaronidaast.Илхом,

Тавба кунеде Мардакен ранги занако Гайбат кадестен , бо бади комент монданам бо гайбати мара мекунен бад малум мешадки точна ????? Хастен [

Мехрдод
Албатта ба арвохи касе нон додан савоб аст. Ин расм як чизи мукуррари аст ва онро таблиг кардан чандон зарур нест. Хуб мешуд агар точикони Амрико на факат дар оши нахор балки дар махфилхои фарханги, илми ва фани гирди хам меомаданд ва донишу малакаи худро баланд бардошта барои пешрафти миллат ва михани худ хизмат мекарданд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)